14 Октябр 2026,
чоршанбе, 13:19, Душанбе
14.10.2026 11:42

Филми эронии “Қиморбоз” дар ҷашвораи “Тоҷи Сомон”-и Душанбе намоиш дода мешавад

Дар шаҳри Душанбе филми “Қиморбоз”-и коргардони эронӣ Муҳсин Баҳорӣ дар доираи ҷашнвораи сеюми миллии синамои “Тоҷи Сомон” намоиш дода мешавад.

Намоиши филми “Қиморбоз” дар доираи барномаи “Рӯзи синамои Эрон” баргузор мешавад. Филми мазкурро Бунёди синамои Форобӣ таҳия карда ва Саъҷод Насруллоҳи Насаб продюсери он аст.

Бар асоси гузориши расонаҳои эронӣ дар доираи ҷашнвораи “Тоҷи Сомон” ҳар сол филмҳои истеҳсоли Эрон муаррифӣ карда мешавад. Ҳадафи ин иқдом густариш додани ҳамкориҳои фарҳангиву ҳунарӣ ва фароҳам намудани замина барои ошноии тамошобинон бо дастовардҳои синамои кишварҳои дигар мебошад.

Филми “Қиморбоз” қаблан дар чандин чорабиниҳои байналмилалӣ низ намоиш дода шуд ва сазовори ҷоизаҳо низ гардидааст. Ин филм дар ҷашнвораи байналмилалии “Он сӯйи кӯл” дар Македонияи Шимолӣ ҷоизаи махсуси ҳайати доваронро гирифт.

Ҳунарпешаи Эронӣ Шабнам Қурбонӣ, ки дар ин филм нақш офаридааст, дар ҷашнвораи филмҳои Созмони ҳамкории Шанхай дар Бишкек ҷоизаи “Турнаи тилоӣ”-ро гирифт.

Соли гузашта, дар даври дуюми ҷашнвораи “Тоҷи Сомон” филми “Шаҳсавор”, ки коргардонаш Ҳусейн Намозӣ аст, дар қисмати озмун намоиш дода шуд.

Ҳар сол дар доираи ҷашнвораи “Тоҷи Сомон” дар шаҳри Душанбе “Рӯзи синамои Эрон” баргузор мешавад. Имсол “Рӯзи синамои Эрон” аз 15 то 20-уми октябр дар шаҳри Душанбе доир хоҳад шуд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

14.10.2026 12:23

Иштироки Рустами Эмомалӣ дар маросими ифтитоҳи Академияи футболи ВМКБ

Имрӯз, 14-уми октябр президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар маросими ифтитоҳи Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки дар ноҳияи Дарвоз баргузор гардид, иштирок намуд.
14.10.2026 12:14

Дипломати рус: Дар ҳамлаи Украина ба хоки Русия кӯдакону ғайринизомиён кушта мешаванд

Радион Мирошник, дипломати рус мегӯяд, дар натиҷаи ҳамлаҳои як ҳафтаи ахири Украина ба хоки Русия 52 ғайринизомӣ, аз ҷумла 5 кӯдак куштаву 270 нафари дигар захмӣ шудаанд.
14.10.2026 10:08

Имсол дар хиёбони Саъдӣ Шерозӣ сохтмони эстакада ва як пули автомобилгард оғоз мегардад

Тибқи қарордоди миёни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, консортсиуми ҶСК «Тоҷикгидроэлектромонтаж», ширкати чинии «Heze Urban Construction Engineering Development Group Co., Ltd (HUCG)» ва Гуруҳи татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳои шаҳри Душанбе то охири соли равон сохтмони як гузаргоҳ (эстакада) ва як пули автомобилгард дар хиёбони Саъдӣ Шерозӣ оғоз мегардад.
14.10.2026 09:47

Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи ҳуқуқҳои маъюбонро Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намуд

13-уми октябр бо ташаббуси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Дафтари Барномаҳои Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон ва Ташкилоти ҷамъиятии «Иттиҳодияи миллии маъюбони Тоҷикистон» бо мақсади роҳандозӣ намудани муколамаи мустақим миёни мақомоти қонунгузор, иҷроия, шарикони рушд ва ҷомеаи шахсони маъюбиятдошта дар мавзуи «Тасдиқи Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон-ташаббуси навбатии Тоҷикистон дар татбиқи Ҳадафҳои Рушди Устувор» мизи мудаввар баргузор гардид.
14.10.2026 09:44

Имтиёз ба Русия ва фишор ба Киев. Трамп ба Зеленский: “Вақти рафтан фаро расид”

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар як қарор маҳдудиятҳои фурӯши сӯзишвории дизелии Русияро бекор кард ва ҳамлаи Украина ба полоишгоҳҳои нафти Русияро маҳдуд намуд.
14.10.2026 09:13

Аврупо аз наздикшавии эҳтимолии Вашингтон ва Маскав нигарон аст

Дидори намояндагони Украина, Аврупо ва Амрико дар Флорида тақрибан 6 соат идома ёфт. Қисми зиёди он ба баррасии масъалаҳои асосии созиши сулҳи эҳтимолӣ, аз ҷумла ояндаи қаламравҳои мавриди баҳс ва имкони узвияти Украина дар Иттиҳоди Аврупо бахшида шудааст.
14.10.2026 09:02

Вақте журналист ҷосус мешавад. Русия як журналисти ҷопониро боздошт кард

Як журналисти ҷопонӣ ба иттиҳоми ҷосусӣ дар ҷазираи Сахалин аз ҷониби мақомоти амниятии Русия боздошт шудааст. Ӯ дар ҷараёни ҷамъоварии иттилоот дар хусуси иқтидори ҳарбии Русия боздошт шудааст.
14.10.2026 08:55

Ҳамлаи мушакии Яман ба Риёз: 4 нафар захмӣ ва 15 хона осеб дидаанд

Дар натиҷаи ҳамлаҳои мушакии неруҳои мусаллаҳи Яман ба шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ 4 нафар захмӣ ва 15 хона осеб дидаанд. Гуфта мешавад, ки пораҳои мушакҳои раҳгиришуда ба маҳалли истиқоматии Риёз афтодаанд.
14.10.2026 06:35

Толибон: Итминон медиҳем, ки аз тарафи Афғонистон ба хоки Тоҷикистон ҳеч осебе нахоҳад расид

Мақомоти гурӯҳи террористии Толибон ба расонаҳои афғонистонӣ гуфтаанд, ки дар марзи Тоҷикистону Афғонистон таҳдиди ҷиддии амниятӣ вуҷуд надорад ва марз дар зери назорати мақомоти ду кишвар аст.
13.10.2026 13:46

“Нафси боиштиҳо”-и мошинҳо мақомоти Тоҷикистонро ба сӯйи Эрону Амрико мекашад

Коҳиш ёфтани содироти сӯзишвории дизелӣ аз Русия ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, мақомоти ин кишварҳоро водор кардааст, ки роҳҳои алтернативии таъмини бозори дохилӣ бо сӯзишвории дизелиро пайдо намоянд.
13.10.2026 13:45

Сафари Президенти кишвар ба Шаҳринав аз боздиди Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода оғоз шуд

Имрӯз, 13-уми октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ифтитоҳи як қатор иншооти соҳаҳои гуногун ва шиносоӣ бо вазъи зиндагии сокинон ба ноҳияи Шаҳринав сафар карданд.