9 Июл 2025,
чоршанбе, 11:42, Душанбе
01.03.2025 16:27

СИНАМО БИДУНИ МАРЗ

Тоҷикистон ва Русия – ин на танҳо ду давлат, балки шарикони чандинасраи фарҳангӣ мебошанд, ки бо забон, анъанаҳои муштарак ва робитаҳои эҷодӣ муттаҳид гардидаанд. Забони русӣ дар Тоҷикистон давраи нави шуҳратмандиро аз сар гузаронида, на танҳо воситаи муошират, балки калиди олами санъат мегардад. Яке аз мисолҳои равшани ин гуна ҳамкорӣ синамо мебошад. Коргардонҳо, муаллифони сенария ва ҳунарпешагони рус дар рушди синамои тоҷик саҳми арзанда гузоштаанд ва филмҳои муштарак аллакай дар дили тамошобинон ҷой гирифтаанд. Дар ин мақола, мо дар бораи он, ки чӣ гуна равобити Тоҷикистону Русия дар самти синамо рушд меёбад, кадом лоиҳаҳо амалӣ гардонида мешаванд ва ин ба манзараи фарҳангии минтақа чӣ гуна таъсир мерасонад, суҳбат хоҳем кард.

Чорабиниҳо дар Тоҷикистон

Моҳи октябри соли 2024 дар Душанбе дар доираи Синамоҷашнвораи II-и миллии «Тоҷи Сомон» Рӯзҳои синамои Русия баргузор гардиданд. Шоҳҷоиза Гран-при насиби филми “Моҳӣ дар шаст” гардид, ки бо кӯшишҳои муштараки киностудияҳои “Тоҷикфилм” ва “Довфилм”, ширкати русии “Амкарт” ва ширкати телевизионии эронии “iffilm” таҳия шудааст. Коргардони филм хатмкардаи Донишкадаи давлатии умумироссиягии кинематография Муҳиддин Музаффар мебошад. Филм дар бораи тарбиятгирандаи мактаб-интернат, писарбачаи 10-сола бо номи Далер, ки модари худро пайдо кардан мехоҳад, қисса мекунад. Дар вақти таътили тобистона модараш ногаҳон бо ӯ тамос мегирад ва шавҳари яке аз мураббиён - ронанда Самад розӣ мешавад, ки писарбачаро ба назди модараш барад. Саёҳати онҳо саросари Тоҷикистонро фаро гирифта, зебоии табиати кишварамон ва амиқии робитаҳои байни мардумро нишон медиҳад.

Маросими ҷоизасупорӣ дар Кохи Суруши шаҳри Душанбе баргузор гардид. Дар он директори киностудияи «Тоҷикфилм» Маҳмадсаид Шоҳиён, сардори департаменти кинематография ва рушди рақамии Вазорати фарҳанги Федератсияи Русия Дмитрий Давиденко ва коргардони ҳинд Умеш Меҳра ба коргардон Муҳиддин Музаффар нишонро тақдим карданд, ки рамзи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ мебошад.

Дар доираи ин ҷоиза корҳои дигар низ қайд карда  шуданд. Беҳтарин дебют аз филми "Фуруғ"-и коргардон Одина Маҳмад дониста шуд, ки дар бораи муносибати духтараки кару гунги ҳафтсола бо падараш қисса мекунад. Ҷоиза барои беҳтарин филми пурраметраж насиби филми "Дар талоши ҳақиқат" гардид, ки дар бораи як таҳқиқоти журналистӣ нақл мекунад. Ҷоиза барои беҳтарин нақши мардона ба Нуриддин Насриддинов барои нақши офаридааш дар филми “Дурӯғ” ва ҷоиза барои беҳтарин нақши занона ба Таҳмина Раҷабова барои нақш дар филми “Зиндагӣ зебост” тақдим карда шуд.

Ин чорабинӣ аз 15-ум то 19-уми октябри соли 2024 баргузор гардида, 16-уми октябр дар кинотеатри “Наврӯз” намоиши филмҳои русӣ ба нақша гирифта шуда буд. Тамошобинон се филмро ройгон тамошо карданд: филми мазҳакавии «Поехавшая», филми мазҳакавии коргардон Владимир Котт ва мелодрамаи «Ман қадам мегузорам»-и коргардон Олга Акатева.

