27 сол барои ба тасвир овардани таърих: қиссаи ҷолиби як тханкаи 618-метраи Тибет
“Манам фарзанди Истиқлол” дар арафаи 35-солагии Истиқлол чоп шуд
Ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Варзишгоҳи миллӣ барномаи фарҳангӣ баргузор гардид
Китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров ба забони олмонӣ тарҷума шуд
Ғолибони Синамоҷашнвораи дуюми байналмилалии Душанбе — «Тоҷи Сомон» маълум шуданд
19-уми октябр маросими ҷоизасупории Синамоҷашнвораи дуюми байналмилалии Душанбе — «Тоҷи Сомон» дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ доир гардид.
Дар маросими мазкур «Шоҳҷоиза барои беҳтарин филми ҳунарӣ» ба коргардони тоҷик Муҳиддини Музаффар барои филми «Моҳӣ дар шаст» тақдим гардид.
Гуфта мешавад, ки бинобар қарори ҳайати ҳакамон ҷоизаи “Беҳтарин коргардон” ба Алексей Герман аз Русия барои филми «Ҳаво», ҷоизаи “Беҳтарин наворбардор” ба Константин Бесаҷе аз Беларус барои филми «Қасри сиёҳ», ҷоизаи «Беҳтарин оҳангсоз» ба Фарзин Халакбар аз Эрон барои филми «Моҳи дар шаст», ҷоизаи “Беҳтарин нақши мардона” ба Алтаншагай Ганбаатр аз Муғулистон барои филми «Падар», ҷоизаи “Беҳтарин нақши занона” ба Анастасия Тализина аз Русия барои филми «Ҳаво» ва ба Таҳмина Раҷабова аз Тоҷикистон барои филми «Хоби сурх» дода шуд.
Ҳамин тавр, филми кӯтоҳи «Занги шомгоҳӣ»-и коргардони қирғиз Саодат Казакбаева сазовори ҷоизаи “Беҳтарин филми ҳунарии кӯтоҳ” гардида, филми қазоқии «Шаҳрвандони бом» ҷоизаи махсуси ҳакамонро соҳиб гардид.
Ҳамчунин, ҷоизаи махсуси раиси шаҳри Душанбе “Барои саҳми муносиб дар рушди кинематография” ба Турахон Аҳмадхонов аз Тоҷикистон тақдим гардид.
Ёдовар мешавем, ки дар озмунҳои Синамоҷашнвораи дуюми байналмилалии Душанбе — «Тоҷи Сомон» 16 филми ҳунарии пурра ва 20 филми ҳунарии кӯтоҳ барои иштирок иштирок намуданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Иддаои Трамп: “Ҷанг бо Теҳрон ба зудӣ поён хоҳад ёфт”
Маркази хабарнигорони Афғонистон: тақрибан 300 хабарнигор ва корманди расонаӣ аз сӯйи Толибон боздошт шудаанд
Пешниҳоди Тоҷикистон ба Кореяи Ҷанубӣ: метавонем таъминкунандаи боэътимоди дарозмуддат бошем
Британия таҳримҳои нави ҷоринамуда бар зидди Эронро ба иҷро даровард