1 Июл 2025,
сешанбе, 02:21, Душанбе
13.02.2025 15:32

Филме аз ҳаёти тоҷикписар

Олими рус, доктори илми таърих, профессори МГИМО Кожокин Евгений Михайлович аз ҷумлаи он мутахассисоне аст, ки ба омӯтани таърихи халқҳои Осиёи Миёна таваҷҷуҳ дорад ва таърихи навтарини онҳоро дар коргоҳи худ таълим медиҳад. То ин вақт ӯ махсусан дар бораи Ӯзбекистон ва Қирғизистон ва ба ҳадде дар бораи соли бистуми Тоҷикистон ҳам барои сомеъони худ китобу маводи дарсӣ омода намуда, онҳоро ба ҳақиқати таърихии мо ошно кардан мехоҳад. Ба наздикӣ ман як филми ӯро, ки ҳамчун маводи дарсӣ, ҳамчун филми мустанад ба навор гирифта шудааст ва матнро ҳам аз паси кадр худи Евгений Михайлович мехонад, тамошо кардам. Ба ростӣ, ин як иқдоми некест дар таблиғи ҳақиқати таърихии мо – фарзандони содиқ ва фидоии мо тоҷикон аст. Асар “Муаллими забони немисӣ” ном дорад ва он бо як меҳри самимие нисбати халқи тоҷик, нисбати фарзандони халқи тоҷик, ҷонфидоӣ ва ватанпарварии мардуми мо дар асри XX ҳикоя мекунад.

Ҷиҳати муҳимми ин филм он аст, ки муаллиф на фақат аз манбаъҳои таърихӣ – архивӣ устокорона истифода намудааст ва аз суҳбатҳои донишмандони ин соҳа ва пайванжони қаҳрамон истифода намудааст, балки филмро бо истифода аз наворҳои ниҳоят кам маъмулит киноматегрофӣ ва фотогрофӣ бой кардааст. Бо ин мақсад вай аз маъхазҳои архивии Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Тоҷикистон фаровон истифода намудааст. Ин ба офарандаи филм имконият додааст, ки воқеаҳои 100-120 сол пешро ҳам ба таври “зинда” ва эътимодбахш нишон диҳад. Зеро мо дар он наворҳо ва дар он суратҳо шахсиятҳои он замонро – Амир Олимхон ва атрофиёни вай – Мунзим ва ҳаммаслакони вайро, инчунин, он ҳашамати меҳнати созандаро, ки дар солҳои бистуму сиюм буданд, равшан мебинем.

