Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Филми “Хоби сурх” дар ду ҷашнвораи байналмилалӣ иштирок мекунад
Соҳибёр Толиб, муаллиф ва коргардони филми “Хоби сурх” хабар дод, ки филми мазкур дар ду синамоҷашнвораи байналмилалӣ иштирок хоҳад кард.
Ба қавли коргардони тоҷик, охири моҳи сентябр филми “Хоби сурх” дар синамоҷашнвораи байналмилалии “Бойконур” дар шаҳри Олмотии Қазоқистон ва моҳи октябр дар синамоҷашнвораи байналмилалии “Само” дар Шветсия ба намоиши озмунӣ гузошта мешавад.
Дар суҳбати кӯтоҳе муаллиф ва коргардони филми “Хоби сурх” Соҳибёр Толиб ба Dialog.tj гуфт, ки то ҳол филми мазкур дар ягон ҷашнвора иштирок накардааст.
“Ҳунарпешаҳои қазоқ дар бораи филми “Хоби сурх” аз расонаҳо маълумот гирифтаанд ва хоҳиш карданд, ки онро бубинанд. Филмро пешниҳод кардем, диданд ва ба ҷашнвора пешбарӣ шуд”, - гуфт Соҳибёр Толиб.
Ҳамчунин, ҳамсуҳбати мо афзуд: “Иштироки филми “Хоби сурх” дар ҷашнвораҳои байналмилали барои таҳиягарон роҳҳои зиёдеро боз мекунад. Аз ҷумла, ҳамкориҳои байналмилалӣ, пайдо кардани сармоя барои таҳия филмҳои нав ва ғайраҳо, ки аз ҳар ҷиҳат хуб аст”.
Чанде пеш дар Душанбе нахустнамоиши филми “Хоби сурх” баргузор гашта буд, ки хабарнигори Dialog.tj пас аз тамошо бо муаллиф ва коргардони он доир ба бурду бохти филм суҳбат намуд. Мусоҳибаро бо линки зер мутолиа намоед: https://dialog.tj/tj/new85001
Хатти хабарҳо
Тоҷикистон бо Лаос дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ кард
Беш аз 97 фоиз. Вазорати мудофиа ҳолати иҷроиши нақшаи даъвати тирамоҳиро эълон кард
Дидори вазири корҳои хориҷӣ бо Одил Дониш
Иштироки Пешвои миллат дар Иди картошка