Ҷоизаи сулҳи Нобел дар соли 2026 ба “Навӣ” Пиллэй, ҳуқуқшиноси маъруфи Африқои Ҷанубӣ дода шуд
Шабакаи иҷтимоии бузургтарини Русия аз Иттиҳоди Аврупо ба додгоҳ шикоят бурд
Гузориши Вазорати корҳои хориҷии Амрико дар бораи қочоқи инсон: “Бачабозӣ” дар миёни Толибон идома дорад
Гузориши Вазорати корҳои хориҷии Амрико дар бораи қочоқи инсон: Толибон кӯдаконро ба ҳайси сарбоз ҷалб мекунанд
Ӯзбекистон хостори табдили Осиёи Марказӣ ба маркази ҷаҳонии ғизо шуд
Ӯзбекистон пешниҳод кардааст, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ имконоти кишоварзӣ, истеҳсолӣ ва роҳҳои нақлиётии худро муттаҳид карда, минтақаро ба як маркази бузурги ҷаҳонии истеҳсол ва содироти маҳсулоти ғизоӣ табдил диҳанд.
Ҷамшедҷон Абдузуҳуров, муовини вазири кишоварзии Ӯзбекистон, рӯзи ҷумъа дар Форуми байналмилалии саноати хӯрокворӣ дар Душанбе гуфт, ҳамкории наздиктари кишварҳои минтақа метавонад амнияти озуқавориро тақвият дода, имкони воридшавии маҳсулоти онҳо ба бозорҳои ҷаҳониро бештар кунад. Ӯ гуфт, Ӯзбекистон омода аст дар доираи чунин ҳамкорӣ бо кишварҳои минтақа муколама ва лоиҳаҳои муштаракро густариш диҳад.
Ҷамшедҷон Абдузуҳуров таъкид кард, ки Ӯзбекистон ва Тоҷикистон аллакай дар бахши кишоварзӣ ҳамкории созанда доранд. Ба гуфтаи ӯ, ҷалби Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркманистон низ имкон медиҳад, ки захираҳо, иқтидорҳои истеҳсолӣ ва долонҳои нақлиётии ҳамаи панҷ кишвар ба ҳам пайваст карда шаванд.
Ӯзбекистон мегӯяд, ҳоло дар ин кишвар беш аз 13,3 ҳазор корхонаи соҳаи саноати хӯрокворӣ фаъол буда, ҳаҷми истеҳсоли солонаи онҳо ба тақрибан 19 миллион тонна мерасад. Дар се соли охир дар ин соҳа беш аз 1,2 ҳазор лоиҳа ба маблағи умумии тақрибан 1 миллиард доллар роҳандозӣ шудааст.
Дар Форуми байналмилалии саноати хӯрокворӣ дар Душанбе тақрибан 500 намоянда аз 15 кишвар иштирок доранд. Дар нишаст масъалаҳои амнияти маҳсулоти ғизоӣ, рушди содирот ва пайвастани истеҳсолкунандагони минтақа ба занҷираҳои ҷаҳонии таъминот баррасӣ мешаванд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Украина аз тавофуқи Трамп бо Русия барои содироти дизел шадидан интиқод кард
Душанбе аз таҳкими муносибатҳои дӯстона бо Теҳрон хабар дод
“Ал-Ҷазира”: Буҳрони сӯзишворӣ дар Русия Душанберо ба домани Теҳрон тела медиҳад?
Ҷавонони Тоҷикистон аз Бозиҳои 20-уми Делфӣ 16 медал ба даст оварданд