Ҷоизаи сулҳи Нобел дар соли 2026 ба “Навӣ” Пиллэй, ҳуқуқшиноси маъруфи Африқои Ҷанубӣ дода шуд
Шабакаи иҷтимоии бузургтарини Русия аз Иттиҳоди Аврупо ба додгоҳ шикоят бурд
Гузориши Вазорати корҳои хориҷии Амрико дар бораи қочоқи инсон: “Бачабозӣ” дар миёни Толибон идома дорад
Гузориши Вазорати корҳои хориҷии Амрико дар бораи қочоқи инсон: Толибон кӯдаконро ба ҳайси сарбоз ҷалб мекунанд
Муҳоҷирон маблағ нафиристанд, камбизоатӣ дар Ӯзбекистон 18% афзоиш меёбад
Дар таҳқиқоти нави Бонки ҷаҳонӣ дар хусуси муҳоҷират таъкид мегардад, ки шумораи шаҳрвандони Ӯзбекистон, ки Русияро барои муҳоҷират интихоб мекунанд, 57% коҳиш ёфтааст. Бонки ҷаҳонӣ дар гузориши нав мегӯяд, дар сурати маблағ нафиристодани муҳоҷирон аз хориҷ, сатҳи камбизоатӣ дар Ӯзбекистон метавонад аз 9,6% то 16% афзоиш меёбад.
Гузориши нави Бонки ҷаҳонӣ таҳлили тамоюлҳои муҳоҷират, мушкилот ва имкониятҳо дар минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказиро дар бар мегирад.
Дар ҷараёни муаррифии гузориши Бонки ҷаҳонӣ оид ба масъалаҳои муҳоҷират намояндагони мақомоти масъул дар соҳаи муҳоҷират аз Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Қирғизистон ширкат доштаанд.
Дар ин гузориш зикр мешавад, ки муҳоҷират дар минтақаи Осиёи Марказӣ яке аз мушкилоти асосии рушд боқӣ мемонад. Дар ин минтақа 100 миллион муҳоҷир зиндагӣ мекунанд, ки ин сеяки шумораи муҳоҷирони ҷаҳонро ташкил медиҳад. Набудани даромад, ноустувории демографӣ, тағйирёбии иқлим ва низоъҳои мусаллаҳона ба афзоиши муҳоҷират мусоидат мекунад.
Дар гузориш омадааст, ки то соли 2023 беш аз 80% муҳоҷирони меҳнатӣ аз Тоҷикистон ва Қирғизистон ба Русия барои кор рафтаанд. Муҳоҷирати меҳнатӣ аз Ӯзбекистон ба хориҷ гуногун шудааст. Бар асоси омор 57% дар Русия, 15% дар Қазоқистон ва 10% дар Украина кор мекунанд.
Гуфта мешавад, ки муҳоҷирати меҳнатӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ яке аз сарчашмаҳои асосии даромади миллионҳо шаҳрванд ба ҳисоб меравад. Дар соли 2024 фиристодани маблағи муҳоҷирони меҳнатӣ 45% маҷмуи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон, 24% маҷмуи маҳсулоти дохилии Қирғизистон ва 14% маҷмуи маҳсулоти дохилии Ӯзбекистонро ташкил додааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Украина аз тавофуқи Трамп бо Русия барои содироти дизел шадидан интиқод кард
Душанбе аз таҳкими муносибатҳои дӯстона бо Теҳрон хабар дод
“Ал-Ҷазира”: Буҳрони сӯзишворӣ дар Русия Душанберо ба домани Теҳрон тела медиҳад?
Ҷавонони Тоҷикистон аз Бозиҳои 20-уми Делфӣ 16 медал ба даст оварданд