Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалии китоб дар Алмаато: муаррифии китобҳои тозанашрҳо ва мероси фарҳангӣ
Дар самти рақамикунонии соҳаи фарҳанг Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии «Доирабазм» доир мегардад
Масъалаи иштироки ҳунармандони Тоҷикистон дар чорабиниҳои байналмилалӣ баррасӣ гардид
"Парасту-2025". Беҳтаринҳо муайян шуданд
21-уми апрел дар Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими ҷамъбасти Фестивал-озмуни театрҳои касбӣ - "Парасту" доир гашт.
Шоҳҷоизаи озмуни мазкурро Театри академӣ-драммавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ барои намоиши "Достони Сиёвуш” ба даст овард.
Ҳамин тариқ, Театри мусиқӣ - мазҳакавии ба номи М. Назарови шаҳри Хоруғ барои намоиши "Ял" сазовори ҷойи якум, Театри ҷумҳуриявии мусиқӣ - драмавии ноҳияи Данғара барои намоиши "Ривояти суғдӣ" сазовори ҷойи дуюм ва Театри мусиқӣ-драммавии ба номи Т. Фозилови шаҳри Конибодом барои намоиши "Бозгашт" сазовори ҷойи сеюм гардиданд.
Ҳамчунин, Тоҳир Меликов аз Театри ӯзбекии драмавӣ - мусиқии ба номи Бурҳонови ноҳияи Спитамен - ҷоизаи беҳтарин нақши эпизодӣ, Фарангис Саидзода барои нақши Томирис дар намоиши "Куруши Кабир"-и Театри опера ва балет - ҷоизаи беҳтарин нақши балет, Рухшона Улфатова барои нақши Татяна дар намоиши "Сергей Есенин"-и Театри Аҳорун - ҷоизаи беҳтарин нақши занона, Хуршед Мустафоев барои намоиши “Пир во время чумы” аз Театри давлатии драмавии русии ба номи В. Маяковский - ҷоизаи беҳтарин нақши мардона сазовор дониста шуданд.
Ёдовар мешавем, ки аз 14-ум то 21-уми апрел Фестивал-озмуни театрҳои касбӣ - "Парасту" бо иштироки 18 театри касбӣ баргузор гашт.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Хизматчиёни давлатӣ барои таҳсил дар магистратура ба Ҷопон фиристода мешаванд
Мулоқоти Файзалӣ Идизода бо раиси Маҷлиси Туркманистон Дунёгузел Гулманова
Дар 9 моҳ нақшаи даромади буҷети давлатӣ 114,9 фоиз таъмин гардид
Чаро “идеологияи миллӣ” дар паси таблиғоти “диндору бедин” ранг мебозад?