Ғайр аз ин, Русия ва Тоҷикистон дар таҳияи нахустин филми муштарак бо номи “Пайраҳаи ғазаб” якҷоя корбарӣ карданд. Филм истеҳсоли киностудияи «Тоҷикфилм» ва киностудияи «Лендок»-и Санкт-Петербург мебошад. Наворбардории филм 45 рӯз давом кард ва он пурра дар ҳудуди Тоҷикистон гузашт. Дар эҷоди ин филм 60 нафар мутахассисон, аз ҷумла мутахассисони тоҷик иштирок намуданд. Сараввал номи филм "Хомӯшӣ дар кӯҳҳо" буд, вале баъдтар "Пайраҳаи ғазаб" ном гирифт. Ҷониби Тоҷикистон барои эҷоди ин филм қариб 2 миллион сомонӣ сармоягузорӣ кардааст. Сюжети филм дар атрофи саргузаштҳои як гурӯҳи сайёҳон дар кӯҳистони Тоҷикистон тартиб дода шуда, ба диққати тамошобинон на танҳо ҳодисаҳои ҳаяҷоновар, балки манзараҳои хушранги кишварамонро пешкаш мекунад. Нахустнамоиши ин филм тирамоҳи соли 2025 дар Душанбе дар доираи ҷашнвораи байналмилалии "Тоҷи Сомон" баргузор хоҳад шуд. Пас аз ин филм дар Русия ва як қатор кишварҳои дигар намоиш дода мешавад.

Румӣ Шоазимов, коргардон, сенариянавис ва хатмкардаи Донишкадаи давлатии умумироссиягии кинематография ба ҳамкориҳои байни Русия ва Тоҷикистон хушбин аст: “Моро таърихи муштарак низ мепайвандад. Тоҷикистон соли 1929 аз Ӯзбекистон ҷудо ва ҷумҳурии соҳибистиқлол шуд, агарчи дар ҳайати ИҶШС буд. Ва бисёре аз синамогарони мо дар Донишкадаи давлатии умумироссиягии кинематография таҳсил кардаанд, аз ҷумла Борис Кимёгаров, Ҳошим Гадоев, Анвар Тӯраев, Марат Орипов, Юнус Юсупов, Соро Сабзалиева, Асланшо ва Фаридуншо Раҳматуллоевҳо, Тоҷиниссо Саидова, Меҳрангез Гасанова, Бахтиёр Худойназаров, Ситора Алиева, Фарҳод Абдуллоев ва дигарон. Онҳо дар таҳкимёбии дӯстии байни халқҳои мо ва инчунин, пешравии синамои тоҷик саҳми арзанда гузоштаанд.

Ман се самти асосии ҳамкориҳои кишварҳои моро дар соҳаи синамо қайд кардан мехоҳам: ҳифз ва рушди фазои башардӯстона дар соҳаи арзишҳои умумии анъанавии оила, дӯстӣ ва эҳтиром ба гузаштаи таърихӣ; рушди сармояи инсонӣ дар асоси эҳтиром ва таҳаммулпазирӣ ба хусусиятҳои иҷтимоии фарҳангҳои гуногун; мустаҳкамкунии робитаҳои байнидавлатӣ ва эътимоди байни халқҳои Русия ва Тоҷикистон, ки таърихи умумӣ доранд.

Чанде пеш ман дар киностудияи «Тоҷикфилм» дар питчинг (муаррифии шифоҳӣ ва визуалии лоиҳаи филм), ки дар он ду кишвар – Русия ва Тоҷикистон иштирок доштанд, ғолибият ба даст овардам. Ҳоло интизори посух аз Вазорати фарҳанги Русия ҳастам. Ва агар ҳамааш хуб равад, пас гурӯҳи муштараки байналмилалии мо бо иштироки синамогарони тоҷику рус як филмеро наворбардорӣ хоҳанд кард”.

