Ҷоизаи сулҳи Нобел дар соли 2026 ба “Навӣ” Пиллэй, ҳуқуқшиноси маъруфи Африқои Ҷанубӣ дода шуд
Шабакаи иҷтимоии бузургтарини Русия аз Иттиҳоди Аврупо ба додгоҳ шикоят бурд
Гузориши Вазорати корҳои хориҷии Амрико дар бораи қочоқи инсон: “Бачабозӣ” дар миёни Толибон идома дорад
Гузориши Вазорати корҳои хориҷии Амрико дар бораи қочоқи инсон: Толибон кӯдаконро ба ҳайси сарбоз ҷалб мекунанд
Дар Намангони Ӯзбекистон аъзои шохаи хуросонии ДОИШ-ро боздошт намуданд
Хадамоти амнияти давлатии Ӯзбекистон дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар шаҳри Намангони Ҷумҳурии Ӯзбекистон амалиёти фарогирро барои ошкор кардани як гурӯҳи махфии ифротгаро, ки бо гурӯҳи террористии “Давлати Исломии Хуросон” – шохаи хуросонии ДОИШ иртибот доштанд, анҷом доданд.
Бар асоси иттилои тафтишот, кофтуковҳо дар манзилҳои 16 узви ин гурӯҳ доир гардид. Дар ҷараёни амалиёт мақомоти полис 37 телефони мобилӣ, 51 адад китобҳои дорои мазмунҳои динӣ бидуни ишораи нашркунанда, 40 дискҳои DVD, 4 флеш-диск, як ноутбук ва як планшетро мусодира кардаанд.
Роҳбари ин гурӯҳ, сокини ноҳияи Давлатобод, бо иттиҳоми ташкили маҷлисҳои махфӣ ва таблиғи ғояҳои созмонҳои террористии байналмилалӣ, аз ҷумла даъват ба ҷиҳод ва амалиёти интиҳорӣ муттаҳам мешавад. Ӯ, ҳамчунин, дар шабакаи Телеграм якчанд гурӯҳ ва каналҳои хусусӣ бо беш аз 120 ширкаткунанда таъсис додааст. Ба иттилои мақомот, дар ин каналҳо маводи таблиғотии гурӯҳи “Давлати Исломӣ”, наворҳои аудиоиву видеоии хусусияти ифротгароӣ дошта, ҳамчунин, муҳокимаҳои ғайрирасмии аъзои гурӯҳ интишор мегардиданд.
Ба асоси иттилои мақомоти полис дар ин каналҳо паёмҳои ифротгароӣ нашр мешуданд ва ҳадафи он ташвиқи норозигӣ аз ислоҳоти сиёсию иҷтимоӣ ва мазҳабии кишварҳо будааст. Мавод асосан ҷавононро ба риояи шариати сахтгир ва радикалӣ ташвиқ мекардааст.
Хадамоти амнияти давлатии Ӯзбекистон иттилоъ медиҳад, ки фаъолиятҳои ифротгароёнаи роҳбари гурӯҳ баъди гузаштан аз курсҳои мазҳабӣ дар шаҳри Истанбул дар соли 2022 оғоз гардидааст. Ӯ ҳатто падари худро, ки талош мекард, ӯро аз роҳ баргардонад, ба таври оммавӣ “кофир” эълон кардааст. Ҷолиб он аст, ки яке аз аъзои ин гурӯҳ муассис ва роҳбари як донишгоҳи хусусӣ дар шаҳри Намангон будааст.
Бар зидди роҳбари гурӯҳ ва се нафари дигари фаъоли ин парвандаи ҷиноӣ боз гардида, нисбат ба онҳо чораҳои пешгирии ҳабси пешакӣ татбиқ шудааст. Нисбати ҳамаи аъзои гурӯҳи террористӣ парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Украина аз тавофуқи Трамп бо Русия барои содироти дизел шадидан интиқод кард
Душанбе аз таҳкими муносибатҳои дӯстона бо Теҳрон хабар дод
“Ал-Ҷазира”: Буҳрони сӯзишворӣ дар Русия Душанберо ба домани Теҳрон тела медиҳад?
Ҷавонони Тоҷикистон аз Бозиҳои 20-уми Делфӣ 16 медал ба даст оварданд