Филм ба Мунзим ва хонадони вай иртибот мегирад. Аслан филм дар бораи писари Мунзим – Раҳим Бурҳонов аст,к и дар хусуси қаҳрамонии вай дар солҳои Ҷанги Бузургир Ватанӣ мо каму беш иттилое дорем. Аммо филм аз тасвири ҳаводиси аввали солҳои бистуми асри XX – аз Инқилоби Бухоро, аз муҳити нави Бухоро ва аз шахсиятҳое, ки он муҳитро сохтаанд ва дар он муҳит мавқеъ доштанд, нақл мекунад. Мо дар паҳлӯи Мунзим, ки вазири маорифи Бухоро буд, бо роҳбарони Бухоро Файзулло Хоҷаев ва Фитрат ҳам дидор мединем. Албатта, ҳадафи офарандаи филм муайян кардани мавқеи сиёсии онҳо набуд ва ин лаҳзаҳои чун пешпардаи филм истифода мешаванд, аммо ба ҳар ҳол онҳо барои кушодану фаҳмонидани ҳақиқати таърихии он замон мусоидат менамоянд. Дар филм зикр мешавад, ки соли 1922 як зумра ҷавонони бухороӣ барои таҳсил ба Олмон мераванд ва яке аз онҳо писари Мунзим – Раҳим буд. Ин ҷавонон албатта бо созишномаи тарафҳои Бухуоро ва Русия ба таҳсил дар олмон тавсия шуданд ва онҳо бояд кадрҳои ояндаи замонро ташкил медоданд. Вале ҳамин тавр, иддае аз онҳо ба ватан баргаштанд ва иддаи дигар дар хориҷ монданд. Раҳим дар тасвирои офарандаи кино аз шахсиятҳое буд, ки бозгаштан ба ватанро вазифаи худ ва қарзи шаҳрвандии худ медонист ва барои ҳамин ҳам ҳамроҳи дӯсташ – Олимов, ки фарзанди Амири Бухоро буд, охири солҳои бистум қарор медиҳанд, ки ба Ватан бозоянд. Раҳим забони олмониро ба дараҷаи аъло медонист ва пас аз бозгашт муддате ба сифати муаллими забони олмони дар мактабҳо кор кард ва баъд касби муҳандисрои омӯхт ва дар солҳои пурталотуми сиюм, ки дӯсту душманро фарқ кардан душвор шуда буд, вай барои кор ба Закавказия рафт ва муддате дар он ҷо ба касби омӯхтааш – муҳандисӣ шуғл варзид. Замоне, ки ҶБВ оғоз ёфт соли 1943 роҳбарияти мақомҳои қудратии Шӯравӣ Раҳимро ба Маскав даъват карданд. Дар ин ҷо ӯ бо касоне вохӯрд, ки аз ҷавонӣ мешинохт, дар Олмон мешинохт ва дар замони таҳсил низ бо онҳо шинос шуда буд. Онҳо забондонии Раҳимро ба назар гирифта барои мубориза дар лонаи душман ӯро ба Олмон фиристоданӣ мешаванд. Муаллифи филм зимни  матолиби омӯхтааш лаҳзаҳоеро тасвир мекунад, ки Раҳим аз ҳудуди Белорусия бо ҳазор машаққате гӯё ҳамчун хоин ба тарафи фашистон мегузарад. Худи ин лаҳза бинанда дарк мекунад, ки чӣ хатари бузурге ба сари ин фарзанди миллат расидааст, яъне аввалин шӯбҳа, аввалин хато баробари марг буд. Аммо тоҷикписар ин ҳамаро барои ҳимояи ватанаш, барои осӯдагии ватанаш нописанд мегирад. Агар сарнавишти Мунзим, яъне падарашро ба назар гирем, албатта, ин қаҳрамонӣ дучандтар менамояд, зеро сарфи назар аз ҳама бадбахтиҳои солҳои пеш, ки ба сари  хонадон мерасид ин ҷавонмард барои ҳимояи Ватан ба ҷонсупорӣ омода аст.

Дар лаҳзаҳое, ки дар филм роҷеъ ба замони ҷанг, роҷеъ ба заминҳои тасарруфшудаи Шӯравӣ аз ҷониби фашизми Олмон, дар бораи зиндагии бадтар аз мурдагон, ки мардуми дар асоратафтида, мардуми дар лагерҳои фашистӣ домхӯрда доштанд, киносоз аз наворҳои бисёр таъсирбахши архивҳои ҷангӣ истифода карда, душвориву сахтии рӯзгори ин ҷавонро, ки бояд ба боварии он ҷаллодон медаромад, тасвир мекунад. Аз гуфтору матн маълум мешавад, ки Бурҳонов ҳамаи мушкилиҳоро дандон ба дандон гузошта ба сар мебарад ва ба боварии мақомҳои ҳарбии фашистӣ сазовор мешавад, рутба мегирад ва вазифаи худро, пеш аз ҳама вазифаи аслии худро ҳам бо сари баланд иҷро мекунад.

