Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалии китоб дар Алмаато: муаррифии китобҳои тозанашрҳо ва мероси фарҳангӣ
Дар самти рақамикунонии соҳаи фарҳанг Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии «Доирабазм» доир мегардад
Масъалаи иштироки ҳунармандони Тоҷикистон дар чорабиниҳои байналмилалӣ баррасӣ гардид
Даргузашти Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон дар 85-солагӣ
Имрӯз, 23-юми май Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Саидмурод Мардонов дар синни 85-солагӣ даргузашт.
Гуфта мешавад, ки ӯро дар зодгоҳаш деҳаи Дурбати шаҳри Ҳисор дар канори падару модараш ба хок месупоранд.
Саидмурод Мардонов 5-уми январи соли 1940 дар ноҳияи Ҳисор ба дунё омадааст. Пас аз хатми мактаби миёна аз соли 1957 то соли 1959 дар Омӯзишгоҳи маданӣ-равшаннамоӣ хонда, аз соли 1959 то соли 1964 дар Донишкадаи театрӣ ва рассомии ба номи Островскии шаҳри Тошканд дар факултети актёрӣ таҳсил кардааст. Баъди хатми мактаби олӣ солҳои 1964-1966 дар Театри мусиқавӣ-мазҳакавии ба номи Пушкин (ҳозира ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд) ба ҳайси актёр фаъолият намудааст. Сипас, муддате дар Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ ба ҳайси актёри драма кор карда, аз соли 1991 дар Театри намунавии миниётураи «Оина» фаъолият дошт.
Мавсуф дар зиёда аз 100 намоиши театрӣ ва 150 намоиши телевизионӣ нақш офаридааст. Аз ҷумла, Сганарел («Табиби зӯракӣ»-и Ж. Б. Молйер), Нуруллобой («Дарди бадро давои бад»-и Х. Хоҷаниёзов), Саид («Дуртар аз сарҳад»-и М. Миршакар), Холназарота («Дил дили Зайнаб»-и Ш. Қиёмов ва А. Марозов), Ҳалимамак («Интихоби домод»-и Ҳоҷӣ Содиқ), Муҳаммад («Роҳзан ва кӯзагар»-и М. Бахтӣ), Юсуфпиён («Садо аз тобут»-и А. Қаҳҳор), Урунбой («Исёни арӯсон»-и С. Аҳмад), Абдураҳим («Ҳасудхӯр»-и У. Раҷабов) ва филмҳои телевизионии «Як тиру ду нишон», «Зумрад», «Шикори охирин», «Санам», «Номзад», «Марги бегуноҳ» ва ғайраҳо нақшҳои мондагор бозидааст.
Бо ордени «Нишони фахрӣ» мукофотонида шуда, дорои унвонҳои «Артисти хизматнишондодаи Тоҷикистон» ва «Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон» буд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Хизматчиёни давлатӣ барои таҳсил дар магистратура ба Ҷопон фиристода мешаванд
Мулоқоти Файзалӣ Идизода бо раиси Маҷлиси Туркманистон Дунёгузел Гулманова
Дар 9 моҳ нақшаи даромади буҷети давлатӣ 114,9 фоиз таъмин гардид
Чаро “идеологияи миллӣ” дар паси таблиғоти “диндору бедин” ранг мебозад?