30 Сентябр 2026,
чоршанбе, 10:20, Душанбе
25.04.2026 19:19

Ғолиб Исломов: “Ҳунарпеша рӯҳи инсонро табобат мекунад”

Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Ғолиб Исломов аз ҷумлаи ҳунармандони сарсупурда ва фидоии касби худ ҳастанд. Эшон 55 сол инҷониб дар Театри давлатии ҷавонони ба номи Маҳмуд Воҳидов фаъолияти пурсамар дошта, дар зиёда аз 200 намоиш нақш офаридаанд.

Dialog.tj бо ин ҳунарманди маҳбуд ва маъруф доир ба роҳи тайкардаи ҳунариаш суҳбат кард, ки фишурдаи он манзури хонандагон мегардад.

БОБИ ЯКУМ:

САРГАҲ

- Ҳоло пайи кадом корҳоед, аз корҳои охиринатон бигӯед.

- Шукр, пайи корҳои эҷодӣ ҳастам. Аз декабри соли гузашта то ҳол дар чор филм, аз ҷумла дар “Нерӯи ишқ” (дар бораи НБО-и “Роғун”) ва “Решаҳо”-и Абдулҳай Зокиров нақш офаридам. Дар театр бошад, ҳоло ҳайати корӣ ду намоиш таҳия карда истодаанд, ки ман нақш надорам. Дар умум, корҳоям хубанд ва дар синамову театр фаъолам. Ҳамчунин, дар ҳамкорӣ бо бархе блогерон саҳнаҳои тарбиявӣ таҳия мекунам.

БОБИ ДУЮМ:

ТАБИБШАВАНДАЕ, КИ ҲУНАРПЕША ШУД

- Тавре медонем, шумо як сол дар риштаи тиб таҳсил кардед ва сипас, дар Маскав актёриро омӯхтед. Чӣ шуд, ки аз тиб ба ҳунар гузаштед?

- Аслан, ман аз хурдӣ мехостам санъаткор шавам, вале бо роҳнамоии падару амакам ба Донишкадаи давлатии тиббии ба номи Абӯалӣ ибни Сино дохил шудам. Азбаски забони русиро хуб медонистам, пас аз як соли таҳсил аз кафедра тасмим гирифта шуд, ки барои идомаи таҳсил ба шаҳри Киев биравам. Ҳуҷҷатҳоямро гирифтам ва дар фикри Киев рафтан будам. Дар ҳамин ҳол хабар ёфтам, ки дар Душанбе намояндагони ГИТИС барои интихоб кардани донишҷӯён омадаанд. Ба қабули онҳо рафтам. Дар суҳбат онҳо аз ман дар бораи шахсиятҳои илму адаби Русия пурсиданд ва ҷавобҳои қонеъкунанда гирифтанд. Сипас, барои имтиҳонсупорӣ ба Маскав рафтам ва ҳамин тавр донишҷӯи ГИТИС шудам. Қисса кӯтоҳ, панҷ сол дар Маскав таҳсил кардаму соҳиби дипломи актёрӣ шудам.

- Ҳоло аз ҷумлаи ҳунармандони муваффақу маҳбуби кишвар ҳастед, бигӯед, ки агар табиб мешудед, то ин ҳадд муваффақ мегаштед?

- Табиб ҷисми инсонро табобат мекунаду ҳунарпеша рӯҳро. Ман аз тақдир сипосгузорам, ки ин роҳро интихоб кардам ва барои табобати рӯҳи ҷомеа то қадри имкон талош намудам. Дар мавриди муваффақу маҳбуб шудан дар соҳаи тиб чизе гуфта наметавонам, вале метавонам бигӯям, ки агар ҳунарпеша намешудам ҳам, дилхоҳ соҳаро сидқан меомӯхтам ва ба ҷомеа хизмат мекардам.

БОБИ СЕЮМ:

АЗ НАҚШҲОИ ВАЗНИН ТО ОРЗУИ АМАЛИНОШУДА

- Соли 1971 ГИТИС-ро хатм кардед ва аз ҳамон сол дар Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи Маҳмуд Воҳидов фаъолият мекунед. Дар ин 55 сол боре фикри аз кор рафтанро кардед?

- Бале, чанд маротиба ин фикр дар ман пайдо шуд. Одатан, чунин фикрҳо вақте ба сари инсон меоянд, ки муҳит барояш носозгор мешавад, ноадолатиро мебинад, бахилиро мебинад. Бахиливу нотавонбинӣ дар ҳама соҳа аст, вале аҳли ҳунар ба дил мегирад ва зуд дилозурда мешавад. Мутаассифона, тӯли 55 соли кор ҳолатҳое буданд, ки маро водор ба рафтан мекарданд, вале шукр, ки тасмими ҷиддӣ нагирифтам ва ҳоло ҳам кор мекунам.

