30 Сентябр 2026,
чоршанбе, 10:21, Душанбе
01.08.2025 10:34

Киностудияи “Спектр”-и Русия ва “Тоҷикфилм” филми нав ба навор мегиранд

Рӯзи 29-уми июл роҳбарияти муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” бо намояндагони студияи синамои “Спектр”-и Федератсияи Русия дар шаҳри Душанбе мулоқот анҷом доданд. Ҷонибҳо омодагии худро барои ҳамкорӣ дар наворбардории филми нави русӣ таҳти унвони “Мубориза барои зиндагӣ”-ро таъйид карданд.

Бар асоси иттилои “Тоҷикфилм” дар мулоқот Маҳмадсаид Шоҳиён, директори муассиса бо Владимир Пирожок, продюсери генералии лоиҳа, Алексей Митс, Румӣ Шоазимов, Алексей Мячиков ва Александр Соловёв, наворбардор гуфтагӯ намуданд.

Ҳарду ҷониб таъкид намуданд, ки интихоби манзараҳои табиӣ ва лаҳзаҳои асосии филм дар шаҳри Душанбе ва гирду атрофи он сурат хоҳад гирифт. Ба гуфтаи онҳо, ин ҷойҳо метавонанд ба сифат ва таъсиргузории филм саҳми муассир гузоранд.

Дар ҷараёни сафари эҷодии ҳайати рус, ҳамчунин, мулоқотҳо бо кормандон ва мутахассисони “Тоҷикфилм”, роҳбарони студияҳои маҳаллӣ ва ҳунарпешагони тоҷик дар назар аст.

Мақомоти тоҷик ин ҳамкориро як қадами муҳимми рушди ҳамкориҳои синамоии Тоҷикистон ва Русия арзёбӣ мекунанд ва мегӯянд, ки наворбардории филм ба таври комил дар қаламрави Тоҷикистон анҷом хоҳад ёфт.

Филми “Мубориза барои зиндагӣ” яке аз лоиҳаҳои нави муштараки синамогарони русу тоҷик шумурда мешавад, ки метавонад синамои миллиро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ кунад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

30.09.2026 06:37

Маркази хабарнигорони Афғонистон: тақрибан 300 хабарнигор ва корманди расонаӣ аз сӯйи Толибон боздошт шудаанд

Маркази хабарнигорони Афғонистон эълом кардааст, ки аз замони тасаллути гурӯҳи террористии Толибон дар соли 2021, тақрибан 300 хабарнигор ва корманди расонаӣ ба иттиҳоми риоя накардани дастурҳои сахтгиронаи расонаии ин гурӯҳ боздошт ё зиндонӣ шудаанд.
29.09.2026 17:39

Пешниҳоди Тоҷикистон ба Кореяи Ҷанубӣ: метавонем таъминкунандаи боэътимоди дарозмуддат бошем

Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Кореяи Ҷанубӣ пешниҳод намуд, ки саноати нимноқилҳову батареяи мошинҳои барқии ин кишварро метавонад бо металлҳои нодир ва ранга таъмин кунад.
29.09.2026 16:48

Сергей Лавров: “Дабири кулли СММ ба манфиати кишварҳои аврупоӣ кор мекунад”

Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Антониу Гутерриш, Дабири кулли СММ-ро ба он муттаҳам кард, ки дар бархе масъалаҳо бар асоси “меъёрҳои дугона” ва ба манфиати кишварҳои ғарбӣ амал менамояд.
29.09.2026 12:33

Ироқчӣ: “Шартҳои Эрон барои бозгушоии тангаи Ҳурмуз ба Амрико пешниҳод шуд”

Сайид Аббос Ироқчӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон мегӯяд, шартҳои Теҳрон барои бозгушоии тангаи Ҳурмуз, ки ба гуфтаи ӯ аз ҷониби раҳбари олии Эрон таъкид шудаанд, ба ҷониби Амрико расонида шудаанд.
29.09.2026 12:11

Мақоми эронӣ: Трамп намедонад аз музокирот бо Эрон чӣ мехоҳад

Як мақоми эронӣ ба расонаи “Палитико” (Politico) гуфтааст, ки Доналд Трамп ҳанӯз мавқеи рӯшан ва мушаххасе дар бораи он ки аз музокирот бо Эрон чӣ мехоҳад, надорад. Ба гуфтаи ӯ, ҳамин номуайянӣ расидан ба як созиши мушаххасро душвор кардааст.
29.09.2026 10:48

Расонаҳои Афғонистон: 13 ҷасади ҷангҷӯёни Толибон аз Нуристон ба вилоятҳои ҷанубӣ интиқод дода шуданд

Манобеи маҳаллӣ ба расонаҳои Афғонистон гуфтаанд, ки 13 ҷасади ҷангҷӯёни Толибон, ки дар даргириҳои вилояти Нуристон кушта шудаанд, ба вилоятҳои ҷанубии Афғонистон интиқол дода шудаанд.
29.09.2026 10:37

Трамп аз музокироти ғайримустақим бо Эрон хабар дод

Раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳидаи Амрико гуфт, ҳайати музокиракунандаи Амрико бо намояндагони Эрон гуфтугӯҳои ғайримустақимро анҷом додаанд. Доналд Трамп ҳамчунин, иддао кард, ки Амрико дар ҷанги худ бо Эрон “ба зудӣ пирӯз хоҳад шуд ва қимати сӯзишворӣ коҳиш хоҳад ёфт”.