30 Сентябр 2026,
чоршанбе, 10:18, Душанбе
16.10.2025 08:38

Гулноза Хоҷаева: “Агар бо бадон нек рафтор кунӣ, онҳо аз бадиашон даст мекашанд”

Имрӯз, 16-уми октябр Рӯзи кинои тоҷик аст. Бо ин баҳона бо касе ҳамсуҳбат шудем, ки маҳз кино ҳаёташро иваз кард ва миёни ҷомеа маъруфу машҳур гардонд. Гулноза Хоҷаева, барандаи телевизион, блогер ва иҷрокунандаи нақши қаҳрамони асосии силсилафилми интернетии “Хусури ман” мегӯяд, маҳз бо шарофати филми мазкур ҳаёташро тағйир дод ва имконоти нав пайдо намуд. Бо мавсуф доир ба силсилафилми мазкур, ки аз ҷумлаи сертамошобинтарин филмҳои тоҷикист ва аҳамияти он дар пайраҳаи эҷодиаш суҳбат намудем.

ИНТИХОБИ БАХТ МУҲИМ АСТ, ВАЛЕ НООДАМӢ КАРДАН НАМЕХОҲАМ

- Шумо иҷрокунандаи нақши асосии яке аз силсилафилмҳои сертамошобини солҳои охир "Хусури ман" ҳастед. Бигӯед, ки чӣ гуна ба ин нақш интихоб шудед?

- Бо ҳамкорам Фараҳнози Ҷамшед акси якҷояамонро дар Инстаграм нашр кардем. Чун ӯ он вақт дар силсилафилми “Ишқ, пул Душанбе”-и Набиҷон Пирматов нақш мебозид, “сториз”-ашро коргардон дида, маро барои иштирок дар филми “Хусури ман” даъват карданд. Ростӣ, дар аввал атрофиён барои иштирок кардан дар филм тавсия надоданд ва гуфтанд, ки вақте дар филм нақш бозидӣ, номат сиёҳ мегардад. Сипас, бо Абдухалил Буриев (иҷрокунандаи нақши Сангалӣ дар филми “Хусури ман”), ки он вақт дар Телевизиони “Баҳористон” ҳамкор будем, ин масъаларо дар миён гузоштам. Он кас хеле суханҳои хуб гуфтанд ва пасон ман розӣ шудам. Ҳамин тавр, кори ман дар силсилафилми “Хусури ман” оғоз шуд.

- Нақши як духтари самимию заминиро бозидаед, бо қаҳрамонатон чӣ умумият доред?

- Пеш аз кастинг коргардони филм Набиҷон Пирматов гуфтанд, ки барои нақшофарӣ ба онҳо духтаре лозим аст, ки якраву тез ва ҳамеша дар тарафи ҳақиқат бошад. Дар кастинг супориш шуд, ки ҷумлаи “Ман зиндагӣ кардан мехоҳам”-ро дар ҳолатҳои гуногун бигӯем ва бовар кунед, ҷое шуд, ки ман гиристам, сахт гиристам. Яъне, гуфтанӣ ҳастам, ки умумияти Гулнозаву Зайнаб ҳамин аст, ки ҳар ду якраву тарафдори ҳақиқатанд.

- Зайнаб дар баробари падари хасис доштанаш, ба хонае келин шуд, ки хеле дасткушоду саховатманданд, аммо ором аст ва барои пулу мол аз принсипҳояш даст намекашад. Бигӯед, ки агар тақдири шумо мисли рӯзгори Зайнаб мешуд, чӣ чизро иваз мекардед?

- Тавре медонед, Зайнаб дар зиндагӣ танҳо як падар дорад ва бо сабаби нофармонӣ кардан, падараш сактаи дил шуд. Барои ҳамин, агар чунин тақдир худам ҳам медоштам, аз ҳеҷ гапи падарам намебаромадам, дар ҳоле ки медонистам он роҳ нодуруст аст.

- Нақш бозидан, худро ба ҷои дигаре гузоштан чӣ душворӣ дорад?

- Миёни Гулнозаву Зайнаб фарқ бисёр кам аст ва аз ин сабаб нақшофарӣ бароям душвор нест. Албатта, дар аввал бархе камбудиҳо буданд ва ман метарсидам, лекин бо роҳнамоиву маслиҳатҳои ҳамкорону устодон ҳамааш бартараф шуд.

- Хеле вақт шуд, ки нақши Зайнабро мебозед, ин нақш ба ҳаёти Гулноза чӣ таъсир расонд, ё чӣ омӯзонд?

