Ҷоизаи сулҳи Нобел дар соли 2026 ба “Навӣ” Пиллэй, ҳуқуқшиноси маъруфи Африқои Ҷанубӣ дода шуд
Шабакаи иҷтимоии бузургтарини Русия аз Иттиҳоди Аврупо ба додгоҳ шикоят бурд
Гузориши Вазорати корҳои хориҷии Амрико дар бораи қочоқи инсон: “Бачабозӣ” дар миёни Толибон идома дорад
Гузориши Вазорати корҳои хориҷии Амрико дар бораи қочоқи инсон: Толибон кӯдаконро ба ҳайси сарбоз ҷалб мекунанд
Дар се моҳи охир дар Ӯзбекистон беш аз 8 миллиард доллар сармоягузорӣ шудааст
Шавкат Мирзиёев, президенти Ӯзбекистон 21-уми апрел ба гузориши натиҷаҳои фаъолияти сармоягузорӣ дар семоҳаи нахусти соли ҷорӣ, ҳамчунин, самтҳои афзалиятноки соҳа аз надик шинос гардид.
Таъкид гардид, ки ба туфайли сиёсати фаъолонаи хориҷӣ ва фароҳам кардани муҳити мусоиди сармоягузорӣ суръати афзоиши ҳаҷми сармоягузориҳо дар кишвар устувор боқӣ мондааст. Фақат дар се моҳи нахусти соли 2025 беш аз 8,7 миллиард доллар сармояи хориҷӣ ҷалб ва ба истифода дода шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 20 фоиз бештар мебошад.
Сармояҳои ҷалбшуда барои амалӣ кардани лоиҳаҳои калидӣ дар соҳаҳои энергетика, металлургия, саноати кимиё, дорусозӣ, нақлиёт, хоҷагии қишлоқ, об, ҳамчунин, инфрасохтори манзиливу коммуналӣ ва иҷтимоӣ равона шудаанд. Таваҷҷуҳи асосӣ ба истеҳсоли маҳсулоти дорои арзиши баланди иловашуда ва ташкили ҷойҳои корӣ зоҳир мегардад.
Бар асоси пешгӯӣ то анҷоми нимсолаи нахусти сол ҳаҷми умумии сармоягузориҳои хориҷии истифодашуда аз 18 миллиард доллар бештар шуд. Барои соли 2025 ҷалби 42 миллиард доллар сармояи мустақими хориҷӣ ва амалӣ кардани 81 лоиҳаи бузург ва беш аз 8 ҳазор лоиҳаҳои миёнаву хурд ба нақша гирифта шудааст.
Президенти Ӯзбекистон супориш додааст, ки ба ҳар як оилаи сармоягузор муносибати инфиродӣ таъмин гардад, вазорату идораҳои вобаста ва ҳокимиятҳо фаъолона ширкат кунанд ва масъалаҳои пешомада фавран ҳал шаванд.
Президент ҳамчунин, ба зарурати ҳамкории зич бо ҳар як сармоягузор, баланд бардоштани самаранокии истифодаи маблағҳои ҷалбшуда ва таъмини устувори иқтисодиёти ҷаҳонӣ таъкид кардааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Украина аз тавофуқи Трамп бо Русия барои содироти дизел шадидан интиқод кард
Душанбе аз таҳкими муносибатҳои дӯстона бо Теҳрон хабар дод
“Ал-Ҷазира”: Буҳрони сӯзишворӣ дар Русия Душанберо ба домани Теҳрон тела медиҳад?
Ҷавонони Тоҷикистон аз Бозиҳои 20-уми Делфӣ 16 медал ба даст оварданд