Чорабиниҳо дар Русия

Моҳи августи соли 2024 Тоҷикистон дар Фестивали V-и байналмилалии синамоии Lendoc Film Festival (LEFF), ки аз 23-ум то 27-уми август дар шаҳри Санкт-Петербург баргузор гардид, иштирок намуд. Ба барномаи озмунии ҷашнвора 11 филм аз кишварҳои мухталиф, аз ҷумла аз Тоҷикистон  дохил карда шуданд. Дар қатори филмҳои пешниҳодшуда филми «Дар ҷустуҷӯи ҳақиқат»-и коргардон Манзаралӣ Шералӣ, ки аз ҷониби Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» таҳия гардидааст, намоиш дода шуд. Илова бар ин, дар доираи барномаи “Рӯзҳои синамои кишварҳои ИДМ” боз ду филми тоҷикӣ намоиш дода шуд.

Дар тӯли 35 соли охир бори аввал довталабони Тоҷикистон имкон пайдо карданд, ки ба коргоҳи миллии Донишкадаи давлатии умумироссиягии кинематография дохил шаванд. Моҳи августи соли 2024 дар Донишкадаи давлатии умумироссиягии кинематографияи ба номи С. Герасимов коргоҳи миллӣ барои донишҷӯёни тоҷик ифтитоҳ гардид. Қабул ба курсҳои омӯзишӣ таҳти роҳбарии Ҳунарпешаи шоистаи Русия Фарҳод Маҳмудов, ки худ хатмкунандаи ин Донишкада мебошад, сурат мегирад. Имтиҳонҳо дар шаҳри Душанбе баргузор гардида, бар асоси натиҷаҳои интихоб 15 довталаб барои таҳсил дар ин донишкада квота гирифтанд. Ин рӯйдоди муҳим ба шарофати ҳамкории Донишкадаи давлатии умумироссиягии кинематография ва Россотрудничество, ки барои донишҷӯёни тоҷик квотаҳо пешниҳод мекунад, имконпазир гардид. Хатмкунандагони ин донишкада пас аз хатми таҳсил ният доранд ба Тоҷикистон баргашта, соҳаи синамои тоҷикро пеш баранд.

Румӣ Шоазимов инро ҳамчун як имконияти хеле хуб барои мардуми Тоҷикистон арзёбӣ мекунад: “Донишкадаи давлатии умумироссиягии кинематография - ин як боргоҳи эҷодӣ аст, ки ба инсон барои рушд додани қобилиятҳои навоваронаи худ такони бузурги эҷодӣ мебахшад. Дар ин боргоҳ ба донишҷӯён барои ба даст овардани малака ва қобилиятҳои худрушддиҳӣ дар тӯли ҳаёт кумак мерасонанд. Донишкадаи давлатии умумироссиягии кинематография ҳамеша яке аз беҳтарин донишгоҳҳо дар соҳаи синамо ба шумор мерафт. Ректори он Владимир Сергеевич Малишев на танҳо тамоми шароитҳоро барои таҳсилоти босифати донишҷӯён фароҳам оварда, бинои нави бо таҷҳизоти техникӣ ҷиҳозонидашуда,  синфхонаҳо ва толорҳои тамошокунӣ бунёд мекунад, дар баробари ин, бинои кӯҳнаро аз нав барқарор намуда, дар ҳолати пештара нигоҳ медорад. Дар долонҳову синфхонаҳои бинои кӯҳна руҳи (хотираи) устодони мактаби советӣ нигоҳ дошта мешавад. Эйзенштейн, Кулешов, Пудовкин, Довженко, Ромм, Тарковский, Муратова, Бондарчук, Шпаликов, Шукшин, Сокуров, Соловев, Рерберг, Рязанов, Хутсиев, Гайдай, Никулин, Чухрай, Юсов, Абуладзе, Меншов, Соловёв - ин номҳо, ки бо ин донишкада алоқаманд мебошанд, дар саҳифаҳои таърихи синамои ҷаҳонӣ бо ҳарфҳои заррин сабт шудаанд.

