Ҷоизаи сулҳи Нобел дар соли 2026 ба “Навӣ” Пиллэй, ҳуқуқшиноси маъруфи Африқои Ҷанубӣ дода шуд
Шабакаи иҷтимоии бузургтарини Русия аз Иттиҳоди Аврупо ба додгоҳ шикоят бурд
Гузориши Вазорати корҳои хориҷии Амрико дар бораи қочоқи инсон: “Бачабозӣ” дар миёни Толибон идома дорад
Гузориши Вазорати корҳои хориҷии Амрико дар бораи қочоқи инсон: Толибон кӯдаконро ба ҳайси сарбоз ҷалб мекунанд
Аз гӯшт то маводи сӯзишворӣ. Афзоиши нархо дар бозорҳои Ӯзбекистон
Мизони афзоиши нархҳо дар бозорҳои Ӯзбекистон дар давоми як моҳи охир 0,1 фоиз зиёд шудааст, ки мардум онро эҳсос кардаанд. Қабл аз ҳама сокинони шаҳри Тошканд аз афзоиши нархҳо шикоят кардаанд.
Бар асоси гузориши Бонки марказии Ӯзбекистон афзоиши нархҳоро ҳамчунин, сокинони вилоятҳои Андиҷон (16, 4 фоиз) ва Фарғона (16, 1 фоиз) эҳсос кардаанд. Камтар аз ҳама, ин раванд ба сокинони вилоятҳои Навоӣ ва Қашқадарё таъсир расонидааст - 12, 4 фоиз.
Баландтарин сатҳи афзоиши нарҳо дар миёни сохтмончиён ва хизматчиёни давлатӣ мушоҳида шудааст, яъне мутаносибан 15,7 ва 15,6 фоиз. Камтар аз ҳама, кормандони соҳаи хӯроквории умумӣ ва тиҷорат 12, 2 -12,3 фоиз.
Шикоятҳо асосан ба афзоиши нархи гӯшт ва шир (61 фоиз), газу барқ (35 фоиз), сӯзишворӣ (29 фоиз) ва камтар ба нону тухм (9 фоиз) рост меоянд.
Тибқи иттилои Бонки марказӣ ҳисоби миёнаи афзоиши нархҳо дар тӯли як сол то 14,4 фоиз расида, нисбат ба моҳи март 0,1 фоиз зиёд шудааст.
Темур Ишметов, раиси Бонки марказии Ӯзбекистон қаблан гуфта буд, ки аз соли 2026 суръати афзоиши таваррум дар кишвар коҳиш меёбад. Тибқи гуфтаи ӯ, соли 2025 охирин соли афзоиши таваррум хоҳад буд. Ӯ сабаби асосии боло рафтани нархҳоро дар ислоҳот дар бахши энергетика ва болоравии тарифҳо барои захираҳои энергетикӣ мебинад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Украина аз тавофуқи Трамп бо Русия барои содироти дизел шадидан интиқод кард
Душанбе аз таҳкими муносибатҳои дӯстона бо Теҳрон хабар дод
“Ал-Ҷазира”: Буҳрони сӯзишворӣ дар Русия Душанберо ба домани Теҳрон тела медиҳад?
Ҷавонони Тоҷикистон аз Бозиҳои 20-уми Делфӣ 16 медал ба даст оварданд