Рӯзҳои синамои Беларус дар Тоҷикистон оғоз мешавад
Фестивали ҷаҳонии “Евроазия” дар Қазоқистон ифтитоҳ шуд
4 нафар “Шоҳҷоиза”-и Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”-ро соҳиб шуданд
Филми “Дов” дар Русия соҳиби ҷоиза шуд
29.10.2024 19:14
Намоиши кӯдаконаи "Кот в сапогах" Дар Душанбе
Дар Душанбе дар театри давлатии драмавии русии ба номи Вл. Маяковский ба тамошобинони ҷавон намоишнома аз рӯи афсонаи Шарл Перро "Кот в сапогах" дар намоиши режиссер Римма Уланова нишон дода мешавад.
Сана: 3 ноябри соли 2024
Макон: театри им. Вл. Маяковский
Вақт: 11:00
Арзиши чипта: 15 сомонӣ
Барои банд кардани ҷойҳо ба рақами +992 90 7617891 занг занед.
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
07.12.2024 11:24
Пули хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе навсозӣ карда шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ, пули хиёбони Исмоилӣ Сомонӣ, воқеъ дар назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, минтақаи маъруф ба “Ҷазира”-ро, баъди навсозӣ ва таъмир ба истифода доданд.
07.12.2024 11:09
Дархост аз Эмомалӣ Раҳмон: “Аз ихроҷи афғонистониҳои муқими Тоҷикистон пешгирӣ кунед”
Фаъолони ҳуқуқи башар ва намояндагони муҳоҷирони Афғонистон бо ирсоли як нома аз президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон хостаанд, ки пеши роҳи боздошт ва ихроҷи паноҳҷӯёни афғонистонӣ, бахусус хонаводаҳои онҳо, низомиёни пешин ва шахсони дар хатар бударо, бигирад.
07.12.2024 09:57
Аксари шаҳрҳои Сурия ба тасарруфи мухолифон дароманданд. Башор Асад ба Эрон рафт
Гурӯҳҳои мусаллаҳи мухолифи режими Башор Асад тайи ду рӯзи ахир шаҳрҳои Ҳумс, Ҳамо ва Даръоро, ки ба пойтахти Сурия шаҳри Димишқ бисёр наздик аст, тасарруф намуданд.
06.12.2024 16:37
Зани ӯзбекистонӣ ба феҳристи “100-зан” –и устувори “Би-би-сӣ” ворид шуд
Соҳибкор Дилором Юлдошева ба рӯйхати “100 зан” дар соли 2024 ҳамчун рамзи устуворӣ шомил гардид.
06.12.2024 16:27
Дар Ӯзбекистон ширкатҳои сохтмонӣ барои олуда кардани ҳаво ҷарима мешаванд
Дар Ӯзбекистон ширкатҳои сохтмоние, ки меъёрҳои экологиро вайрон намуда, ҳаворо олуда мекунанд, ҷарима хоҳанд шуд.
06.12.2024 16:19
Вазири тоҷик ҳайати кишвари Мисрро барои ширкат дар Конфронси ҳифзи пиряҳо даъват кард
Далер Ҷумъа, Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Рания Ал-Машат, Вазири банақшагирӣ, рушди иқтисодӣ ва ҳамкориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Арабии Миср мулоқот намуд.
06.12.2024 11:49
Дар Қазоқистон аз 4 амали террористӣ пешгирӣ кардаанд
Мақомоти амниятии Қазоқистон бо пешниҳоди ҳисоботи солона ба президент таъкид кардаанд, ки дар давоми соли 2024 аз 4 амали террористӣ пешгирӣ намудаанд.
06.12.2024 11:38
Муҳлати ваколати намояндаи хоси Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ анҷом ёфт
Вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон бо намояндаи хоси Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ Терҳи Ҳакала, ки аз соли 2021 инҷониб фаъолияти дипломатӣ дошт, мулоқот намуд.
06.12.2024 10:29
Ҳушдор ба тоҷикон дар Кореяи Ҷанубӣ: дар гирдиҳамоиҳои оммавӣ ширкат накунед!
Сафорати Тоҷикистон дар Кореяи Ҷанубӣ ба шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар ин кишвар кору зиндагӣ доранд, муроҷиат намуда, аз онҳо хостааст, ки аз ҳар гуна ширкат дар гирдиҳамоӣ ва ҳамоишҳои оммавӣ худдорӣ кунанд.
06.12.2024 09:20
Буҷети давлатӣ қабул шуд: он нисбат ба соли гузашта 15, 4 % зиёд аст
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буҷети соли 2025 – ро тасвиб кард. Ҳаҷми буҷети давлатии соли 2025 49, 6 миллиард сомонӣ (беш аз 4, 5 миллард доллар) пешбинӣ шудааст. Тасдиқи буҷети соли 2025 нисбат ба соли 2024 6, 6 миллиард сомонӣ ё 15, 4 фоиз зиёд аст. Дар қонуни буҷети соли 2025 хароҷоти буҷет 51, 6 миллиард сомонӣ, яъне 2 миллиард сомонӣ бештар мебошад.
06.12.2024 08:09
Пашинян гуфт Араманистон аз узвияти СААД хориҷ мешавад
Никол Пашинян, сарвазири Арманистон рӯзи 4-уми декабр зимни суханронӣ дар палумони ин кишвар гуфт, ки Арманистон худро берун аз Созмони аҳдномаи амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) медонад ва бозгашти кишварашро ба ин Созмон ғайриимкон хонд. Дар ин хусус расонаҳои ин кишвар хабар додаанд.
05.12.2024 15:49
Эмомалӣ Раҳмон бинои Филармонияи давлатиро баъд аз навсозӣ ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бинои Филармонияи давлатиро, ки навсозӣ ва таъмири замонавӣ шуд, ифтитоҳ намуданд.