30 Сентябр 2026,
чоршанбе, 10:22, Душанбе
28.04.2025 07:49

Асланшо Раҳматуллоев, Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон даргузашт

27-уми апрел дар шаҳри Душанбе Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Асланшо Раҳматуллоев дар синни 70-солагӣ аз олам даргузашт. Ин хабари нохушро наздикону дӯстони марҳум дар шабакаҳои иҷтимоӣ навиштанд, аммо ҳеч кадоме сабаби маргашро нагуфтанд.

Гуфта мешавад, ки маросими хайрбод бо ҳунарманди маҳбуби кишвар имрӯз, 28-уми апрел соати 08:30 дақиқа дар назди бинои ВАТАН - паҳлӯи кинотеатри “Ватан” доир гашта, ҷаноза соати 10:00 дар масҷиди Имоми Аъзам Абуҳанифа баргузор мешавад.

Тибқи иттилои мавҷуда, Асланшо Раҳматуллоевро дар Оромгоҳи  "Лучоб" ба хок месупоранд.

Бояд ёдовар шуд, ки Асланшо Раҳматуллоев аз ҷумлаи ҳунармандони маҳбуби сарсупурдаи театру синамои тоҷик буд. Ӯ ҳамчун ҳунарманд ва коргардон дар рушди театру кинои тоҷик саҳми назаррас дорад.

Мавсуф пас аз хатми Институти давлатии умумииттифоқии кинематографияи шаҳри Маскав (ВГИК) ба Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи А. Лоҳутӣ ба кор омадааст ва пас аз се соли кор бо даъвати Убайдулло Раҷабов ба ҳайси коргардон ба Театри намунавӣ-минётурии «Оина» рафтааст. Ҳамин тавр, зиёда аз 30 сол дар театри мазкур фаъолияти пурсамар дошт.

Ҳамчунин, бояд зикр кард, ки Асланшо Раҳматуллоев дар таҳияи силсилафилми машҳури “Марги бегуноҳ”, ки солҳои ҷанги шаҳрвандиро инъикос мекунад, нақши зиёд дорад. Ӯ ҳамчун коргардон ва ҳунарманд дар сохтани филми мазкур саҳм гузошта, бешак, барои диданитару табиитар баромадани он сабаб шудааст.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

30.09.2026 06:37

Маркази хабарнигорони Афғонистон: тақрибан 300 хабарнигор ва корманди расонаӣ аз сӯйи Толибон боздошт шудаанд

Маркази хабарнигорони Афғонистон эълом кардааст, ки аз замони тасаллути гурӯҳи террористии Толибон дар соли 2021, тақрибан 300 хабарнигор ва корманди расонаӣ ба иттиҳоми риоя накардани дастурҳои сахтгиронаи расонаии ин гурӯҳ боздошт ё зиндонӣ шудаанд.
29.09.2026 17:39

Пешниҳоди Тоҷикистон ба Кореяи Ҷанубӣ: метавонем таъминкунандаи боэътимоди дарозмуддат бошем

Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Кореяи Ҷанубӣ пешниҳод намуд, ки саноати нимноқилҳову батареяи мошинҳои барқии ин кишварро метавонад бо металлҳои нодир ва ранга таъмин кунад.
29.09.2026 16:48

Сергей Лавров: “Дабири кулли СММ ба манфиати кишварҳои аврупоӣ кор мекунад”

Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Антониу Гутерриш, Дабири кулли СММ-ро ба он муттаҳам кард, ки дар бархе масъалаҳо бар асоси “меъёрҳои дугона” ва ба манфиати кишварҳои ғарбӣ амал менамояд.
29.09.2026 12:33

Ироқчӣ: “Шартҳои Эрон барои бозгушоии тангаи Ҳурмуз ба Амрико пешниҳод шуд”

Сайид Аббос Ироқчӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон мегӯяд, шартҳои Теҳрон барои бозгушоии тангаи Ҳурмуз, ки ба гуфтаи ӯ аз ҷониби раҳбари олии Эрон таъкид шудаанд, ба ҷониби Амрико расонида шудаанд.
29.09.2026 12:11

Мақоми эронӣ: Трамп намедонад аз музокирот бо Эрон чӣ мехоҳад

Як мақоми эронӣ ба расонаи “Палитико” (Politico) гуфтааст, ки Доналд Трамп ҳанӯз мавқеи рӯшан ва мушаххасе дар бораи он ки аз музокирот бо Эрон чӣ мехоҳад, надорад. Ба гуфтаи ӯ, ҳамин номуайянӣ расидан ба як созиши мушаххасро душвор кардааст.
29.09.2026 10:48

Расонаҳои Афғонистон: 13 ҷасади ҷангҷӯёни Толибон аз Нуристон ба вилоятҳои ҷанубӣ интиқод дода шуданд

Манобеи маҳаллӣ ба расонаҳои Афғонистон гуфтаанд, ки 13 ҷасади ҷангҷӯёни Толибон, ки дар даргириҳои вилояти Нуристон кушта шудаанд, ба вилоятҳои ҷанубии Афғонистон интиқол дода шудаанд.
29.09.2026 10:37

Трамп аз музокироти ғайримустақим бо Эрон хабар дод

Раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳидаи Амрико гуфт, ҳайати музокиракунандаи Амрико бо намояндагони Эрон гуфтугӯҳои ғайримустақимро анҷом додаанд. Доналд Трамп ҳамчунин, иддао кард, ки Амрико дар ҷанги худ бо Эрон “ба зудӣ пирӯз хоҳад шуд ва қимати сӯзишворӣ коҳиш хоҳад ёфт”.