- Тӯли зиёда аз ним аср дар театр наздики 200 нақш офаридаед. Кадом нақш рӯҳан шуморо азоб дод ва вазнин буд?

- Нақшҳои вазнин ва ба қавле рӯҳшикананда кам набуданд. Дар намоиши “Бегоҳи шанбе” ман нақши муаллими маъюбро иҷро кардам. Намоиши мазкур ду масъала бархурди ду насл ва танзимро инъикос мекунад. Ба муаллим, ки маъюбият дорад, аз ҷониби Ҳукумат мошин туҳфа кардаанд. Ҳамсару писараш барои тӯйи бодабдаба кардан, хостори фурӯхтани мошин мешаванд, аммо муаллим туҳфаро фурӯхтан намехоҳад, зеро ба ин кор виҷдонаш намегузорад.  Ҳамчунин, дар мактаб писари хоҳарашро баҳои “3” мегузорад, ки боиси нофаҳмиҳо миёни бародару хоҳар мешавад. Чун хоҳараш барои ислоҳи баҳо пора пешниҳод мекунад, муаллим пурра худро аз даст медиҳад ва тарки хона мекунад. Ӯ калиди мошинро гузошта, шиму кастюми сафед пӯшида аз хона баромада меравад. Он ҷо виҷдони муаллим дар марказ аст ва маро рӯҳан чунон азоб дод, ки ногуфтанӣ. Ҳамчунин, нақши Оттелоро дар намоиши “Оттело”, ки Барзу Абдураззоқов гузошт, бозидам. Вақте ки коргардон ин нақшро ба ман дод, аввал розӣ нашудам, вале исрор кард, ки бояд қабул кунам. “Оттело” 146 саҳифа буд ва эълон шуд, ки пас аз 26 рӯз Фестивал-озмуни “Парасту” доир мешавад. Ман аз худ бе худ шудам. Зеро чунин асари калонро дар 26 рӯз аз бар кардан номумкин аст, вале коргардон исрор намуд ва дар 26 рӯз ман ба ҷуз асари мазкур дигар ба коре машғул намешудам. Шабу рӯз мехондам, тайёрӣ медидам ва билохира онро супоридем. Хеле вазнин ва азобдиҳанда буд. Дар нахустнамоиш бо фишори баланд ба саҳна баромадам, вале саҳна хосияте дорад, ки инсонро табобат мекунад ва бидуни мушкилие нақшамро иҷро кардам.

- Намоиши “Ормони модар” чӣ? Оё ин намоишро низ аз қабили намоишҳои вазнин гуфтан мумкин аст?

- Бале, сад дар сад. Дар аввал ман барои офаридани нақш дар ин намоиш розӣ нашудам, зеро мақсади қаҳрамонро фаҳмида натавонистам. Аммо вақте ки каме тағйир додем ва дарк кардам, ки қаҳрамони ман одами бад нест, нисбат ба модараш бадхоҳ нест, каме ором шуда, қабул кардам. Ягона айби қаҳрамон он аст, ки ба фиреби занаш меафтад, ба ӯ бовар мекунад. Тавре медонед, охири намоиш бисёр муассир мешавад. Вақте ки фиребу найранги ҳамсарашро мефаҳмад, ба суроғи модараш меравад, вале дер кардааст, чунки модарро чанд рӯз пеш дафн кардаанд.

- Соли 2008 дар як мусоҳибаатон гуфтаед, ки орзу доред нақши Ромеоро иҷро кунед. Оё он орзуятон амалӣ шуд?

- Не, мутаассифона, ба ин орзуям нарасидам. Акнун, синну сол гузашт ва ҳоло дигар дар ин масъала фикр намекунам.

БОБИ ЧОРУМ:

РИСОЛАТЕ, КИ ҚИСМАН ИҶРО МЕШАВАД

- Шумо соли 1991 унвони Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон ва соли 2002 унвони Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистонро ба даст овардед.  Ин фосила зиёд нест?

- Соли 1997 дар Фестивал-озмуни “Парасту” театри мо бо намоиши “Заволи Чамбули Мастон” баромад кард. Дар намоиши мазкур ман нақши Авазро бозидам ва ҷоизаи “Беҳтарин нақши мардона”-ро гирифтам. Вақти ҷоизасупорӣ вазири вақтӣ Бобохон Алиевич эълон карданд, ки ба ман унвони Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон дода мешавад, вале ин хел нашуд. Пас аз панҷ сол ба унвони Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон сарфароз гардидам.  

- Унвон доштан хеле муҳим аст? Умуман, барои шумо чӣ маъно дорад?

