Ҷоизаи сулҳи Нобел дар соли 2026 ба “Навӣ” Пиллэй, ҳуқуқшиноси маъруфи Африқои Ҷанубӣ дода шуд
Шабакаи иҷтимоии бузургтарини Русия аз Иттиҳоди Аврупо ба додгоҳ шикоят бурд
Гузориши Вазорати корҳои хориҷии Амрико дар бораи қочоқи инсон: “Бачабозӣ” дар миёни Толибон идома дорад
Гузориши Вазорати корҳои хориҷии Амрико дар бораи қочоқи инсон: Толибон кӯдаконро ба ҳайси сарбоз ҷалб мекунанд
Дар Тошканд бо арзиши 290 миллион шаҳрчаи Олимпиро ба истифода доданд
Шавкат Мирзиёев, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон рӯзи 18-уми август аз шаҳрчаи Олимпии навбунёд дар пойтахт - шаҳри Тошканд боздид кард. Бунёди шаҳрчаи Олимпӣ 9-уми ноябри соли 2022 оғоз гардид ва бо арзиши тақрибан 290 миллион доллар аз ҷониби ширкати “CAMC Engineering” бо меъёрҳои байналмилалӣ бунёд шуд.
Ин шаҳрча, ки масоҳаташ беш аз 1000 гектар аст, на фақат рамзи дастовардҳои варзишии Ӯзбекистон, балки намунаи истифодаи ҳалли навовариҳои меъморӣ ва энергетикӣ ба шумор меравад.
Дар ин маҷмааи варзишӣ панҷ иншооти асосии варзишӣ ҷойгир аст. Аз ҷумла, велодроми муосир бо лоиҳаи муҳандисии душвор ва дизайни нодир сохта шудааст. Трек ба стандартҳои Кумитаи байналмилалии олимпӣ посухгӯ буда, рӯйпӯшаш аз чӯби босифат иҷро шудааст. Дар дохили велодром ҳарорати мунтазам нигоҳ дошта мешавад, то ки сифати рӯйпӯш зарар набинад. Иқтидори майдон 2200 ҷои нишастро дар бар мегирад. Иншоот бисёрфунксионалӣ буда, барои мусобиқаҳои тениси рӯимизӣ ва шамшербозӣ низ истифода мешавад.
Президенти Ӯзбекистон ба масъулон супоиш дод, ки барномаи рушди вазиши велосипедронӣ дар минтақа омода шавад.
Дар маҷмааи варзишӣ варзишгоҳи марказӣ бо ғунҷоиши 12 ҳазор тамошобин бунёд шудааст, ки барои мусобиқаҳои байналмилалӣ ва маросимҳои варзишӣ пешбинӣ шудааст. Дар он 48 навъи варзиши сабук машқ мешавад ва имкон дорад, ки чемпионатҳои ҷаҳон, бозиҳои параолимпӣ ва мусобиқаҳои IBSA барои шахсони нобино доир гардад. Президент таъкид кард, ки дар кишвар то ҳанӯз потенсиали варзишӣ сабук ва параолимпӣ пурра истифода нашудааст. Дар робита ба ин масъала дастур дода шуд, ки варзишгоҳҳои минтақавӣ аз нав таҷдид шуда, мураббиёни хориҷӣ ҷалб карда шаванд.
Шавкат Мирзиёев дар ҷараёни мулоқот бо варзишгарони ӯзбек, ки дар маҷмааи варзишӣ ҷамъ омада буданд, гуфт, ки “Шумо дар аренаҳои байналмилалӣ парчами моро боло мебардоред ва рушди кишварро нишон медиҳед. Ҳар пирӯзии Шумо ифтихори миллат ва нерӯву илҳоми ҷавонон аст. Ин кӯшишро идома диҳед, насли наврасро роҳнамоӣ кунед ва варзиши моро боз ҳам беҳтар кунед”.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Украина аз тавофуқи Трамп бо Русия барои содироти дизел шадидан интиқод кард
Душанбе аз таҳкими муносибатҳои дӯстона бо Теҳрон хабар дод
“Ал-Ҷазира”: Буҳрони сӯзишворӣ дар Русия Душанберо ба домани Теҳрон тела медиҳад?
Ҷавонони Тоҷикистон аз Бозиҳои 20-уми Делфӣ 16 медал ба даст оварданд