Иддаои Трамп: “Дар бораи сарнавишти ҷанг бо Эрон тасмими бузурге дар пеш аст”
Ҳамлаи ҳавоии Арабистони Саудӣ ба 37 минтақаи ғайринизомии Яман дар 24 соат
Фестивали байналмилалии санъати сиркӣ расман оғоз шуда, осорхонаи Сирк ифтитоҳ гардид
Ҷалби сармоягузорӣ ва роҳандозии корхонаҳои муштарак. Раҷаб Аҳмадзода бо намояндагони мақомоти давлатӣ ва соҳибкорони рус мулоқот кард
Дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон фурӯши сигорҳои электрониро манъ карданд
Дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон воридот, содирот, фурӯш, харид ва нигоҳдории сигорҳои электронӣ ва дигар воситаҳое, ки дар онҳо никотин вуҷуд дорад, пурра манъ карда шуд.
Ин меъёр дар қонун муқаррар шудааст, ки онро президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев рӯзи 27-уми ноябр имзо намуда буд. Тавре дар портали “LEX.UZ” (O'zbekiston qonunchiligi) зикр шудааст, санад аз 1-уми марти соли 2026 мавриди амал қарор мегирад.
Ин мамнуият тибқи қонун “Дар бораи маҳдуд кардани паҳншавӣ ва истеъмоли маҳсулоти спиртӣ ва тамоку” ҷорӣ шудааст.
Барои риоя накардани талаботи мазкур ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ мешавад. Ин навъи ҷазо дар ҳоле татбиқ мегардад, ки фурӯши маҳсулоти манъшуда дар ҳаҷми калон амалӣ шуда бошад ё шахс баъди гирифтани ҷазои маъмурӣ боз ҳам қонунро вайрон кунад.
Бар асоси тағйирот ҳадди минималии ҷазо барои воридот ва фурӯши вейпҳо ҷарима аз 300 то 500 воҳиди ҳисоби асосӣ муқаррар шудааст, ки аз 121, 6 миллион то 206 миллион сум мебошад.
Ҳамчунин, ҷазоҳои дигар пешбинӣ шудаанд: корҳои ислоҳӣ, аз 2 то 3 сол маҳдуд кардани озодӣ, ҷазои максималӣ, зиндон аз 3 то 5 сол.
Зикр мегардад, ки агар шахс худ бо иқрори ихтиёрӣ ба ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат кунад ва маҳсулоти манъшударо ихтиёран супорад, аз ҷавобгарӣ озод карда мешавад.
Қонуни манъи муомилоти сигорҳои электронӣ ва моеъҳои онҳо моҳи апрели соли ҷорӣ аз ҷониби Маҷлиси Олии Ӯзбекистон (Олий Мажлис) тасдиқ шуда буд.
Маҳкумияти ин қарор бо он шарҳ дода мешуд, ки солҳои охир воридоти ғайриқонунии ин навъи маҳсулот ва фурӯши он дар кишвар бештар шудааст. Сенаторҳо махсус таъкид кардаанд, ки аз ин навъи маҳсулоти зиёновар асосан ҷавонон ва ноболиғон истифода мебаранд, ки ба саломатии онҳо зарари ҷиддӣ мерасонад.
Ӯзбекистон нахустин кишвари минтақа нест, ки чунин мамнуият ҷорӣ мекунад. Қаблан, Туркманистон, Қазоқистон ва Қирғизистон низ истифодаи сигорҳои электронӣ ва монанд ба онҳоро манъ карда буданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
“Санксияҳои амрикоӣ дар мекӯбанд?” Амрико аз кишварҳои Осиёи Марказӣ хост роҳи тиҷорат бо Эронро маҳдуд кунанд
“Манам фарзанди Истиқлол” дар арафаи 35-солагии Истиқлол чоп шуд
Ду кудак бо дастони баста дар ғори Муъминобод пайдо шуданд
Ба ҷои метро дар Душанбе роҳи оҳани шаҳрӣ. Тоҷикистон аз ширкатҳои кореягӣ хост дар ин тарҳ сармоягузорӣ кунанд