27 сол барои ба тасвир овардани таърих: қиссаи ҷолиби як тханкаи 618-метраи Тибет
“Манам фарзанди Истиқлол” дар арафаи 35-солагии Истиқлол чоп шуд
Ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Варзишгоҳи миллӣ барномаи фарҳангӣ баргузор гардид
Китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров ба забони олмонӣ тарҷума шуд
Расман: Иҷрокунандаи нақши Ҷомӣ дар филми муштараки Тоҷикистону Ӯзбекистон иваз шуд
Тибқи иттилои дастрас, дар филми муштараки Тоҷикистону Ӯзбекистон "Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ" яке аз иҷрокунандаи нақши асосӣ Ҷомӣ иваз шуд.
Гуфта мешавад, ки нақши Ҷомиро дар филми "Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ" мебоист ҳунарпеша ва директори Муассисаи давлатии "Тоҷикфилм" Маҳмадсаид Шоҳиён иҷро кунад, вале пас аз чанд рӯзи сабти филм иттилоъ дода мешавад, ки нақши мазкурро Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Қурбони Собир иҷро мекунад.
Дар кастинге, ки барои дарёфти ҳунармандон гузаронида шуда буд, Қурбони Собир барои дарёфти нақши Ҷомӣ пешбарӣ гардид. Вале он вақт тасмим гирифта шуд, ки нақши мазкурро роҳбари "Тоҷикфилм" иҷро кунад. Дар ростои ин тасмим дар шабакаҳои иҷтимоӣ бархеҳо гуфтанд, ки нақши мазкур ба симои ҳунарпешаи интихобшуда созгор нест.
Ёдовар мешавем, ки 1-уми августи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон сабти филми муштараки Тоҷикистону Ӯзбекистон "Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ" оғоз гардид.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Иддаои Трамп: “Ҷанг бо Теҳрон ба зудӣ поён хоҳад ёфт”
Маркази хабарнигорони Афғонистон: тақрибан 300 хабарнигор ва корманди расонаӣ аз сӯйи Толибон боздошт шудаанд
Пешниҳоди Тоҷикистон ба Кореяи Ҷанубӣ: метавонем таъминкунандаи боэътимоди дарозмуддат бошем
Британия таҳримҳои нави ҷоринамуда бар зидди Эронро ба иҷро даровард