Ҷоизаи сулҳи Нобел дар соли 2026 ба “Навӣ” Пиллэй, ҳуқуқшиноси маъруфи Африқои Ҷанубӣ дода шуд
Шабакаи иҷтимоии бузургтарини Русия аз Иттиҳоди Аврупо ба додгоҳ шикоят бурд
Гузориши Вазорати корҳои хориҷии Амрико дар бораи қочоқи инсон: “Бачабозӣ” дар миёни Толибон идома дорад
Гузориши Вазорати корҳои хориҷии Амрико дар бораи қочоқи инсон: Толибон кӯдаконро ба ҳайси сарбоз ҷалб мекунанд
Мирзиёев дар суҳбати телефонӣ бо Амири Қатар ҳамлаи Исроилро маҳкум кард
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар суҳбати телефонии худ бо Амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ зарбаҳои мушакии Исроил ба шаҳри Давҳа - пойтахти Қатарро қотеъона маҳкум кард.
Дар суҳбати телефонӣ Шавкат Мирзиёев таъкид кард, чунин амалҳое, ки истиқлол ва соҳибихтиёрии кишварҳоро зери хатар мегузорад, амниятро таҳдид мекунад ва мухолифи оинномаи Созмони Милали Муттаҳид ва меъёрҳои асосии ҳуқуқи байналмилалӣ аст.
Президенти Ӯзбекистон таъкид намуд, ки Ӯзбекистон мухолифи истифодаи неру дар муносибатҳои байналмилалӣ аст ва бо ҳар гуна иқдомҳое, ки боиси шиддат гирифтани низоъ дар Шарқи Наздик мешавад, мухолиф мебошад.
Президенти Ӯзбекистон ҳамчунин, ба Қатар дар баргузор кардани саммити изтирории арабӣ-исломӣ, ки бо ташаббуси Давҳа доир мешавад, барори кор орзу кард.
Дар ҷараёни гуфтугӯ ҷонибҳо масъалаи рушди ҳамкориҳои сиёсӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштараки ширкатҳои пешбари ду кишварро баррасӣ карданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Украина аз тавофуқи Трамп бо Русия барои содироти дизел шадидан интиқод кард
Душанбе аз таҳкими муносибатҳои дӯстона бо Теҳрон хабар дод
“Ал-Ҷазира”: Буҳрони сӯзишворӣ дар Русия Душанберо ба домани Теҳрон тела медиҳад?
Ҷавонони Тоҷикистон аз Бозиҳои 20-уми Делфӣ 16 медал ба даст оварданд