- Зайнаб як духтари деҳотист, ки барои гапи падараш аз дӯстписараш даст кашида, ба оилаи сарватманде келин шуда меравад. Ҳаёташ тағйир меёбад ва дар он ҷо касоне ҳастанд, ки бо ӯ муносибати хуб намекунанд, вале бо ҳама самимӣ ва боэҳтиром муносибат мекунад. Ман аз тарзи зиндагии қаҳрамони бозидаам ҳаминро фаҳмидам, ки агар бо бадон нек рафтор кунӣ, онҳо аз бадиашон даст мекашанд, зеро аз корҳои кардаашон рӯзе шарм медоранд.

- Медонем, ки "Хусури ман" дар ҳаёти шумо нақши калон бозидааст. Мехоҳем, муфассал нақл кунед, ки ин филм чӣ гуна шуморо тағйир дод ва чӣ имконот пайдо кардед?

- Маҳз силсилафилми "Хусури ман" маро дар ҷомеа шинохта кард ва ҳамарӯза аз меҳру самимияти мардум баҳраманд мегардам. Чунин истиқболи мардум маро водор мекунад, ҳарчи бештару беҳтар кор кунам. Албатта, шинохта шудан ба ман имкон медиҳад, ки дар Инстаграм ҳамчун блогер фаъолият намоям ва даромад ёбам. Ҳоло шукр бо шарофати маъруфияте, ки филми мазкур ба ман дод, имкон дорам ҳам ба орзуҳои худ бирасам ва ҳам то қадри имкон ба дигарон дасти ёрӣ дароз намоям. 

- Пас аз маъруфият дар "Хусури ман" оё ба филмҳои дигар даъват шудед?

- Албатта, пешниҳодҳои ҳамкорӣ барои намоҳангҳо, роликҳо ва филмҳо буданд. Дар чанд намоҳанг иштирок кардам, аммо аз сабабе, ки филмҳо маро барои нақши асосӣ даъват карданд, қабул карда натавонистам, зеро мувофиқи қарордодамон бо Набиҷон Пирматов то ба охир расидани силсилафилми "Хусури ман" ман ҳаққи иштирок дар нақши асосии дигар филмҳоро надорам.

- Ҷое гуфтаед, ки то филми мазкур тамом нашавад, оиладор намешавед. Рафту пагоҳ шахси арзанда бо нияти сохтани як оилаи хушбахт пайдо гардад, оё филмро аз бахт боло мемонед?

- Бале, ин суханро гуфтаам, агар шахси гуфтаи шумо пайдо шавад, бо розигии Набиҷон Пирматов бахтро интихоб мекунам, вале агар он кас розӣ нашаванд, ман дар миёни роҳ онҳоро гузошта наметавонам ва то тамом шудани филм сабр мекунам. Интихоби бахт хеле муҳим аст, вале ноодамӣ кардан намехоҳам, зеро маҳз ҳамин лоиҳа маро миёни мардум шиносонд ва ному нон ёфтам.

- Дар бораи гонорар бигӯед, оё он монанди шумораи тамошобинони филм зиёд аст?

- Шукри Худо гонорар хуб аст. Ҳамчунин, бояд бигӯям, ки агар гонорар надиҳанд ҳам, ман кор мекунам, зеро маҳз бо сабаби ҳамин филм ҳоло даромади хуб дорам.

- Дар вақти наворбардорӣ кадом ҳолатҳои ногувор ба шумо рух додааст?

- Ҳолати ногувор рух надодааст, вале вақте ки бояд гиря кунам, бароям мушкил аст. Ҳарчанд зиндагии шахсиам пур аз шебу фароз буду хеле гиристаам, аммо баробари фаъол шудани дастгоҳи наворбардорӣ, барои гиря кардан хеле азоб мекашам.

- Ба фикри шумо чаро "Хусури ман" то ин ҳад маъруф шуд?

- Аслан, ҳама лоиҳаҳои Набиҷон Пирматов сертамошобинанд, вале лоиҳаи “Хусури ман” боз ҳам рекордҳоро нав кард. То андозае, ки ман мушоҳида кардаму аз забони мардум шунидам, дар лоиҳаи мазкур ҳунармандон хеле хуб ва мувофиқ интихоб шудаанд. Ҳамин мувофиқати иҷрокунандагон ба персонажҳо моро то андозае муваффақ карду филмро сертамошобин.

- Пас аз нашри филм, онро худатон тамошо мекунед?

- Бале, пас аз нашри ҳар қисм онро ман пурра тамошо мекунам ва кӯшиш мекунам, ки иҷроиши худамро таҳлил кунам. Таҳлил ба хотире, ки хатоҳоямро дигар такрор накунам ва корамро беҳтар анҷом диҳам.

АЗ ҲАР ЗОВИЯ

- Шуморо мардум ҳам ҳунарпеша, ҳам баранда ва ҳам блогер мешиносанд. Бигӯед, ки кадоме аз ин соҳаҳо ба шумо наздиктар аст?

