Китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров ба забони олмонӣ тарҷума шуд
Нашри амали таҳқиромези Толибон бо ҷасади Ҳасиб Панҷшерӣ хашми мардумро барангехт
Барои муаррифии фарҳанги миллӣ ва ҳунарҳои мардумӣ. «Фестивали тобистонаи Душанбе-2026» ҷамъбаст гардид
Пайрав Шарифӣ: “Филм набояд тарбия кунад, балки ба андеша водор созад”
Дилшод Авазӣ: “Кино барои ман роҳи гуфтугӯ бо одамон аст”
Дилшод Авазӣ аз насли ҷавони коргардонҳои тоҷик аст, ки ба кино на танҳо василаи ҳикоягӯӣ, балки ҳамчун забони андеша менигарад. Ӯ дар филмҳои худ бештар ба ҳақиқат, эҳсосоти инсонӣ ва ҷустуҷӯи маъно такя мекунад. Ҳамин аст, ки филмҳояш дар чандин кинофестивали байналмилалӣ ширкат намуда, соҳиби ҷоиза гардидаанд.
Коргардони ҷавону соҳибистеъдоди тоҷик дар суҳбат бо Dialog.tj аз роҳи расидан ба орзу, таҳсилу фаъолияти эҷодӣ, филмҳои офарида, вазъи синамои тоҷик ва орзуи рӯзе аз рӯйи “Шоҳнома” филм сохтанаш қисса кард.
ҲЕҶ ГОҲ АЗ ИНТИХОБИ ХУД ПУШАЙМОН НАШУДААМ
- Интихоби роҳ, ё ба қавле касби оянда хеле муҳим аст. Бигӯед, ки шумо чӣ гуна ба ин роҳи душвор, яъне сохтани филм пайвастед?
- Аз хурдӣ ба ҳикояҳо ва тасвирҳо шавқи зиёд доштам, аз ҳама зиёд ба хондани “Шоҳнома”. Медонам, ки солҳои охир хондани ин китоб муд шудааст ва ин ҳам хеле хуб аст, вале дар хонаи мо ҳанӯз аз кӯдакиам “Шоҳнома” буд ва мо саъй мекардем, ки “Шоҳнома”-ро бо хатти форсӣ бихонем. Барои ман кино танҳо як касб нест, балки роҳи гуфтугӯ бо одамон аст. Ман ҳис мекардам, ки маҳз тавассути кино метавонам фикрҳо, эҳсосот ва саволҳои муҳимро ба тамошобин расонам. Аз ҳамин сабаб, ин роҳро интихоб кардам.
- Одатан, волидон дар интихоби касб маслиҳат медиҳанд, роҳнамоӣ мекунанд. Аҳли оилаи шумо дар ин масъала чӣ нақш доранд ва оё розӣ буданд, ки филмсоз бишавед?
- Волидонам ҳеҷ гоҳ муқобили интихоби ман набуданд. Аз давраи мактабӣ, тахминан аз синфи шашум ё ҳафтум ман аллакай медонистам, ки мехоҳам коргардон шавам. Аз ҳамон вақт тамоми фикру орзуям ба кино вобаста буд. Волидонам шавқу ҳаваси маро медиданд ва ҳамеша маро дастгирӣ мекарданд. Аз ин рӯ, интихоби касб барои ман масъалаи тасодуфӣ набуд, ин орзуи кӯдакиам буд.
- Шумо дар Донишкадаи давлатии кино ва телевизиони Санкт-Петербург таҳсил кардаед. Оё шомил шудан мушкил набуд?
- Дохил шудан осон набуд. Озмун хеле сахт буд ва омодагии ҷиддӣ талаб мекард. Ман асарҳо таҳия кардам, филмҳои зиёд тамошо намудам, китоб хондам ва барои имтиҳонҳо бодиққат омода шудам. Вақте қабул шудам, эҳсос кардам, ки қадами аввалро ба сӯйи орзуям гузоштам.
- Агар тақдир шуморо ба сӯйи кино намебурд, имрӯз худро дар кадом касб тасаввур мекардед?
- Эҳтимол астрофизик мешудам. Аз хурдӣ на танҳо ба кино, балки ба ситорашиносӣ ва асрори қоинот низ шавқи зиёд доштам. Ман китобҳои марбут ба кайҳонро мехондам ва ҳамеша мехостам бештар дар бораи олам бифаҳмам. Агар зиндагӣ маро ба роҳи кино намеовард, фикр мекунам, худро дар илм, махсусан, дар соҳаи астрофизика медидам.
