30 Сентябр 2026,
чоршанбе, 10:19, Душанбе
09.10.2024 10:46

"Дов"- ро охирин бор дар экрани калон намоиш медиҳанд

Коргардони "Дов" Муҳиддини Музаффар гуфт, ки филми мазкурро ин ҳафта охирин бор дар экрани калон ба намоиш мегузоранд.

Дар ин бора Муҳиддини Музаффар дар саҳифаи фейсбукии худ иттилоъ дода, аз ҷумла навиштааст:

"Надида бошед ва ё такроран дидан хоҳед биёед. Чун... Дигар ин филмро дар экрани калон намебинед. Эҳсоси экрани бузург дигар аст".

Гуфта мешавад, филми мазкур аз 8-ум то 11-уми октябр ҳар бегоҳ соати 18:00 дар кинотеатри "Ватан"-и Душанбе рӯи пардаи синамо меравад.

Муҳиддини Музафффар ҳамчунин ба суоли корбаре ба ин мазмун посух додааст, ки "Дов" то чанд соли дигар ба шабакаи Ютуб  гузошта нахоҳад шуд.

Бояд гуфт, ки нахустнамоиши ин филм ду сол қабл дар шаҳри Душанбе баргузор гардида, аз ҷониби синамошиносон баҳои баланд гирифта,  ҳамчунин дар синамобазмҳои байналмилалӣ соҳиби чандин ҷоиза шуда буд.

Аз ҷумла, соли 2022  филми "Дов" дар аввалин синамоҷоизаи милии "Тоҷи сомон" ҷоизаҳои "Беҳтарин филм" ва "Беҳтарин нақши мардона"-ро соҳиб гардид. 

Dialog.TJ

Хатти хабарҳо

30.09.2026 06:37

Маркази хабарнигорони Афғонистон: тақрибан 300 хабарнигор ва корманди расонаӣ аз сӯйи Толибон боздошт шудаанд

Маркази хабарнигорони Афғонистон эълом кардааст, ки аз замони тасаллути гурӯҳи террористии Толибон дар соли 2021, тақрибан 300 хабарнигор ва корманди расонаӣ ба иттиҳоми риоя накардани дастурҳои сахтгиронаи расонаии ин гурӯҳ боздошт ё зиндонӣ шудаанд.
29.09.2026 17:39

Пешниҳоди Тоҷикистон ба Кореяи Ҷанубӣ: метавонем таъминкунандаи боэътимоди дарозмуддат бошем

Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Кореяи Ҷанубӣ пешниҳод намуд, ки саноати нимноқилҳову батареяи мошинҳои барқии ин кишварро метавонад бо металлҳои нодир ва ранга таъмин кунад.
29.09.2026 16:48

Сергей Лавров: “Дабири кулли СММ ба манфиати кишварҳои аврупоӣ кор мекунад”

Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Антониу Гутерриш, Дабири кулли СММ-ро ба он муттаҳам кард, ки дар бархе масъалаҳо бар асоси “меъёрҳои дугона” ва ба манфиати кишварҳои ғарбӣ амал менамояд.
29.09.2026 12:33

Ироқчӣ: “Шартҳои Эрон барои бозгушоии тангаи Ҳурмуз ба Амрико пешниҳод шуд”

Сайид Аббос Ироқчӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон мегӯяд, шартҳои Теҳрон барои бозгушоии тангаи Ҳурмуз, ки ба гуфтаи ӯ аз ҷониби раҳбари олии Эрон таъкид шудаанд, ба ҷониби Амрико расонида шудаанд.
29.09.2026 12:11

Мақоми эронӣ: Трамп намедонад аз музокирот бо Эрон чӣ мехоҳад

Як мақоми эронӣ ба расонаи “Палитико” (Politico) гуфтааст, ки Доналд Трамп ҳанӯз мавқеи рӯшан ва мушаххасе дар бораи он ки аз музокирот бо Эрон чӣ мехоҳад, надорад. Ба гуфтаи ӯ, ҳамин номуайянӣ расидан ба як созиши мушаххасро душвор кардааст.
29.09.2026 10:48

Расонаҳои Афғонистон: 13 ҷасади ҷангҷӯёни Толибон аз Нуристон ба вилоятҳои ҷанубӣ интиқод дода шуданд

Манобеи маҳаллӣ ба расонаҳои Афғонистон гуфтаанд, ки 13 ҷасади ҷангҷӯёни Толибон, ки дар даргириҳои вилояти Нуристон кушта шудаанд, ба вилоятҳои ҷанубии Афғонистон интиқол дода шудаанд.
29.09.2026 10:37

Трамп аз музокироти ғайримустақим бо Эрон хабар дод

Раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳидаи Амрико гуфт, ҳайати музокиракунандаи Амрико бо намояндагони Эрон гуфтугӯҳои ғайримустақимро анҷом додаанд. Доналд Трамп ҳамчунин, иддао кард, ки Амрико дар ҷанги худ бо Эрон “ба зудӣ пирӯз хоҳад шуд ва қимати сӯзишворӣ коҳиш хоҳад ёфт”.