- Ин се соҳа бо ҳам алоқаи зич доранд. Ман тӯли 10 сол дар Телевизиони “Баҳористон” ҳамчун баранда фаъолият кардам ва маҳз таҷрибаи аз телевизион гирифтаам ҳоло барои нақшофарӣ дар филму иштирок дар наворҳои тарғиботӣ барои Инстаграм кумак мекунад.

- Куҷоро хатм кардаед ва чӣ гуна маълумот доред?

- Ду диплом дорам. Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айниро хатм кардаам ва инчунин, Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ихтисоси идораи ҳайати кадрӣ ба итмом расондам.

- Берун аз филму телевизиону Инстаграм ба чӣ корҳо банд мешавед?

- Мутаассифона, ҳоло қариб, ки вақти холӣ надорам. Агар вақт ёбаму корҳоям камтар шаванд, мехоҳам, ҷойи орому дуртар биравам, то ки қувваи нави эҷодӣ гирифта, беҳтару бештар корҳоямро анҷом диҳам.  

- Бахшидан осон аст ё бахшиш пурсидан?

- Фикр мекунам, аз бахшидан дида, бахшиш пурсидан осонтар аст.

- Худро хушбахт меҳисобед?

- Барои инсон аз ҳама муҳим ин саломатӣ аст ва чун ҳоло танам сиҳат аст, пас, хуҳбахтам.

Мусоҳиб

Ҳафизуллоҳ Тоҳирӣ

Хатти хабарҳо

30.09.2026 06:37

Маркази хабарнигорони Афғонистон: тақрибан 300 хабарнигор ва корманди расонаӣ аз сӯйи Толибон боздошт шудаанд

Маркази хабарнигорони Афғонистон эълом кардааст, ки аз замони тасаллути гурӯҳи террористии Толибон дар соли 2021, тақрибан 300 хабарнигор ва корманди расонаӣ ба иттиҳоми риоя накардани дастурҳои сахтгиронаи расонаии ин гурӯҳ боздошт ё зиндонӣ шудаанд.
29.09.2026 17:39

Пешниҳоди Тоҷикистон ба Кореяи Ҷанубӣ: метавонем таъминкунандаи боэътимоди дарозмуддат бошем

Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Кореяи Ҷанубӣ пешниҳод намуд, ки саноати нимноқилҳову батареяи мошинҳои барқии ин кишварро метавонад бо металлҳои нодир ва ранга таъмин кунад.
29.09.2026 16:48

Сергей Лавров: “Дабири кулли СММ ба манфиати кишварҳои аврупоӣ кор мекунад”

Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Антониу Гутерриш, Дабири кулли СММ-ро ба он муттаҳам кард, ки дар бархе масъалаҳо бар асоси “меъёрҳои дугона” ва ба манфиати кишварҳои ғарбӣ амал менамояд.
29.09.2026 12:33

Ироқчӣ: “Шартҳои Эрон барои бозгушоии тангаи Ҳурмуз ба Амрико пешниҳод шуд”

Сайид Аббос Ироқчӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон мегӯяд, шартҳои Теҳрон барои бозгушоии тангаи Ҳурмуз, ки ба гуфтаи ӯ аз ҷониби раҳбари олии Эрон таъкид шудаанд, ба ҷониби Амрико расонида шудаанд.
29.09.2026 12:11

Мақоми эронӣ: Трамп намедонад аз музокирот бо Эрон чӣ мехоҳад

Як мақоми эронӣ ба расонаи “Палитико” (Politico) гуфтааст, ки Доналд Трамп ҳанӯз мавқеи рӯшан ва мушаххасе дар бораи он ки аз музокирот бо Эрон чӣ мехоҳад, надорад. Ба гуфтаи ӯ, ҳамин номуайянӣ расидан ба як созиши мушаххасро душвор кардааст.
29.09.2026 10:48

Расонаҳои Афғонистон: 13 ҷасади ҷангҷӯёни Толибон аз Нуристон ба вилоятҳои ҷанубӣ интиқод дода шуданд

Манобеи маҳаллӣ ба расонаҳои Афғонистон гуфтаанд, ки 13 ҷасади ҷангҷӯёни Толибон, ки дар даргириҳои вилояти Нуристон кушта шудаанд, ба вилоятҳои ҷанубии Афғонистон интиқол дода шудаанд.
29.09.2026 10:37

Трамп аз музокироти ғайримустақим бо Эрон хабар дод

Раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳидаи Амрико гуфт, ҳайати музокиракунандаи Амрико бо намояндагони Эрон гуфтугӯҳои ғайримустақимро анҷом додаанд. Доналд Трамп ҳамчунин, иддао кард, ки Амрико дар ҷанги худ бо Эрон “ба зудӣ пирӯз хоҳад шуд ва қимати сӯзишворӣ коҳиш хоҳад ёфт”.