7 Октябр 2026,
чоршанбе, 18:07, Душанбе
30.09.2026 15:45

Манзаралӣ Шералӣ: “Филми хуб ҳам худаш тамошобинро пайдо намекунад”

Аз 22-юми октябр дар кинотеатрҳои кишвар филми «Хуршеду Моҳ» ба намоиш гузошта мешавад. Филми «Хуршеду Моҳ»-ро студияи ZARDIL Cinema рӯйи навор оварда, дар бораи ишқи нокоми

Хуршед ва Моҳ қисса мекунад.  Dialog.tj бо коргардон ва муаллифи филмномаи «Хуршеду Моҳ» Манзаралӣ Шералӣ суҳбат кард, ки фишурдаи онро пешкаши хонандагон мекунем.


ЧАРО ХУРШЕДУ МОҲ БО ҲАМ НАМЕРАСАНД?

- Тавре гуфтаед, дар филми “Хуршеду Моҳ” муҳаббати Хуршед ва Моҳ муддате аз паси шишаҳо бо паёмҳо дар шишаи мошин ва тиреза идома мекунад. Чаро робитаи ду дилдодаро маҳз тавассути шиша баён кардед?

- Аслан, идеяи филм аз ҳамин навиштани паёмҳо рӯйи шишаҳо пайдо шуд. Ин ҷузъи асосии филм аст ва маҳз ҳамин қисмати сенария воқеист. Идомаи он тахайюли муаллиф аст.

- Шумо ҳамчун сенарист медонистед, ки Хуршед ва Моҳ ба ҳам намерасанд. Вақте ки ин қиссаро менавиштед, фикр накардед, ки онҳоро бо ҳам бирасонед?

- Дар воқеъ, идеяе пайдо шуд, ки Хуршеду Моҳ бо ҳам бирасанд, вале ин корро накардем. Ҳамчун муаллиф бо ҳам нарасиданашонро авлотар донистам ва аз ин тасмим пушаймон нестам. 

- Дар мусоҳибае гуфтед, ки филми “Хуршеду моҳ” ишқи нокомро инъикос мекунад ва дилдодаҳо бо ҳам намерасанд. Оё бо гуфтани ин ки ишқи онҳо ноком аст, ба қавле, “спойлер” нашуд? Ё дар филм боз муаммоҳое ҳастанд, ки тамошобин бояд худаш кашф кунад?

- Албатта, то ҷое ба тамошобинон маълум шуд, вале ҳоло муаммоҳои зиёд аст, ки ҳатман пас аз тамошо кушода мешаванд. Ҳамчун созандаи ин филм то рӯйи экран баровардан наметавонам сужаро пурра нақл кунам, вале танҳо гуфта метавонам, ки филм гардишҳои зиёд дорад. 

- «Хуршеду Моҳ» филми пурраи бадеӣ аст ё силсилафилм?


- Аслан, ният дорем, ки «Хуршеду Моҳ» силсилафилм шавад. Мо ҳоло мавсими якумро дар шакли як филми пурра гирифтем ва умедворем, ки мавсимҳои дуюму сеюмро низ таҳия мекунем. 

АЗ ТАСАВВУР ТО МАЙДОНИ НАВОРБАРДОРӢ

- Оё коргардон бояд пеш аз наворбардорӣ тамоми филмро дар зеҳнаш тасаввур кунад, ё баъзе чизҳоро бояд ба худи майдон, актёр ва тасодуф вогузор кунад?

- Пеш аз наворбардорӣ давраи омодагӣ аст, ки коргардон бо наворбардор, рассом, муаллиф муддате маслиҳату машварат мекунанд ва дар ҳамин вақт бояд коргардон саҳнаҳоро дар зеҳни худ созад, тасаввур кунад ва, ба қавле, “бинад”. Аммо бо ин вуҷуд, дар майдони наворбардорӣ аз ҷониби гурӯҳи эҷодӣ баъзан пешниҳодҳое мешаванд, ки барои беҳтар шудани кор мусоидат мекунанд. 

- Чӣ чиз барои шумо муҳимтар аст: актёри хеле машҳур, вале номувофиқ ба нақш, ё актёри камшинос, вале комилан мувофиқ?

- Барои ман муҳимтар аз ҳама мувофиқ будани ҳунарпеша ба нақш аст. Албатта, мешавад, ҳолате, ки дар филмҳои тиҷоратӣ машҳур будани ҳунармандон дар ҷойи аввал меистад, аммо то ҳол дар фаъолияти эҷодии ман чунин нашудааст. 

- Филм санъат аст, аммо истеҳсоли он тиҷорат ҳам ҳаст. Оё тиҷорат будани филм коргардонро маҳдуд намекунад? 