- Ростӣ, ман барои унвон кор накардам, барои ба даст оварданаш талош ҳам накардам. Унвондорӣ аз ҳар шахс вобаста аст. Касе онро барои ному мартаба мегираду каси дигар ҳамчун масъулияти бузург қабул мекунад. Унвон барои ман пеш аз ҳама муҳаббати мардум аст. Шукр, ки ҳаводорони ҳунарам кам нестанд ва тамоми унвонҳои ман ҳамонҳоянд.

- Дуруст аст, ки рисолати театру ҳунармандон ҷомеаро ба сӯйи некӣ роҳнамоӣ кардан аст. Оё ҳоло ҳамин рисолат иҷро шуда истодааст?

- Рисолати ниҳоят бузург аст ва метавон гуфт, ки ҳоло қисман иҷро шуда истодааст. Ман ба фикре ҳастам, ки театр набояд нақша дошта бошаду бояд ҳатман шумораи муайяни намоишҳоро таҳия намояд, зеро шумораи зиёд ба сифат таъсири бад мерасонад. 

- Агар ба қафо, ба умри гузашта нигоҳ кунед, ифтихор мекунед?

- Албатта, дар зиндагӣ хатоҳо доштам, вале аз умри гузаронидаам розиам. Ифтихор аз он дорам, ки 55 соли ҳаётамро ба ин пеша бахшидам ва то андозае барои рӯҳи мардум кор кардам.

Мусоҳиб

Ҳафизуллоҳ Тоҳирӣ

Хатти хабарҳо

30.09.2026 06:37

Маркази хабарнигорони Афғонистон: тақрибан 300 хабарнигор ва корманди расонаӣ аз сӯйи Толибон боздошт шудаанд

Маркази хабарнигорони Афғонистон эълом кардааст, ки аз замони тасаллути гурӯҳи террористии Толибон дар соли 2021, тақрибан 300 хабарнигор ва корманди расонаӣ ба иттиҳоми риоя накардани дастурҳои сахтгиронаи расонаии ин гурӯҳ боздошт ё зиндонӣ шудаанд.
29.09.2026 17:39

Пешниҳоди Тоҷикистон ба Кореяи Ҷанубӣ: метавонем таъминкунандаи боэътимоди дарозмуддат бошем

Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Кореяи Ҷанубӣ пешниҳод намуд, ки саноати нимноқилҳову батареяи мошинҳои барқии ин кишварро метавонад бо металлҳои нодир ва ранга таъмин кунад.
29.09.2026 16:48

Сергей Лавров: “Дабири кулли СММ ба манфиати кишварҳои аврупоӣ кор мекунад”

Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Антониу Гутерриш, Дабири кулли СММ-ро ба он муттаҳам кард, ки дар бархе масъалаҳо бар асоси “меъёрҳои дугона” ва ба манфиати кишварҳои ғарбӣ амал менамояд.
29.09.2026 12:33

Ироқчӣ: “Шартҳои Эрон барои бозгушоии тангаи Ҳурмуз ба Амрико пешниҳод шуд”

Сайид Аббос Ироқчӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон мегӯяд, шартҳои Теҳрон барои бозгушоии тангаи Ҳурмуз, ки ба гуфтаи ӯ аз ҷониби раҳбари олии Эрон таъкид шудаанд, ба ҷониби Амрико расонида шудаанд.
29.09.2026 12:11

Мақоми эронӣ: Трамп намедонад аз музокирот бо Эрон чӣ мехоҳад

Як мақоми эронӣ ба расонаи “Палитико” (Politico) гуфтааст, ки Доналд Трамп ҳанӯз мавқеи рӯшан ва мушаххасе дар бораи он ки аз музокирот бо Эрон чӣ мехоҳад, надорад. Ба гуфтаи ӯ, ҳамин номуайянӣ расидан ба як созиши мушаххасро душвор кардааст.
29.09.2026 10:48

Расонаҳои Афғонистон: 13 ҷасади ҷангҷӯёни Толибон аз Нуристон ба вилоятҳои ҷанубӣ интиқод дода шуданд

Манобеи маҳаллӣ ба расонаҳои Афғонистон гуфтаанд, ки 13 ҷасади ҷангҷӯёни Толибон, ки дар даргириҳои вилояти Нуристон кушта шудаанд, ба вилоятҳои ҷанубии Афғонистон интиқол дода шудаанд.
29.09.2026 10:37

Трамп аз музокироти ғайримустақим бо Эрон хабар дод

Раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳидаи Амрико гуфт, ҳайати музокиракунандаи Амрико бо намояндагони Эрон гуфтугӯҳои ғайримустақимро анҷом додаанд. Доналд Трамп ҳамчунин, иддао кард, ки Амрико дар ҷанги худ бо Эрон “ба зудӣ пирӯз хоҳад шуд ва қимати сӯзишворӣ коҳиш хоҳад ёфт”.