Филмофар диққатро ба он ҷалб мекунад, ки дар замони ҶБВ саркардагони фашистӣ мардуми Шӯравиро ба иғво кашида ба ҳамдигар ба ҷанг кашидан мехоҳанд. Бо ин сабаб аз ҷумла аз ҳисоби аскарони асирафтодаи миллатҳои мусалмон легиони ҳарбие сохтан мехоҳанд ва ҳатто месозанд, ки онро дар ҷанги зидди Шӯраваӣ ба муқобили халқу ватани худ истифода намоянд. Дар ин замина муаллифи филм мавқеи Раҳим Бурҳонов ва Валӣ Қайюмро махсус таъкид мекунад, вале Қайюм аз хоинони миллат буд, ки ғуломвор ба фашизми Олмон хизмат мекард ва ҳатто барои пешрафти худ, қавишудани худ вай дар муқобили ҳамдиёраш – Раҳим Бурҳонов бадгӯӣ ҳам мекард. Аммо аз филм бармеояд, ки Бурҳонов тибқи супориши Марказ ҳамон корҳоеро ва ҳамон вазифаҳоеро нотарсона, вале ҳушёрона адо мекард, ки натиҷаи онро дар ватан нигарон буданд. Тоҷикписар замони ҷангро бо ҳамин талошҳо, бо ҳамин моҷаро, вале бо сарри баланди афсарӣ ба анҷом расонида ба ватан бозмегардад ва муддате боз дар Душанбе ва Хуҷанд ба кори муаллимиаш машғул мешавад.

Филмноманавис зикр мекунад, ки соли 1946 роҳбарияти Шӯравӣ тасмим гирифт, ки масъалаи муҳосираи иқтисодии Берлини зери таъсири амрикоиҳоро ба миён гузорад ва бо ин мақсад ҳаракатҳои ҷиддие сурат гирифтанд. Ин сабаб буд, ки Бурҳоновро бори дигар ба Олмон фиристанд. Вазифаи вай акнун дар Берлини ғарбӣ кор бурдан бо афсарон ва дипломатҳои амрикоӣ буд. Дар филм хеле нарм таъкид шудааст, ки амрикоиҳо дар Олмон чунон  равияро пеш гирифта буданд, ки онҳоро ба ҷониби худ кашидан, ба онҳо таъсир расонидан хеле душвор буд. Ба ҳар гуфта бо табассуми малеҳ ва гӯё бо нодонӣ посух меоварданд. Барои ҳамин ҳам кори Раҳим ва ҳамфикронаш дар он ҷо натиҷаи дилхоҳ надод. Аслан ин натиҷа хеле кам ба инҳо вобаста буд, зеро давлатҳои муқтадири Ғарб барои он, ки як кишвари бузург аз таъсирашон пурра берун намонад тамоми имкониятро барои бамуҳосиранамондани Берлин диданд ва аз ҷумла ба истилоҳ роҳи ҳавоӣ ба миён омад, ки аз Олмони Ғарбӣ ба Берлини Ғарбӣ ниҳоят зуд ва бешумор тайёраҳо меомаданд. Барор нагирифтани ин мақсад дар муҳити Шӯравӣ боиси аз вазифаи Вазири корҳои хориҷи маҳрум шудани Молотов ва ба ранҷ афтидани шахсиятҳои дигар ҳам шуд, аз ҷумла Раҳим Бурҳоновро ҳам аз Олмон бозхонданд, вале ӯ на ба Тоҷикистон ва на ба Бухоро, балки ба Сибр фиристода шуд.  Раҳим Бурҳонов 10 сол дар шароити душвори бадарға дар корҳои душвор ва дар шароити бади иқлимии Сибир умр ба сар бурдааст.