- Оё тӯли фаъолияти эҷодӣ буданд лаҳзаҳое, ки аз роҳи интихобкардаатон пушаймон шуда бошед?
- Не. Албатта, лаҳзаҳои душвор бисёр буданд, аммо онҳо танҳо маро қавитар карданд. Ҳар филм як мактаб аст ва ҳар мушкилот таҷрибаи нав медиҳад. Барои ҳамин ҳеҷ гоҳ аз интихоби худ пушаймон нашудаам.
- Кино барои шумо чист? Оинае, ки воқеиятро инъикос мекунад, ё як василаи хаёлпардозӣ?
- Барои ман кино забони эҳсосот аст. Ин санъатест, ки метавонад инсонро ба андеша водор кунад, илҳом бахшад ва ҳатто ҷаҳонбинии ӯро тағйир диҳад. Агар филм баъд аз тамошо дар дили бинанда саволе гузорад, пас вазифаи худро иҷро кардааст.
- Шумо ҳам сенария менависед ва ҳам коргардон ҳастед. Маълум аст, ки навиштан бештар ба илҳом вобаста аст ва агар илҳом набошад, намешавад. Оё кори коргардонӣ низ ба илҳом вобаста аст?
- Ин ду касбро аз ҳам ҷудо кардан душвор аст. Сенария пояи филм аст, аммо коргардонӣ ба он ҳаёт мебахшад. Ба ман ҳар ду раванд писанданд, зеро яке бе дигаре бароям пурра нест.
- Кадомаш душвор аст: навиштан ё коргардонӣ кардан?
- Ҳар кадом душвориҳои худро дорад. Ҳангоми навиштан ту бо худ мубориза мебарӣ ва ҷаҳони филмро аз сифр месозӣ. Ҳангоми коргардонӣ бошад, бояд он ҷаҳонро бо даҳҳо нафар якҷоя амалӣ кунӣ. Ба фикрам, коргардонӣ масъулияти бештар дорад.
- Кор бо актёрҳо барои шумо чӣ гуна аст? Дар майдони филмбардорӣ бештар сахтгир ҳастед ё дӯсту ҳамкор?
- Ман кӯшиш мекунам, пеш аз ҳама фазои эътимод эҷод кунам. Бовар дорам, ки актёр бояд худро озод ҳис кунад, то нақшро самимона иҷро намояд. Албатта, дар масъалаҳои касбӣ талабот дорам, аммо ҳамеша кӯшиш мекунам, муколама ва эҳтиром байни мо нигоҳ дошта шавад.
МЕХОҲАМ АЗ РӮЙИ “ШОҲНОМА” ФИЛМ БИСОЗАМ
- Ҳоло болои кадом филм кор карда истодаед?
- Дар ҳоли ҳозир рӯйи чанд лоиҳа ҳамзамон кор мекунам. Баъзеашон дар марҳилаи навиштани сенария қарор доранд, баъзеашон ба истеҳсол наздик мешаванд. Ман кӯшиш мекунам, ҳар филми нав аз ҷиҳати мавзуъ ва забони синамо аз кори қаблиам фарқ кунад ва барои тамошобин таҷрибаи тоза пешниҳод намояд. Ҳоло якчанд лоиҳаи пурраметраж дорам, ки барои онҳо маблағгузорӣ ҷустуҷӯ мекунем. Ҳамзамон, тақрибан як моҳ пеш наворбардории пилоти як сериали таърихиро ба анҷом расонидем. Айни ҳол филм дар марҳилаи тадвин қарор дорад. Сериал ба забони русӣ «Дар Речи» ном дорад. Дар бораи асосгузори шарқшиносии Русия Мирзо Мухаммад Алӣ (Александр Казембек) нақл мекунад. Барои ман ин яке аз муҳимтарин лоиҳаҳои солҳои охир аст ва умедворам, ки ба зудӣ онро ба тамошобинон пешниҳод хоҳем кард.
- Ҳамчун муаллифи сенария ва коргардон филмҳои кӯтоҳи “Мотыльки” (2020), “Меридианы” (2021), “Дни сомнений”, (2022) ва “Нисо” (2023)-ро таҳия намудед. Оё доир ба мазмуни ин филмҳо барои хонандагони сомонаи мо кӯтоҳ маълумот дода метавонед?
