30 Сентябр 2026,
чоршанбе, 10:21, Душанбе
10.09.2025 18:16

Суҳроб Усмонов: “Ба намоишҳоямон касеро маҷбурӣ намеорем”

Тӯли чанд моҳ аст, ки дар кишвар Гурӯҳи театрии "Эҳё" ("Ренессанс") фаъол аст. Таъсисдиҳандаи гурӯҳи мазкур Суҳроб Усмонов, саркоргардони Театри опера ва балети ба номи С. Айнӣ мебошад.

Гурӯҳи театрии "Эҳё" ҳунармандони касбӣ ва ҷавонони лаёқатманду санъатдӯстро ҷамъ кардааст, ки ҳадафашон бо шаклу услуби нав намоишҳои хубу диданӣ таҳия намудан аст. Намоишҳои "Эҳё" санъати овозхонӣ, хореография ва унсурҳои театри драмавиро дар худ доранд. Аввалин намоиши таҳиянамудани гурӯҳи театрии мазкур "Король лев" буда, охири апрели соли ҷорӣ манзури тамошобинон гардид.

Dialog.tj бо Суҳроб Усмонов доир ба паҳлӯҳои муҳими фаъолияти "Эҳё" суҳбат кард, ки фишурдааш манзури хонандагон мегардад.

- Чаро лоиҳаи шумо маҳз Гурӯҳи театрии "Эҳё" номгузорӣ шуд?

- Мақсади мо аз таъсиси гурӯҳи мазкур эҳё кардани як самти нави театрист. Мо ба таври таҷрибавӣ кор карда истодаем ва як шакли навро барои тамошобини имрӯз эҳё карданӣ ҳастем. Дар намоишҳои мо чанд жанр бо ҳам омезиш ёфта, як чизи мукаммал ва фарқкунанда тавлид мешавад.

- Дар Гурӯҳи театрии "Эҳё" аз ҳисоби ҳунармандони касбӣ киҳо шомиланд?

  • Дар "Эҳё" ҳам ҳунармандони касбӣ, ба мисли Шарофат Усмонзода, Фарангис Саидзода, Ангелика Тиман, Манучеҳр Рахмонов ва дигарон ва ҳам ҷавононе, ки қадамҳои нахустини худро дар саҳна мегузоранд, шомиланд. Ҳамчунин, бисёр наврасону ҷавонон барои аз худ кардани нозукиҳои пешаи актёрӣ ба мо муроҷиат мекунанд. Дар оянда нақша дорем, ки дар доираи курсе ба хоҳишмандон ҳам санъати актёрӣ ва ҳам овозхониро омӯзонем.

- Чаро намоишҳои шумо дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ манзури тамошобинон мегарданд?

-  80 фоизи ҳунарпешаҳои "Эҳё" аз Театри опера ва балет ҳастанд ва дар театри мазкур гузоштани намоишҳо маъноеро дорад, ки ҳунармандон дар хонаи худ, ҷойи кори худ мебошанд. Умуман, дар  Театри опера ва балет гузоштани намоишҳо аз ҳар ҷиҳат мувофиқ аст.

- Намоишҳое, ки шумо таҳия мекунед, бо кадом хусусиятҳояшон аз дигар намоишҳо фарқ мекунанд?

Пеш аз ҳама намоишҳои мо бо жанр ва шаклашон фарқ мекунанд. Тавре ки пештар ишора кардем, мо чанд жанрро бо ҳам муттаҳид карда, намоиш месозем. Ҳамчунин, ба масъалаи либосу саҳнасозӣ диққати ҷиддӣ дода, харҷи зиёд мекунем, то ки аз ҳар ҷиҳат фарқкунанда ва мувофиқ ба намоиш бошад.

- Шумо 11-уми сентябр дар Театри опера ва балет намоиши "Dracula: Любовь сильнее смерти"-ро пешкаши тамошобинон мекунед. Лутфан бигӯед, ки чаро бояд як нафар ин намоишро тамошо кунад, он чӣ паём дорад?