Донишкадаи давлатии умумироссиягии кинематография ҳеч гоҳ обрӯи худро аз даст надодааст, зеро дар он ҷо устодоне таълим медиҳанд, ки дорои маҳорату тахассуси баланд буда, касби худро дӯст медоранд. Онҳо шогирдонашонро дар ҳолатҳои душвор ҳамеша бо суханҳои зарурӣ дастгирӣ мекунанд. Масалан, вақте ман кори курсӣ иҷро мекардам, маро ҳунарпешаи машҳур Вера Валентиновна Алентова, ҳамсари устоди ман, ки зани бомаърифат ва дорои хислатҳои қавӣ буд, дастгирӣ мекард. Хушбахтона, ман таҳти роҳбарии коргардони машҳур Владимир Валентинович Меншов, ки барои филми «Москва ба ашкҳо бовар намекунад» ҷоизаи Оскар гирифта буд, таҳсил кардам. Санъати васлу таҳрирро мо аз шахсияти афсонавӣ Владимир Алексеевич Фенченко омӯхтем. Дар баробари ин, дарсҳои коргардониро режиссёри машҳур ва устоди бузург Владимир Иванович Хотиненко, ки як зумра коргардонҳои боистеъдоду дорандагони ҷоизаҳои ҷашнвораҳои гуногунро тарбия кардааст, ба мо таълим додааст.

Машғулиятҳо дар Донишкадаи давлатии умумироссиягии кинематография баъзан аз субҳ то шом давом мекунанд ва пас аз онҳо хоҳ нохоҳ дасти холӣ баромада наметавонӣ.  Баъзан вақте ғамгин мешавам, давраи таҳсиламро дар он ҷо ба хотир меорам ва таъбам болида мегардад. Ман дар синни 17-солагиам ба ин донишкада дохил шудам ва давраи ҷавониамро дар он ҷо хушбахту шавқовар гузаронидам. Ман фахр мекунам, ки хатмкардаи ин мактаби куҳантарини синамо ҳастам.

Кушодани чунин як коргоҳи миллӣ, ки дар он ҷо ҷавонони мо метавонанд истеъдоди худро дар ин касб инкишоф диҳанд, нишонаи хеле хуб аст. Ва агар онҳо аз ҳамаи имтиҳонҳо гузаранду бомуваффақият таҳсил кунанд, пас дар назди онҳо дурнамоҳои хуб барои дарёфти лоиҳаҳои ҷолиб боз мегарданд, зеро ҳангоми ба кор қабул кардан аввал ҷои таҳсили шуморо ба назар мегиранд. Илова бар ин, хонандагон бо фарҳанги дигар, бо диди (фаҳмиши) нерӯи эҷодии дигар ошно хоҳанд шуд ва ин ба онҳо имкон медиҳад, ки чизҳои навро барои худ кашф кунанд. Инчунин, имконияти бештар барои нақш офаридан на танҳо дар филмҳои маҳаллӣ, балки дар филмҳои хориҷӣ низ пайдо хоҳад шуд.

Донишкадаи давлатии умумироссиягии кинематография донишҷӯёни кишварҳои гуногунро бо арзишҳои гуногуни ҷаҳонбинонаи бадеӣ ва мактабҳои кинематографии ҷаҳонӣ шинос мекунад, ин ба онҳо имкон медиҳад, амсилаҳои нави бадеиро дар асоси робитаҳои арзишҳои миллӣ ва байналмилалӣ эҷод ва бунёд кунанд.

Як мисоли мушаххас - хоҳари ман Шоазимова Рафоат, ки дар курси 3-юми шуъбаи сенария ва филмшиносии коргоҳи Татяна Яковлева дар Донишкадаи давлатии умумироссиягии кинематография таҳсил мекунад. Вай тавассути намояндагии Россотрудничество дар Тоҷикистон ба ин донишкада дохил шуд, аз ин рӯ, тамоми имтиҳонҳои дохилшавиро дар шаҳри Маскав супорид. Шумораи фанҳое, ки вай дар он ҷо меомӯзад, аз ҳад зиёд аст: таърихи синамои хориҷӣ ва ватанӣ, санъати киношиносӣ, адабиёти хориҷӣ, адабиёти рус, забони англисӣ, таърихи санъати тасвирӣ, таърих ва назарияи филми ҳуҷҷатӣ, таҳрири сенария, ороиши садоии филм, назария ва таърихи мусиқӣ, фалсафа, таърихи Русия ва ғайраҳо. Ва ҳамаи ин дар сатҳи ниҳоят баланд таълим дода мешавад.