Муаллифи филми “Муаллими забони немисӣ” аз маҳбас озод шудан ва ба ватан бозгаштани ин қаҳрамон писарро бо ифтихор нақл мекунад ва дар ин ҷо аллакай дар навори филм манзараҳои Душанбе, пеш аз ҳама муҳити Донишгоҳи омӯзгории имрӯза таваҷҷуҳро бештар ба худ мекашаванд. Зеро Раҳим Бурҳонов аз соли 1956 то 1973, яъне то замони аз олам гузаштанаш дар ҳамин мактаби олӣ ба ҳайси муаллими забони немисӣ кор кардааст. Шогирдонаш бо ифтихор ёд меоранд, ки ӯ бисёр устоди ҳалим, принсипнок ва ҳар дақиқаи сабақашро эҳтиромкунанда будааст. Вай бо ҳамкоронаш ва шогирдононаш меҳрубониҳо ва самимияте доштааст. Дар филм духтари ин ҷавонмард аз падар одат ва атрофиёни вай аз хонадорӣ ва эҳтироми вай сухан мегӯяд. Вай як нуктаро аз ҷумла самимона таъкид мекунад, ки Раҳим ҳеч гоҳ зодрӯзашро расман ҷашн намегирифт ва меҳмон хабар намекард, аммо дӯстон, шогирдон ва ҳамкорон он рӯзро фаромӯш намекарданд ваа ӯро танҳо намегузоштанд.

Сарнавишти қаҳрамони филми “Муаллими забони немисӣ” сарнавишти як насли бародарону фарзандони миллати тоҷик аст, ки дар замони Шӯравӣ тарбия ёфтанд, ватани хоса ва умумиашонро дӯст доштанд, барои он мубориза бурданд, барои он ҷангиданд ва барои ободии он кӯшиданд. Мо ин қаҳрамонҳои худро, касеро равшан, касеро хира ва касеро тахминан мешиносем. Қабл аз Истиқлол киночиёни тоҷик ба хотири ин гуна қаҳрамонҳо Як филме ҳам ба номи “Асрори зиндони Павиак” ба навор кашиданд. Дар бораи қаҳрамониҳои он насл асарҳои бадеӣ, романҳо ва пйесаҳо ҳам навишта шуданд. Масалан, пйесаи “Купрук”-и Фотеҳ Ниёзӣ аз зумраи чунин асарҳо ба ҳисоб мерафт.

Ҷойи тазаккур аст, ки муаллифони филм барои ороиши мусиқии филм ба маъхази тоҷикӣ муроҷиат кардаанд, суруду мусиқиҳои диловези Далер Назаров ва зарбҳои дигари мусиқии миллӣ ва халқии тоҷикӣ на танҳо нафосати филмро ба вуҷуд меоранд, балки барои муассир шудани мавзуи филм ҳам ёрӣ мерасонанд. Мусиқиҳо ҳамчунин, таъкид мекунанд, ки сухан дар бораи ҳамин халқ ва маданият меравад ва аз ҳамин маданият кайфият бардоштааст. Воқеан ҳам мавзуъ, қаҳрамон, мусиқӣ ва навор ҳамдигарро пурра мекунанд ва асарро ба як муъҷизаи диданӣ табдил медиҳанд.

Аммо тамошои филми муаррихи рус дар бораи қаҳрамонии тоҷикписар -филми мустанад ҳуши касро ба ҷойе мебарад, ки дар хусуси нақши филмҳои ҳуҷҷатӣ дар тарбияи мактаббачаҳо, дар хотир нигоҳ доштани гузашта, махсусан ашхоси муътабари гузашта дар дили халқ нақши бузурге бозида метавонанд. Киноматерафистони мо метавонистанд перомуни қаҳрамонҳои Тоҷикистон ҳам онҳое, ки унвонҳои қаҳрамонӣ доранд ва ҳам онҳое, ки ҳамчун қаҳрамонҳои халқӣ ё таърихӣ ёд мешаванд ё ҳатто дар бораи он фарзандони миллат, ки барои Тоҷикистон дар солҳои гуногун хизмати содиқона кардаанд, наворгирӣ кунанд ва ба гуфтани ҳақиқат, ба нишон додани садоқат насли наврасро пайрави онҳо гардонанд. Ин корро ҳама мекунанд, шояд амалҳои ба ин монандро киноматеграфистони мо ҳам анҷом дода бошанд, аммо онҳоро ба силсила овардан, онҳоро ба ҳайси маром ва воситаи тарбия истифода бурдан ин хеле муассир ва хеле муҳим бояд бошад.

