Ҷоизаи сулҳи Нобел дар соли 2026 ба “Навӣ” Пиллэй, ҳуқуқшиноси маъруфи Африқои Ҷанубӣ дода шуд
Шабакаи иҷтимоии бузургтарини Русия аз Иттиҳоди Аврупо ба додгоҳ шикоят бурд
Гузориши Вазорати корҳои хориҷии Амрико дар бораи қочоқи инсон: “Бачабозӣ” дар миёни Толибон идома дорад
Гузориши Вазорати корҳои хориҷии Амрико дар бораи қочоқи инсон: Толибон кӯдаконро ба ҳайси сарбоз ҷалб мекунанд
Ӯзбекистон низоми сафарро ба шаҳрвандони Қазоқистон, Амрико, Чин ва Кувайт осонтар мекунад
Ҷумҳурии Ӯзбекистон ният дорад, ки барои шаҳрвандони Қазоқистон ва Амрико низоми воридшавии содатарро фароҳам кунад. Бар асоси дастури президент шароити сафар барои шаҳрвандони Қазоқистон бо шиносномаи дохилӣ бояд фароҳам карда шавад. Ҳамчунин, низоми осонтари сафар ба шаҳрвандони амрикоӣ бояд ҷорӣ карда шавад.
Шавкат Мирзиёев, президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳамчунин, супориш додааст, ки барои осон кардани низоми раводиди сафар ба Амрико барои шаҳрвандони Ӯзбекистон чора андешида шавад.
Бар асоси фармони Президент таҳти унвони “Дар бораи тадбирҳо ҷиҳати рушди сайёҳӣ ва густариши босуръати хизматрасониҳои сайёҳӣ дар соли 2025-2026, боло бурдани нақш ва аҳамияти сайёҳӣ дар иқтисод” Вазорати корҳои хориҷӣ дар муддати 3 моҳ пешниҳодро оғоз карда, анҷоми музокирот барои ҷорӣ кардани низоми бидуни раводид барои шаҳрвандони Амрико ба муҳлати то 30 рӯз ва осон кардани талаботи раводид барои шаҳрвандони Ӯзбекистон барои сафар ба Амрикоро пешниҳод намояд.
Ҳамчунин, низоми ворид шудан ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ ё корти шиносоӣ, аз ҷумла шиносномаи кӯдакона барои шаҳрвандони то 16-солаи Русия, Қазоқистон ва Озарбойҷон то 30 рӯз ба нақша гирифта шудааст.
Қаблан, хабар дода шуда буд, ки бо фармони президент аз 1-уми июни соли 2025 барои шаҳрвандони Баҳарайн, Кувейт ва Умон низоми бидуни раводид барои то 30 рӯз ҷорӣ карда шавад. Тибқи ин санад ҳадаф гузошта шудааст, ки сафари 15, 8 миллион сайёҳи хориҷӣ ба Ӯзбекистон ташкил карда шавад ва ҳаҷми содироти хизматрасонии сайёҳӣ то 4 миллиард доллар афзоиш дода шавад.
Ҳамчунин, аз 1-уми июн миёни Ӯзбекистон ва Чин низоми дуҷонибаи бидуни раводид ҷорӣ мегардад. Ин созиш ба шаҳрвандони ҳар ду кишвар имкон медиҳад, ки бе раводид ба муҳлати то 30 рӯз сафар кунанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Украина аз тавофуқи Трамп бо Русия барои содироти дизел шадидан интиқод кард
Душанбе аз таҳкими муносибатҳои дӯстона бо Теҳрон хабар дод
“Ал-Ҷазира”: Буҳрони сӯзишворӣ дар Русия Душанберо ба домани Теҳрон тела медиҳад?
Ҷавонони Тоҷикистон аз Бозиҳои 20-уми Делфӣ 16 медал ба даст оварданд