Ба гуфтаи вай, чунин таҳсил на танҳо касро ба олами санъат ғарқ мекунад, балки барои хештангароӣ низ имконият медиҳад. Донишкадаи давлатии умумироссиягии кинематография ҳамчун оғозест, ё нуқтаи истинодест, ки ба кас озодона фикр кардан ва эҷод карданро меомӯзонад”.

Моҳҳои октябр-ноябри соли 2024 дар Донишкадаи давлатии умумироссиягии кинематография Фестивали байналмилалии филмҳои донишҷӯёни кишварҳои ИДМ таҳти унвони «Тулуъ» баргузор гардид, ки 12 мактаби синамои кишварҳои мухталифи Иттиҳодро ба ҳам ҷамъ овард. Дар ин чорабинӣ синамогарони ҷавони тоҷик низ фаъолона иштирок намуда, филмҳои худро ба диққати ҳакамон ва тамошобинон пешниҳод намуданд. Комрон Саидмуродов барои иҷрои нақши Труффалдино дар намоишномаи «Турандот», ки аз ҷониби коргоҳи Ҳунарпешаи шоистаи Русия Фарҳод Маҳмудов ба саҳна гузошта шудааст, сазовори диплом гардид. Намоишнома инчунин, сазовори ҷоизаи ҳусни таваҷҷуҳи тамошобинон гардид, ки ин аз сатҳи баланди омодагии донишҷӯёни тоҷик ва қобилияти дар ҳайратгузории онҳо шаҳодат медиҳад.

Ҷашнвораи «Тулуъ» як майдони муҳим барои табодули таҷриба ва таҳкими робитаҳои фарҳангии байни синамогарони ҷавони кишварҳои ИДМ гардид. Иштироки донишҷӯёни тоҷик дар ин чорабинӣ на танҳо истеъдод ва маҳорати касбии онҳоро, балки аҳамияти ҳамкориҳои байналмилалиро дар соҳаи синамо нишон дод.

Дар хотима бояд гуфт, ки синамо ва театр ҳамчун як пули муҳим дар равобити фарҳангии Русия ва Тоҷикистон гардидаанд. Тӯли солҳои зиёд коргардонҳо, актёрон, балетмейстерон ва бастакорони рус дар тараққиёти синамо ва санъати театрии тоҷик, инчунин дар ташаккул ва таҳаввулоти он саҳми арзанда гузоштаанд.

Садаф НАЗАРОВА

Dialog.TJ

Хатти хабарҳо

09.07.2025 11:29

Вазири собиқи Афғонистон: “Ба расмият шинохтани Толибон аз ҷониби Русия “бозии амниятмеҳвар” аст”

Русия ба таври расмӣ ҳукумати Толибонро дар Афғонистон ба расмият шинохт ва ба сафири ин гурӯҳ Гул Ҳасан иҷоза дод, ки дар сафорати Афғонистон дар Маскав фаъолият кунад. Ин хабар, ки аз сӯи хабаргузории ТАСС бо такя ба Вазорати корҳои хориҷии Русия нашр шуд, вокунишҳои густурдаеро дар Афғонистон ба миён овард.
09.07.2025 11:15

Чиниҳо бо лазер ба ҳавопаймои олмонӣ ҳамла карданд

Киштии ҷангии Чин дар обҳои байналмилалии Баҳри Сурх бо лазер ба ҳавопаймои ҷосусии Олмон ҳамла кардааст. Вазорати корҳои хориҷии Олмон сафири Чин дар Берлинро даъват карда, ин иқдоми Чинро маҳкум кардааст. Чин бошад, ин иттиҳомро рад менамояд.
09.07.2025 10:54

Моҳи сентябр дар Душанбе намоишгоҳи бузурги сайёҳӣ бо иштироки 200 ширкати сайёҳӣ баргузор мегардад

Намоишгоҳи сайёҳии Душанбе “DITE-2025” аз 18 то 20-уми сентябри соли 2025 дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва бо дастгирии ширкати сайёҳии “Сомон Трэвел” баргузор мегардад.
09.07.2025 07:40

Ранги сабзу сурх. Кай натиҷаи озмуни тақсимоти асосии довталабон маълум мегардад?