- Ҳар як филм барои ман марҳилаи муайяни ҷустуҷӯи эҷодӣ буд. «Мотыльки» дар бораи орзуҳо ва осебпазирии инсон аст. «Меридианы» масъалаи интихоби зиндагӣ ва сарнавиштро матраҳ мекунад. «Дни сомнений» ба муборизаи ботинии инсон рӯ меорад. «Нисо» бошад, барои ман филми хеле шахсӣ аст, ки мавзуъҳои хотира, оила ва арзишҳои инсонро баррасӣ мекунад.
- Шумо дар филмҳои коргардонҳои пешқадами рус Д. Тюрин, Д. Месхиев, К. Дружинин ва дигарон ҳамчун коргардони дуюм фаъолият кардаед. Бигӯед, ин ҳамкориҳо чӣ гуна сурат гирифтанд ва оё душвор набуданд?
- Ин мактаби хеле муҳим буд. Ман аз ҳар як коргардон чизе омӯхтам, аз ҷумла тарзи кор бо актёрҳо, ташкили майдони наворбардорӣ, муносибат бо гурӯҳи эҷодӣ ва қабули қарорҳои зуд. Ин таҷриба ба ман имкон дод, ки имрӯз дар кори мустақили худ бо эътимоди бештар фаъолият намоям.
- Чаро филмҳои шумо барои ҳамватанонамон дастрас нестанд?
- Бисёре аз филмҳо аввал дар фестивалҳои байналмилалӣ иштирок мекунанд. Қоидаҳои фестивалҳо аксар вақт иҷозат намедиҳанд, ки филм пеш аз анҷоми давраи фестивалӣ озодона дар интернет нашр шавад. Пас аз анҷоми ин марҳила мо кӯшиш мекунем, ки онҳоро барои тамошобинони васеъ дастрас намоем. Сабаби дигар ин аст, ки то имрӯз касе барои намоиши онҳо муроҷиат накардааст. Чун ман мутаассифона, аз пахши синамоии ватанамон дурам, намедонам бо кадом роҳ ин филмҳоро намоиш диҳам.
- Филмҳои шумо дар кинофестивалҳои байналмилалии Русия, Аврупо ва Амрико иштирок кардаву ҷоизаҳои гуногун ба даст овардаанд. Лутфан дар бораи чӣ гуна иштирок кардан дар кинофестивалҳо бигӯед, яъне як филм чӣ хел дар чунин фестивалҳо иштирок мекунад?
- Фестивал танҳо ҷоиза нест. Ин имконияти муаррифии филм, мулоқот бо коргардонҳои дигар, мубодилаи таҷриба ва дарёфти тамошобини нав мебошад. Барои ҳар филм фестивале вуҷуд дорад, ки ба рӯҳия ва услуби он бештар мувофиқ аст.
- Вақте ки дар кинофестивалҳои Аврупову Амрико дар баробари филмҳои ҷаҳонӣ, филмҳои шуморо нишон медоданд, чӣ гуна фарқро эҳсос мекардед? Аз кадом ҷиҳат мо қафоему аз кадом ҷиҳат бартарӣ дорем?
- Ин пеш аз ҳама масъулияти бузург аст. Чунин намоишҳо ба ман нишон медиҳанд, ки то куҷо пеш рафтаам ва боз чӣ қадар бояд омӯзам. Ҳар бор чунин муқоиса ангезаи бештар барои рушди касбӣ медиҳад.
- Аз миёни филмҳоятон аз ҳама бештар филми “Нисо” дар фестивалҳо иштирок кардааст, чаро?
- Филми “Нисо” мавзуи умумибашарӣ дорад. Гарчанде ки он аз фарҳанги мо сарчашма мегирад, эҳсосоти қаҳрамон барои тамошобинони кишварҳои гуногун фаҳмо аст. Ба фикрам, маҳз ҳамин самимият сабаб шуд, ки филм дар фестивалҳо хуб пазируфта шавад.
- Оё дар вақти иштирок дар кинофестивалҳои байналмилалӣ ба ноҳақиву ноодалатӣ дучор омадед?
- Рақобат хеле баланд аст. Ҳар фестивал садҳо ё ҳазорҳо дархост қабул мекунад. Ғайр аз ин, масъалаҳои маблағгузорӣ, сафар ва тарғиби филм низ осон нестанд. Аммо ҳамаи ин қисми роҳи касбии филмсоз мебошад.
