20 Ноябр 2026,
ҷумъа, 12:51, Душанбе
29.07.2025 15:08

Тоҷикфилм 16 филм ба навор мегирад. Эрон ва Русия лоиҳаҳои муштаракро амалӣ мекунанд

Санъати кинои Тоҷикистон дар соли 2025 дар доираи Барномаи рушди кино барои солҳои 2023-2027 ва нақшаи татбиқи он барои солҳои 2023-2025 бо суръат рушд мекунад.

Тибқи натиҷаҳои озмуни филмномаҳо, ки аввали соли ҷорӣ доир гашт, аз 22 пешниҳоди расида, 16 лоиҳа барои истеҳсол тасдиқ шуд: 6 филми бадеии пурра, 7 филми мустанад, 1 филми тасвирӣ ва 2 лоиҳаи дигар дар марҳилаи тасдиқ қарор доранд.

Дар миёни филмҳои бадеӣ, ки ҳоло дар марҳилаи истеҳсол қарор доранд, драмаи таърихию ватандӯстонаи “Моҳӣ барои рафиқ Черчилл” мебошад, ки ба 80-солагии Ғалаба дар Ҷанги ҷаҳонии дуюм бахшида шудааст. Ҳамчунин, филми “Хоби сурх” (коргардон Соҳибёр Толиб) дар бораи сарбози пешин, ки пас аз ҷанг дар Афғонистон гирифтори бемории руҳӣ шудааст ва лоиҳаи муштараки Тоҷикистону Русия “Роҳи хашм”, ки ҳоло дар марҳилаи пас аз истеҳсол аст, зикр мешаванд.

Филми муштараки Тоҷикистон, Русия ва Эрон бо номи “Моҳича дар шаст” ҳоло ба анҷом расида, барои намоиш омода мешавад. Лоиҳаи дигари муштарак – филми таърихии “Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ” бо ҳамкории Ӯзбекистон таҳия шуда истодааст. Наворбардорӣ аз 1-уми августи соли ҷорӣ оғоз шуда, то поёни моҳи сентябр идома хоҳад ёфт. Барои ин лоиҳа 1500 адад реквизит, 750 либос, аз ҷумла 400 халат ва беш аз 300 кӯлоҳ омода шудааст.

Дар бахши филмҳои мустанад, филмҳои зиндагинома ва фарҳанги таърихӣ зикр шудаанд: “Ҳофизи Шерозӣ – пайванди тамаддунҳо”, “Абуалӣ ибни Сино”, “Қаҳрамони Тоҷикистон – Бобоҷон Ғафуров”, “Қалъаи Хуҷанд”, ҳамчунин, филми “Лонаи обӣ”, ки ба масъалаи ҳифзи пиряхҳо бахшида шудааст ва ҳоло дар марҳилаи наворбардорӣ қарор дорад.

Ягона филми тасвирии тасдиқшуда “Нахудак” аст, ки бар асоси афсонаҳои халқи тоҷик таҳия мегардад. Қисми дуюми он то охири соли ҷорӣ ба анҷом мерасад.

Кинои тоҷик дар соли 2025 дар як қатор ҷашнвораҳои байналмилалӣ низ ширкат дошт. Филми “Дар ҷустуҷӯи ҳақиқат” (коргардон Манзаралии Шералӣ) дар Ҷашнвораи кинои Авруосиё ҷоизаи “Беҳтарин сенария” –ро ба даст овард ва дар Бишкек бо диплом қадрдонӣ гардид. Филми “Зиндагӣ зебост” (коргардон Далер Раҳматов) дар Ҳиндустон бо ҷоизаи махсуси ҳакамон ва мукофоти молӣ қадрдонӣ гардид.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

20.11.2026 12:04

Хизматчиёни давлатӣ барои таҳсил дар магистратура ба Ҷопон фиристода мешаванд

Имрӯз, 20-уми ноябр бо мақсади ҷалби бештари довталабон ва интихоби номзадҳои болаёқат аз ҳисоби хизматчиёни давлатӣ барои давраи нави таҳсили солҳои 2027-2029 дар зинаи магистратураи донишгоҳҳои Ҷопон, дар доираи Лоиҳаи пешниҳоди стипендияҳо барои омодасозии кадрҳо (Лоиҳаи JDS) дар Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинӣ гардид.
20.11.2026 09:04

Дар 9 моҳ нақшаи даромади буҷети давлатӣ 114,9 фоиз таъмин гардид

Таҳти раёсати муовини якуми раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён муҳокимаи парламентӣ «Оид ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026» дар 9 моҳи соли 2026» баргузор гардид.
20.11.2026 09:01

Чаро “идеологияи миллӣ” дар паси таблиғоти “диндору бедин” ранг мебозад?

Тоҷикистони имрӯзӣ, ки тақрибан як аср қабл онро кишвари коммунистӣ мешинохтанд, бар асоси идеологияи коммунистӣ ё ба истилоҳи рӯшанфикрони “нав ба исломрасида”-и тоҷик “кишвари атеистӣ” ба ҳайси як давлату миллат дар ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ ташкил карда шуд.
19.11.2026 17:28

Дидори таърихии Трамп, Ҷинпин, Путин ва саволҳои беҷавоб дар бораи Украина

Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Чин ва Русия дар аввалин нишасти сеҷонибаи “таърихии” худ дар шаҳри Шенҷени Чин масъалаҳои вобаста ба ҷанги Украина, назорати силоҳи атомӣ, амнияти байналмилалӣ ва таъмини бозорҳои ҷаҳонӣ бо захираҳои энергетикиро баррасӣ карданд.
19.11.2026 15:05

Тоҷикистон ташаббуси лоиҳаҳои муштарак барои ҳифзи кӯҳҳо ва чарогоҳҳоро пешниҳод кард

Тоҷикистон бо Қирғизистон ва Ӯзбекистон мехоҳад барои барқарор намудани чарогоҳҳои харобшуда ва ҳифзи экосистемаҳои кӯҳӣ барномаҳои муштарак таҳия кунад. Дар ин барнома таваҷҷуҳи асосӣ ба водии Фарғона ва минтақаҳои кӯҳии атрофи он равона хоҳад шуд.
19.11.2026 15:00

Як сокини маҳаллӣ дар Ӯзбекистон ба гумони додани таълимоти динӣ ба 7 кӯдаки тоҷик боздошт шудааст

Дар вилояти Намангони Ӯзбекистон як сокини маҳаллӣ бо гумони ташкил намудани таълими ғайриқонунии динӣ барои 12 нафар боздошт шудааст. Ҳафт нафари ин кӯдакон аз кишвари Тоҷикистон будаанд. Ин сокини маҳаллӣ барои таълим аз ҳар як кӯдак 100 доллар маблағ мегирифтааст.
19.11.2026 14:54

Вазири қазоқ: Фаъолияти гурӯҳҳои террористӣ дар Афғонистон ва густариши ақидаҳои ифротӣ амнияти Осиёи Марказиро таҳдид мекунанд

Қазоқистон аз ҷомеаи байналмилалӣ хост, ки барои муқобила бо хатарҳои амниятии вобаста ба Афғонистон муттаҳидона чораандешӣ кунанд.
19.11.2026 13:19

СММ: террористон дар Афғонистон ба силоҳҳои тактикӣ дастрасӣ пайдо кардаанд

Гурӯҳҳои террористии фаъол дар хоки Афғонистон ба таҷҳизоти муосири тактикӣ, аз ҷумла паҳбодҳо дастрасӣ пайдо кардаанд. Дар ин бора Александр Зуев, муовини дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо терроризм хабар додааст.