- Ин дуруст аст, ки истеҳсоли филм тиҷорат аст. Дар филмҳои тиҷоратӣ ё фармоишӣ баъзан коргардон маҷбур мешавад, ки мувофиқи хоҳиши тамошобинон ва гуфтаҳои фармоишгар кор кунад, аммо ба ҳар ҳол коргардонҳо дар чунин филмҳо низ кӯшиш мекунанд, ки дар маҳсулашон эҷод бошад. 

- Мегӯянд «Филми хуб худаш тамошобин меёбад». Шумо ба ин бовар доред?

- Аз рӯйи таҷриба мегӯям, ки ҳоло филми хуб ҳам худаш тамошобинро пайдо намекунад. Дар 10-15 соле, ки дар “Тоҷикфилм” фаъолият мекунам, филмҳои хуб хеле зиёд таҳия гардиданд, вале аз сабаби фаъол набудани маркетинг онҳо бинандаи кам доранд. Ҳоло реклама хеле муҳим аст ва моро мебояд ба ин самт таваҷҷуҳи бештар кунем. 

- Оё коргардон бояд пеш аз сохтани филм донад, ки филмашро кӣ тамошо мекунад? 


- Коргардон вақте ки филмномаро ба даст мегирад, аллакай мефаҳмад, ки барои кадом аудитория аст. Дар филмҳои тиҷоратӣ албатта, коргардон каме маҳдуд мешавад, вале дар умум, ба кадом гурӯҳи одамон таҳия шудани онро медонад. 

- Шумо ҳамчун коргардони дуюм дар филми «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» кор кардед. Оё санаи нахустнамоиши ин филми таърихӣ маълум шуд?

- Бале, ман дар филми «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» кор кардам, вале ҳаққи ба саволи шумо посух доданро надорам. Кори ман дар филми мазкур тамом шудааст ва санаи нахустнамоишро коргардони асосӣ гуфта метавонад. 

Мусоҳиб

Ҳафизуллоҳ Тоҳирӣ

Хатти хабарҳо

07.10.2026 17:20

Вазири рушди иқтисод ва савдо бо намояндаи Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Корея мулоқот намуд

7-уми октябр вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмон Абдураҳмонзода бо директори иҷроияи Департаменти барномаи роҳбарони ҷаҳонии Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Корея (KOICA) Ким Ён Ран вохӯрӣ намуд.
07.10.2026 16:19

Дастоварди табибони тоҷик: Аввалин бор дар кишвар ба як бемор рагҳои хунгарди сунъӣ гузошта шуд

Дар Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо аввалин маротиба дар кишвар ба як бемор, ки бо аневризмаи қисми камонак ва шоҳраги поёнраванда ба ин муассиса муроҷиат намуд, стент-графт дар шоҳраги қафаси сина гузошта шуд.
07.10.2026 12:04

Лавров: “Ихтилофи Толибон ва Покистон монеи ба даст омадани санади ниҳоии “Формати Маскав шуд”

Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия, мегӯяд, ихтилофот миёни Толибон (гурӯҳи террористӣ) ва Покистон боис шуд, ки нишасти “Формати Маскав” дар бораи Афғонистон натавонад ба санади ниҳоӣ даст ёбад.
07.10.2026 09:13

Месси: “Мехостам, то охири умр дар ҳайати мунтахаб бозӣ кунам”

Субҳи имрӯз, 7-уми октябр мунтахаби Аргентина бо тими миллии Бенин рақобат кард ва бозии мазкур бо ҳисоби 3:0 ба фоидаи аргентиниҳо ба анҷом расид. Дар ҳар се гол Месси саҳм дорад, яъне як гол ба самар расониду ду паси головар дод.
06.10.2026 18:38

Лавров: “Паёмадҳои иқтисодии ҷанг алайҳи Эрон ҷаҳонӣ аст”

Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия ҳушдор дод, ки ҷанги алайҳи Эрон барои иқтисоди ҷаҳон паёмадҳои манфӣ дорад. Ба гуфтаи ӯ, даргирии вобаста ба Эрон ба иқтисоди ҷаҳонӣ таъсири “бисёр манфӣ” мерасонад.
06.10.2026 18:33

Эътирозҳо дар Фаронса ба рӯзи 14-ум расиданд

Эътирозҳои мардумӣ дар Фаронса, ки ду ҳафта пеш аз атрофи Париж оғоз шуда буданд, ба дигар минтақаҳои кишвар низ паҳн шудаанд. Дар ҷараёни ин эътирозҳо миёни полис ва шаҳрвандон бархӯрдҳои хушунатомез ба қайд гирифта шудааст.