11 Ноябр 2026,
чоршанбе, 11:39, Душанбе
11.04.2025 15:10

Шигифтии эрониҳо аз бозии чор бозингари тоҷик дар сериали “Пойтахт”

Ҳузури чор ҳунарпешаи шинохтаи тоҷик – Қурбон Собир, Таҳмина Раҷабова, Моҳпайкар Ёрова ва Манучеҳр Ҳабибов дар сериали телевизионии “Пойтахт” –и Эрон бинандагонро шигифтзада кардааст.

Дар силсилафилми телевизионии “Пойтахт” як хонаводаи чор нафараи тоҷик ҳамроҳ мешавад ва дар идома лаҳзаҳои ҷолибу диданӣ ба вуҷуд меояд. Бархе киношиносони эронӣ аз ҳузури ҳунармандони тоҷик дар ин сериал интиқбол намуда, бархеи дигар гуфтаанд, ки пайвастани як хонаводаи тоҷик моҳияти сериалро, ки муҳити Мозандарони Эронро ба намоиш мегузорад, сунъӣ нишон медиҳад.

Ҳунармандони тоҷик ҳамчун хонаводаи чорнафараи тоҷик вориди қисса гардида, бо хонаводаи Муамалӣ (Нақӣ) робита барқарор мекунанд.

Дар сериали “Пойтахт” дар вақти ба меҳмонӣ омадани оилаи тоҷик ба назди Нақӣ саҳнае нишон дода мешавад, ки дар он паридани кӯлоҳи Шамшер (исми қаҳрамони филм, ки Қарбони Собир нақш меофарад) зоҳир мешавад, ки ӯ “тату”-и коммунистӣ дорад. Маълум мегардад, ки ӯ дар замони боздошт аз сӯйи коммунистон Иттиҳоди Шӯравиро дар сараш “тату” (холкӯбӣ) кардааст. Ӯ бо ҳадафи коштани мӯй ба Теҳрон омода, вале қабл аз он ба меҳмонӣ ба хонаи Муамалӣ меравад.

Расонаҳои Эрон дар мавриди ҳунарпешаҳои тоҷик, ки дар ин силсилафилм нақш бозидаанд, маълумот дода ва аз ҳузури онҳо дар сериали эронӣ истиқбол намудаанд.

Сериали телевизионии “Пойтахт” яке аз сериалҳои сербинандаи Эрон аст, ки имрӯз аз сӯйи шабакаҳои телевизионии ин кишвар пахш шуда, мавриди писанди тамошобинон воқеъ шудааст.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

11.11.2026 11:15

Котиби Шурои амнияти Эрон: “Посухи Амрико фиребкорона аст. Бо Вашингтон музокира надорем

Муҳсин Ризоӣ, китоби Шурои олии амнияти миллии Эрон гуфт, ки посухи Иёлоти Муттаҳида ба ҳафт шарти пешниҳоднамудаи Теҳрон қонеъкунанда нест. Ӯ гуфт, то замони иҷрои талабҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз нахоҳад шуд ва ҳоло миёни ду кишвар ҳеч гуна гуфтугӯ идома надорад.
11.11.2026 11:01

Путин: “Мавзуи иқтисод ва амният дар меҳвари нишасти СААД қарор мегирад”

Владимир Путин, раисҷумҳури Федератсияи Русия гуфт, ки нишасти навбатии Созмони аҳдномаи амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) на фақат ба масъалаҳои амниятӣ, балки ба ҳамкориҳои иқтисодӣ ва башардӯстонаи кишварҳои узв низ бахшида мешавад.
11.11.2026 10:54

Дар Москва ҷанбаҳои муҳимми амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ баррасӣ гардид

10-уми ноябр дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин дар нишасти муштараки Шурои вазирони корҳои хориҷӣ, Шурои вазирони мудофиа ва Кумитаи котибони Шурои амнияти Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) иштирок кард.
11.11.2026 09:12

Вазири молияи Амрико аз тарси таҳдиди Эрон ба пойгоҳи низомӣ паноҳ гирифт

Скотт Бессант, вазири молияи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баъди дарёфти таҳдидҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон аз тарс манзили зисташ дар Вашингтонро тарк кард. Ӯро ба як пойгоҳи низомӣ интиқол додаанд.
11.11.2026 09:05

Саршумори бузи кӯҳии морхӯр дар Тоҷикистон дар 30 сол 10 баробар зиёд шудааст

Саршумори бузи нодири кӯҳии морхӯр ё пармашох дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар се даҳсолаи ахир дар натиҷаи амалӣ намудани барномаҳои ҳифзи муҳити зист ва ҷалби сокинони маҳаллӣ 10 баробар зиёд шудааст. Имрӯз саршумори он дар Тоҷикистон аз 7 ҳазор сар гузаштааст. Ин дар ҳолест, ки дар солҳои 1990 саршумори он 500 сар шумурда мешуд.
11.11.2026 08:54

71 фоизи амрикоиҳо дар як назарсанҷӣ хостори поёни ҷанги Эрон шуданд

Натиҷаҳои як назарсанҷии нави “Ройтерз-Ипсос” (Reuters/Ipsos) нишон медиҳанд, ки аксарияти шаҳрвандони ИМА аз Конгресси ин кишвар талаб доранд барои хотима додан ба ҷанг бо Эрон чора андешад.
11.11.2026 08:00

Ироқчӣ ба Трамп: Ҷанг ва таҳримҳо моро ба созиш водор намекунанд

Сайид Аббос Ироқчӣ, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо ҳамлаҳои низомиву фишорҳои иқтисодӣ наметавонад Теҳронро ба қабули шартҳои Вашингтон водор кунад. Ӯ аз ҳукумати Доналд Трамп хост, ки барои ҳалли низоъ ба ҷои таҳдид аз роҳи дипломатия истифода кунад.
11.11.2026 07:43

Тоҷикистон дар Конфронси Доҳа ояндаи алоқаи ҷаҳонӣ ва рушди технологияҳои рақамиро баррасӣ кард

Намояндаи Тоҷикистон дар шаҳри Доҳаи Қатар дар Конфронси ваколатдорони Иттиҳоди байналмилалии алоқа (ITU) ширкат намуда, масъалаи ҳамкориҳо дар самти рушди соҳаи алоқаро баррасӣ кард.
10.11.2026 18:22

Раёсати созмони СААД ба Тоҷикистон мегузард. Президентҳои аъзои СААД дар Маскав чиро баррасӣ мекунанд?

Сарони кишварҳои узви Созмони аҳдномаи амнияти Дастаҷамъӣ имрӯз, 10-юми ноябр бо сафари расмӣ барои ширкат дар нишасти ин созмон ба шаҳри Маскав сафар карданд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарони дигари кишварҳои узви ин созмон аллакай озими Русия шуданд.
10.11.2026 18:10

Намояндаи Путин бо Толибон дар бораи ҳамкориҳои тиҷоратӣ ва мубориза бо маводи мухаддир гуфтугӯ кард

Замир Кобулов, намояндаи вижаи президенти Федератсияи Русия Владимир Путин рӯзи 10-юми ноябр дар Кобул бо Вазири корҳои хориҷии гурӯҳи террористии Толибон Амирхон Муттақӣ мулоқот намуда, дар баробари масъалаҳои сиёсиву иқтисодӣ, вазъияти мубориза бо маводи мухаддирро баррасӣ намуд.
10.11.2026 15:53

Сафари кории Президенти кишвар ба Федератсияи Русия

Имрӯз, 10-уми ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар ҷаласаи навбатии Шурои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба шаҳри Москваи Федератсияи Русия сафар карданд.