- Дар сомонаатон навиштаед, ки дар сохтани филм бештар ба ҳақиқат ва ҳақиқатнигорӣ такя мекунед на ба эффектҳо. Бигӯед, ки ростиву ҳақиқат дар филм чӣ маъно дорад?
- Ман ба фикре ҳастам, ки тамошобин пеш аз ҳама ба эҳсоси ҳақиқӣ бовар мекунад, на ба эффектҳои гаронбаҳо. Агар қаҳрамон зинда ва воқеӣ бошад, филм ҳатто бо воситаҳои одӣ метавонад таъсири амиқ расонад. Барои ман самимият аз намоишкорӣ муҳимтар аст.
- Мегӯянд ҳар кори эҷодӣ аз дарде пайдо мешавад. Чун шумо ҳам менависед ва ҳам коргардонӣ мекунед, оё дар филмҳои сохтаатон дарди шахсӣ ҳаст?
- Бале, то андозае. Ҳар як муаллиф нохоста як қисми зиндагӣ, хотираҳо ва мушоҳидаҳои худро ба филм меорад. Албатта, ин маънои онро надорад, ки ҳамаи ҳодисаҳо воқеан бо ман рух додаанд, аммо эҳсосот ва таҷрибаи ботинӣ аксаран аз зиндагии шахсӣ сарчашма мегиранд.
- Шумо ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам дар Русия кор кардаед. Бигӯед, ки филмсозӣ дар ин ду кишвар аз ҳам чӣ фарқ дорад?
- Ҳар кишвар муҳити эҷодӣ ва имкониятҳои худро дорад. Дар Русия инфрасохтор ва имкониятҳои техникӣ бештар рушд кардаанд. Тоҷикистон бошад, дорои фарҳанги ғанӣ ва ҳикояҳои зиёде аст, ки бояд ба забони кино гуфта шаванд. Ман фикр мекунам, ки ҳамкории байни ин ду муҳит метавонад натиҷаҳои ҷолиб диҳад.
- Ҳоло синамои тоҷик чӣ ҳол дорад? Чӣ бояд кард, ки синамои тоҷик рушд кунад?
- Ба назари ман, имрӯз синамои тоҷик дар марҳилаи рушд қарор дорад. Албатта, мушкилот ҳаст, аз ҷумла маблағгузории маҳдуд, камбуди сенарияҳои қавӣ ва зарурати ҷалби бештари тамошобинон. Аммо дар баробари ин, мо ҷавонони боистеъдод, фарҳанги бой ва таърихи ғанӣ дорем, ки метавонанд асоси филмҳои сатҳи байналмилалӣ шаванд. Ба фикри ман, барои рушди синамои тоҷик пеш аз ҳама бояд ба тайёр кардани сенарияҳои босифат, дастгирии филмсозони ҷавон, ҳамкории байналмилалӣ ва рушди истеҳсолоти муосир бештар таваҷҷуҳ кард. Агар ин самтҳо дастгирӣ шаванд, ман бовар дорам, ки синамои тоҷик метавонад ҷойгоҳи худро на танҳо дар дохили кишвар, балки дар арсаи байналмилалӣ низ пайдо кунад. Илова ба ин, аз сензураи дохили озод бояд шавем. Бисёре аз филмсозҳои мо монеаи дарунӣ доранд. Ва фикр мекунам, ба ҳар ҳол дар навиштани филмнома бояд озод бошанд.
- Агар ба шумо имконияти бемаҳдуди молиявӣ ва техникӣ дода шавад, чӣ гуна филм меофаред?
- Қиссаҳо зиёданд, ҳар як саҳифаи таърихи ғании мо метавонад филми бузурге бошад ва ман шахсан мехоҳам аз рӯйи “Шоҳнома” филм бисозам.
Мусоҳиб
Ҳафизуллоҳ Тоҳирӣ
Хатти хабарҳо
Таҳлилгари исроилӣ: нишонаҳои шикасти стратегии Амрико дар ҷанги Эрон ошкор шудаанд
Тоҷикистон ва БАТР нақшаи ҳамкории то соли 2030-ро имзо карданд
Осиёи Марказӣ ба майдони нави рақобати ҳуши маснуъӣ табдил мешавад
Дар Тулаи Русия имкониятҳои сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумии тоҷикон ба намоиш гузошта шуд




