Низомиёни Русия дар Хатлон роҳи мошингардро аз сел тоза карданд
Беларусия дар ҳукумати террористии Толибон сафир таъин кард
Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Эммануэл Макрон дар ҳузури Шавкат Мирзиёев ба забони ӯзбекӣ ҳарф зад
Дар ҷараёни сафари давлатии Шавкат Мирзиёев, президенти Ӯзбекистон ба Ҷумҳурии Фаронса Эммануэл Макрон дар ҷараёни истиқболи расмӣ бо забони ӯзбекӣ ҳарф зад.
“Хуш омадед ба Париж, Шавкати азиз! Бо ин сафари давлатӣ мо ваъдаи додаамонро барои шарикии оянда иҷро мекунем ва робитаҳои дӯстиро миёни Фаронса ва Ӯзбекистон боз ҳам тақвият медиҳем. Зинда бод, Ӯзбекистон! Зинда бод Фаронса" – гуфтааст бо забони ӯзбекӣ Эммануэл Макрон!
Президенти Ӯзбекистон ҳафтаи гузашта бо сафари давлатӣ озими Ҷумҳурии Фаронса шуд. Президенти Фаронса Эммануэл Макрон бо истиқболи гарм Шавкат Мирзиёевро пешвоз гирифт.
Тибқи гузориши расонаҳо дар ҷараёни мулоқоти роҳбари ду кишвар имкониятҳои ба сатҳи нав баровардани муносибатҳои Ӯзбекистон бо Фаронса мавриди баррасӣ қарор гирифт. Шавкат Мирзиёев ва Эммануэл Макрон санади ҳамкории шарикӣ миёни Ӯзбекистон ва Фаронсаро имзо намуданд.
Гуфта мешавад, ки Эммануэл Макрон дар давоми қабули шомгоҳии рӯзи чоршанбеи ҳафтаи гузашта низ бо ҳайати ӯзбекистонӣ ба забони ӯзбекӣ сухан гуфт.
Қобили зикр аст, ки Эммануэл Макрон дар ҷараёни сафари президенти Қазоқистон Қосим Жомарт-Токаев, ки рӯзҳои 4-5-уми ноябри соли гузашта сурат гирифта буд, бо забони қазоқӣ сухан гуфт.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Қариб як сол дер. Санаи баргузории Ҷоми Осиё-2027 тағйир ёфт
Артиши Эрон ҳушдор дод: агар Амрико ҳамла кунад, посухи Эрон аз Ғарби Осиё фаротар меравад
Сафири Тоҷикистон хостори густариши сармоягузории Покистон дар Тоҷикистон шуд
Низомиёни Русия дар Хатлон роҳи мошингардро аз сел тоза карданд