Асари Кожокин як саҳифаи равшани таърихи халқи мост ва он ифтихори мо буда метавонад, ки фарзанди миллати тоҷикро ба некӣ ёд карда, меҳнати ӯро қадр мекунанд.

проф. И. Усмонов

Бознашр аз рӯзномаи «Адабиёт ва санъат»

Хатти хабарҳо

30.06.2025 17:18

“Тоҷикстандарт” бо “Росстандарт” дар соҳаи стандартизатсия ва метрология созишномаи ҳамкорӣ имзо кард

Дар шаҳри Нижний Новгороди Русия дар доираи ҷаласаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Тоҷикистон ва Русия нақшаи сесолаи рушди ҳамкориҳо дар бахши стандартизатсия ва метрологияро ба имзо расониданд.
30.06.2025 16:54

Ҷавоб ба се саволи муҳим. Аз талаботи бозори меҳнат то касбҳои ояндадору дарозумр

Аз 1-ум то 8-уми июл даври асосии имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ (ИМД) ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ ва олии касбӣ – қисмҳои А (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ) ва Б (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ) барои довталабони дар марҳалаи асосии бақайдгирӣ номнависшуда баргузор мегардад.
30.06.2025 14:58

“CASA-1000”. Тоҷикистон дар меҳвари лоиҳаи бузурги минтақавӣ

Дар ҳоле, ки ҷаҳон рӯ ба сарчашмаҳои тоза ва барқароршавандаи энержӣ меорад, Тоҷикистон бо лоиҳаи роҳбурдии “CASA-1000” мавқеи худро ба ҳайси як кишвари муҳимми содиркунандаи энергияи сабз дар минтақаи Осиё тақвият мебахшад. Дар доираи Конфронси сеюми байналмилалӣ таҳти унвони “Дурнамои рушди энергияи барқароршаванда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” мутахассисони дохилӣ ва хориҷӣ дар панели махсус лоиҳаи “CASA-1000”-ро чун намунаи барҷастаи ҳамгироии энергетикии минтақавӣ арзёбӣ намудаанд.
30.06.2025 14:56

Медали тилло аз Қирғизистон. Хонандаи тоҷик ғолиби озмуни байналмилалии шоҳмот шуд

Бинобар иттилои Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Восколович Богдан, хонандаи синфи 8-и Литсейи №3 барои хонандагони болаёқати пойтахт дар Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шоҳмот - “Issyk-Kul Open - 2025” иштирок намуда, сазовори ҷойи якум ва медали тилло гардид.
30.06.2025 11:32

Дар Русия барномаи мобилии хизматрасонии “ruID” барои муҳоҷирон бо забони тоҷикӣ фаъол шуд

Дар Федератсияи Русия барномаи инноватсионии мобилии “ruID” ба фаъолият оғоз кард, ки он сӯйи Вазорати рушди рақамӣ, алоқа ва коммуникатсияи оммавии ин кишвар омода шудааст.
30.06.2025 11:15

Номзади шаҳри Ню-Йорк шудани як мусулмон хушунати исломситезонаро дар Амрико афзоиш додааст

Ҳомиёни ҳуқуқ дар Амрико мегӯянд, ки баъди номзади интихоботи шаҳрдорӣ шудани Заҳрон Мамдании мусалмон фақат дар як рӯз тақрибан 6, 200 паёмҳои онлайнии дорои таҳқир ва хушунати исломситезонаро сабт кардаанд.
30.06.2025 08:58

Бадахшон маркази субот, шукуфоӣ ва имкониятҳои нави иқтисод. Эмомалӣ Раҳмон аз иҷрои лоиҳаҳои бузург ва нақшаи нав хабар дод

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷараёни мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъкид намуданд, ки вилоят ба марҳилаи нави шукуфоӣ ворид шудааст ва бо иҷрои садҳо лоиҳаи муҳим зиндагии сокинон рӯ ба беҳбудӣ овардааст.