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки 25-уми июли соли равон натиҷаи озмуни тақсимоти асосии довталабон дар Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи паёмак (sms) ба ҳар довталаб ирсол мегардад.
08.07.2025 13:56

Тоҷикистон мехоҳад бо баргузории нахустин форуми нассоҷӣ сармоягузории хориҷиро ҷалб кунад

Дар пойтахти Тоҷикистон рӯзи сешанбе нахустин Форуми байналмилалии нассоҷӣ ва Намоишгоҳи таҷҳизот ва маҳсулоти нассоҷӣ ифтитоҳ гардид: иқдоме, ки мақомот онро як қадами муҳимми стратегӣ дар роҳи саноатишавии кишвар арзёбӣ мекунанд.
08.07.2025 13:46

Дар як амалиёти Ҳамос 20 низомии исроилӣ дар Ғазза куштаву захмӣ шудааст

Дар натиҷаи як амалиёти муштараки ҷангиёни фаластинӣ дар Навори Ғазза тақрибан 20 низомии исроилӣ захмӣ шудаанд, ки ҳолати 4 нафари онҳо бисёр вазмин арзёбӣ мегардад. Эҳтмоли афзоиши теъдоди қурбониён хеле зиёд аст.
08.07.2025 11:55

Трамп ба маҳсулоти воридотӣ аз Қазоқистон 25% боҷи гумрукӣ ҷорӣ кард

Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Доналд Трамп бо содир кардани як қарор расман эълон кард, ки аз 1-уми августи соли 2025 ба воридоти тамоми молҳои истеҳсолии Қазоқистон боҷи гумрукӣ дар ҳаҷми 25% ҷорӣ мекунад. Ин иқдом, ба гуфтаи ӯ, посух ба “сиёсати нобаробарии тиҷоратӣ ва мавҷудияти монеаҳои гумрукӣ ва ғайригумрукӣ аз ҷониби Қазоқистон” аст.
08.07.2025 11:42

Озода Махкамова: “Аввал таҳсилу таҷрибаомӯзӣ баъд хизмат ба Ватан”

Тайи солҳои охир бо ташаббуси Ҳукумати мамлакат бо даҳҳо кишвари пешрафтаи дунё созишнома имзо гардида, ҷавонони зиёд аз ҳисоби бурсияҳои барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудошуда дар он давлатҳо таҳсил карда истодаанд. Ин иқдом ба ҷавонони тоҷик имкон медиҳад, ки бештару беҳтар касбҳои бозоргирро дар беҳтарин муассисаҳои олии касбӣ аз худ карда, мутахассиси сатҳи баланд гарданд. Дар ҳоли ҳозир зиёда аз 42 ҳазор ҷавони тоҷик дар макотиби миёна ва олии касбии хориҷи кишвар таҳсил карда истодаанд, ки умед аст пас аз хатм ба Ватан баргашта, дар соҳаҳои гуногун фаъолият менамоянд.
08.07.2025 11:35

Путин: “БРИКС дар ҳоли табдил шудан ба як қувваи ҷаҳонии воқеӣ аст”

Владимир Путин, президенти Федератсияи Русия дар як паёми видеоӣ ба Маҷлиси умумии гурӯҳи БРИКС дар шаҳри Рио-де Жанейро аз нуфуз ва иқтидори афзояндаи ин эътирофи иқтисодиву сиёсӣ сухан гуфт. Ба гуфтаи ӯ, БРИКС имрӯз дигар на фақат як платформаи минтақавӣ нест, балки ба як маркази таъсиргузори ҷаҳонӣ табдил меёбад, ки метавонад ҷойгузини сохторҳои суннатии ҷаҳонӣ шавад.
08.07.2025 11:23

“Ҳизби Амрико”. Илон Маск бар зидди низоми дуҳизбии Амрико қиём мекунад

Илон Маск, сарватмандтарин марди ҷаҳон ва мудири иҷроияи ширкати Тесло бо эълони таъсиси ҳизби сиёсие бо номи “Ҳизби Амрико” низоми сиёсии дуҳизбии Иёлоти Муттаҳидаро таҳти суол қарор дод. Ӯ ин иқдомро посухе ба “низоми фасодзадае, ки дигар мардуми Амрикоро намояндагӣ намекунад” унвон кард.