Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалии китоб дар Алмаато: муаррифии китобҳои тозанашрҳо ва мероси фарҳангӣ
Дар самти рақамикунонии соҳаи фарҳанг Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии «Доирабазм» доир мегардад
Масъалаи иштироки ҳунармандони Тоҷикистон дар чорабиниҳои байналмилалӣ баррасӣ гардид
Филми коргардони тоҷик дар Беларус соҳиби ҷоиза шуд
Филми коргардони тоҷик Манзаралӣ Шералӣ “Дар талоши ҳақиқат” дар Cинамоҷашнвораи ХХХ-и байналмилалии “Листопад” соҳиби ҷоиза гардид.
Бояд ёдовар шуд, ки Синамоҷашнвораи ХХХ-и байналмилалии “Листопад” аз 1-ум то 8-уми ноябр дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус баргузор гардид. Дар ин синамоҷашнвора филми ҳунарии “Дар талоши ҳақиқат” низ ба тамошо гузошта шуд.
Чанд вацт пеш филми “Дар талоши ҳақиқат” дар ҷашнвораи синамоии “Тоҷи сомон” низ соҳиби ҷоиза шуда буд.
Коргардони филм дар саҳифаи фейсбукиаш навишт: “Аввалин ҷоизаи миллӣ барои ба даст овардани ҷоизаҳои байналмилалӣ роҳ кушод. Баъди ба даст овардани аввалин ҷоиза дар Синамоҷоизаи дуюми миллиии “Тоҷи сомон” филми мо акнун соҳиби аввалин ҷоизаи байналмилалӣ гардид. Ин ҷоизаро барои рушди бештари синамои миллӣ ба тамоми мардуми Тоҷикистон мебахшем”.
Филми мазкур аз ҷониби Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” наворбардорӣ шудааст ва дар бораи ҳаёти рӯзноманигоре қисса мекунад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Хизматчиёни давлатӣ барои таҳсил дар магистратура ба Ҷопон фиристода мешаванд
Мулоқоти Файзалӣ Идизода бо раиси Маҷлиси Туркманистон Дунёгузел Гулманова
Дар 9 моҳ нақшаи даромади буҷети давлатӣ 114,9 фоиз таъмин гардид
Чаро “идеологияи миллӣ” дар паси таблиғоти “диндору бедин” ранг мебозад?