- Намоиши мазкурро бори аввал мо 5-уми июли соли равон пешкаши тамошобинон гардондем. Ин намоиш барои театри тоҷик нав аст, зеро то ҳол дар ҳеҷ театре ба саҳна гузошта нашудааст. Мо ҳис мекунем, ки дар сатҳи ҷаҳонӣ рақобат мекунем, зеро маҳз ҳамин моҳ ду версияи кинои «Дракула» дар кинотеатрҳо ба намоиш гузошта мешавад. Асосан, ин намоиш қиссаи муҳаббат аст, муҳаббати воқеӣ, ки ҳамеша шунавандуву бинанда дорад.

- Охири моҳи август намоиши “Рустам ва Суҳроб”-ро таҳия кардед. Бигӯед, ки тамошобин онро чӣ хел қабул кард?

- Намоиши “Рустам ва Суҳроб”-ро тамошобинон хеле хуб пазируфтанд. Ростӣ, таҳияи ин намоиш барои мо рамзӣ шуд, зеро ҳамон шабу рӯз бо иқдоми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон асари “Шоҳнома”-ро ба ҳар оилаи тоҷик туҳфа карданро шурӯъ намуданд.

- Умуман то имрӯз чанд намоишро рӯйи саҳна овардед ва оё онҳо танҳо бо забони русӣ ҳастанд?

- Дар муддати чор моҳ дар доираи лоиҳаи "Эҳё" мо се намоишро ба саҳна гузоштем, ки хушбахтона, аз ҷониби тамошобинон хуб қабул шуданд. Ду намоишамон "Король лев" ва "Дракула" бо забони русӣ ва "Рустам ва Суҳроб" бо забони тоҷикӣ ҳастанд. Дар умум, ман дар Театри опера ва балет 18 намоиш таҳия намудаам.

- Дар постерҳои намоишҳо “Бо дастгирии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон” менависед, бигӯед, ки вазорат чӣ гуна кумак мерасонад?

- Албатта, Вазорати фарҳанг моро хеле дастгирӣ мекунад. Хусусан, вазир Матлубахон Сатторӣ, ки ба эшон миннатдории махсус изҳор менамоем. Вақте ки "Эҳё" танҳо идея буд, моро дастгирӣ ва роҳнамоӣ карданд ва ба боварӣ метавон гуфт, ки ин лоиҳа бо дастгирии вазорат амалӣ гардид.

- Гурӯҳи театрии "Эҳё" чӣ гуна сарфу харҷашро мепӯшонад, оё сарпараст дорад?

- Дафтари Швейтсария оид ба  ҳамкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввал кумаки молӣ мерасонанд, вагарна мо бидуни сарпарастии онҳо коре карда наметавонистем.

- Аксари ҷавонон пас аз хатм дар театрҳо кор кардан намехоҳанд, вале мебинем, ки дар Гурӯҳи театрии "Эҳё" ҷавонони зиёд кор мекунанд, бигӯед, ки чӣ гуна онҳоро ҷалб кардед ва аз дигар ҷавонони ҳунарманд чӣ фарқ доранд?

- Дар асл мо аз аввал ният доштем, ки барои ҷалби ҷавонон студия таъсис диҳем, аммо то эълон кардани омӯзиш, аз ҷавонони санъатдӯсту лаёқатманд дархости зиёд гирифтем ва онҳоро баррасӣ карда, ҳамкориро оғоз намудем. Медонем, ки намоишҳои мо замонавианд ва ин гуна шакли пешниҳод ба насли нав писанд аст.

- Дар умум, Гурӯҳи театрии "Эҳё" ҳоло чӣ камбудиву мушкилиҳо дорад?

- Мо нақшаи дарозмуддат дорем ва мехоҳем намоишҳои хубу диданӣ таҳия намоем, вале мутаассифона, аз ҷиҳати молӣ каме ноқис ҳастем, зеро сарпарастӣ доимӣ надорем. Албатта, мо дар гурӯҳ ҳунармандони сарсупурдае дорем, ки санъат ва ҳунар барояшон болотар аз ҳама чиз меистад, вале ба ҳар ҳол умед мебандем, ки корҳои бузург карда метавонем.

- Дар замоне ки телефону интернет ҷойи бисёр чизҳоро гирифтааст, оё ҳоло ҳам мухлисони ҳақиқии театрро мебинед?

- Дуруст аст, ки бо технология мубориза бурдан кори осон нест, лекин диққатро ҷалб кардан ба театр, ҳунармандон ва шакли намоиш алоқаи зиёд дорад. Мо кӯшиш мекунем, ки дар театр муҳити зиндаро роҳандозӣ кунем ва беҳтару хубтар будани фазои воқеиро аз вақтгузаронӣ дар олами маҷозӣ баён намоем.

