Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи ҳуқуқҳои маъюбонро Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намуд
Сафари Президенти кишвар ба Шаҳринав аз боздиди Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода оғоз шуд
Дар баъзе кӯчаҳои ду ноҳияи Душанбе барқ муваққатан хомӯш мешавад
Озмуни ҷумҳуриявии “Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат” ҷамъбаст шуд
Дар кинотеатри «Ватан» корҳои навсозӣ ва муҷаҳҳазгардонии техникӣ ба анҷом расид
Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» корҳои навсозӣ ва муҷаҳҳазгардонии техникии кинотеатри «Ватан»-ро пурра ба анҷом расонид.
Бинобар иттилои маркази матбуоти «Тоҷикфилм», бори аввал дар Тоҷикистон толори кино бо таҷҳизоти муосир ва технологияҳои сатҳи ҷаҳонӣ ба истифода омода гардида, барои баргузории нахустнамоиши филмҳои миллӣ ва байналмилалӣ, фестивалҳо, форумҳо ва рӯзҳои кинои кишварҳои хориҷӣ имконияти нав фароҳам шуд.
Гуфта мешавад, ки Лоиҳаи модернизатсияи кинотеатри «Ватан» дар асоси Созишномаи №67 аз 10 ноябри соли 2025 миёни Фонди кинои Русия ва Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» амалӣ гардидааст.
“Толори нав бо проектори лазерии рақамии BARCO SP2K-11S ва сервери Alchemy ICMP-X муҷаҳҳаз гардида, стандарти байналилалии намоиши филмҳо — DCP (Digital Cinema Package)-ро пурра дастгирӣ мекунад. Барои таъмини садои босифат ва фарогир низоми касбии Enpar Audio Dolby Digital 7.1 бо 23 баландгӯяк, аз ҷумла акустикаи атроф ва сабвуферҳо, насб шудааст”, - навиштааст манбаъ.
Иттилоъ дода мешавад, ки филмҳо дар экрани касбии калон бо андозаи 10,3 ба 5,7 метр намоиш дода мешаванд. Барои тамошобинон 250 курсии нави кинотеатри модели Xinxi-1 насб гардида, барои шахсони дорои имконияташон маҳдуд ҷойҳои махсус пешбинӣ шудаанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Имсол дар хиёбони Саъдӣ Шерозӣ сохтмони эстакада ва як пули автомобилгард оғоз мегардад
Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи ҳуқуқҳои маъюбонро Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намуд
Имтиёз ба Русия ва фишор ба Киев. Трамп ба Зеленский: “Вақти рафтан фаро расид”
Аврупо аз наздикшавии эҳтимолии Вашингтон ва Маскав нигарон аст