Бисёр театрҳо аз кам будани тамошобинон шикоят мекунанд. Оё тамошобинони намоишҳои шумо зиёданд?

- Шояд каме аҷиб намояд, вале бояд бигӯям, ки дар ин муддати кӯтоҳ намоишҳои "Эҳё" тамошобини худро соҳиб шудаанд. Мо ба намоишҳоямон касеро маҷбурӣ намеорем, балки мардум худашон билет харида, меоянд. Мо аз тамошобинон баҳои хуб мегирем ва ин барои боз ҳам беҳтару хубтар кор кардан ба мо илҳом мебахшад.

Мусоҳиб

Ҳафизуллоҳ Тоҳирӣ 

Хатти хабарҳо

30.09.2026 06:37

Маркази хабарнигорони Афғонистон: тақрибан 300 хабарнигор ва корманди расонаӣ аз сӯйи Толибон боздошт шудаанд

Маркази хабарнигорони Афғонистон эълом кардааст, ки аз замони тасаллути гурӯҳи террористии Толибон дар соли 2021, тақрибан 300 хабарнигор ва корманди расонаӣ ба иттиҳоми риоя накардани дастурҳои сахтгиронаи расонаии ин гурӯҳ боздошт ё зиндонӣ шудаанд.
29.09.2026 17:39

Пешниҳоди Тоҷикистон ба Кореяи Ҷанубӣ: метавонем таъминкунандаи боэътимоди дарозмуддат бошем

Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Кореяи Ҷанубӣ пешниҳод намуд, ки саноати нимноқилҳову батареяи мошинҳои барқии ин кишварро метавонад бо металлҳои нодир ва ранга таъмин кунад.
29.09.2026 16:48

Сергей Лавров: “Дабири кулли СММ ба манфиати кишварҳои аврупоӣ кор мекунад”

Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Антониу Гутерриш, Дабири кулли СММ-ро ба он муттаҳам кард, ки дар бархе масъалаҳо бар асоси “меъёрҳои дугона” ва ба манфиати кишварҳои ғарбӣ амал менамояд.
29.09.2026 12:33

Ироқчӣ: “Шартҳои Эрон барои бозгушоии тангаи Ҳурмуз ба Амрико пешниҳод шуд”

Сайид Аббос Ироқчӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон мегӯяд, шартҳои Теҳрон барои бозгушоии тангаи Ҳурмуз, ки ба гуфтаи ӯ аз ҷониби раҳбари олии Эрон таъкид шудаанд, ба ҷониби Амрико расонида шудаанд.
29.09.2026 12:11

Мақоми эронӣ: Трамп намедонад аз музокирот бо Эрон чӣ мехоҳад

Як мақоми эронӣ ба расонаи “Палитико” (Politico) гуфтааст, ки Доналд Трамп ҳанӯз мавқеи рӯшан ва мушаххасе дар бораи он ки аз музокирот бо Эрон чӣ мехоҳад, надорад. Ба гуфтаи ӯ, ҳамин номуайянӣ расидан ба як созиши мушаххасро душвор кардааст.
29.09.2026 10:48

Расонаҳои Афғонистон: 13 ҷасади ҷангҷӯёни Толибон аз Нуристон ба вилоятҳои ҷанубӣ интиқод дода шуданд

Манобеи маҳаллӣ ба расонаҳои Афғонистон гуфтаанд, ки 13 ҷасади ҷангҷӯёни Толибон, ки дар даргириҳои вилояти Нуристон кушта шудаанд, ба вилоятҳои ҷанубии Афғонистон интиқол дода шудаанд.
29.09.2026 10:37

Трамп аз музокироти ғайримустақим бо Эрон хабар дод

Раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳидаи Амрико гуфт, ҳайати музокиракунандаи Амрико бо намояндагони Эрон гуфтугӯҳои ғайримустақимро анҷом додаанд. Доналд Трамп ҳамчунин, иддао кард, ки Амрико дар ҷанги худ бо Эрон “ба зудӣ пирӯз хоҳад шуд ва қимати сӯзишворӣ коҳиш хоҳад ёфт”.