Ҷоизаи сулҳи Нобел дар соли 2026 ба “Навӣ” Пиллэй, ҳуқуқшиноси маъруфи Африқои Ҷанубӣ дода шуд
Шабакаи иҷтимоии бузургтарини Русия аз Иттиҳоди Аврупо ба додгоҳ шикоят бурд
Гузориши Вазорати корҳои хориҷии Амрико дар бораи қочоқи инсон: “Бачабозӣ” дар миёни Толибон идома дорад
Гузориши Вазорати корҳои хориҷии Амрико дар бораи қочоқи инсон: Толибон кӯдаконро ба ҳайси сарбоз ҷалб мекунанд
Русия ва Ӯзбекистон санади оғози бунёди роҳи оҳани “Афғон-транс” –ро имзо намуданд
Вазорати нақлиёти Русия хабар дод, ки санади бунёди роҳи оҳани “Афғон-транс”-ро бо мақомоти Ӯзбекистон имзо кардааст. Бар асоси ин санад бояд дар фурсати наздик сохтмони роҳи оҳани “Афғон-транс” оғоз шавад.
Тибқи иттилои ТАСС вазорати мазкур таъкид намудааст, ки дар соли 2025 ниҳодҳои Русия дар ҳамкорӣ бо шарикони ӯзбеки худ вазифадор шуданд, қисматҳои техникӣ ва иқтисодии лоиҳаи бунёди роҳи оҳани “Афғон-транс”-ро барои масирҳои мувофиқашуда омода намоянд.
Масирҳои мувофиқашуда иборат аст аз масири Мазори Шариф - Ҳирот-Дилором – Қандаҳор - Чаман, масири Тирмиз, Ноибобод - Лугар ва Қарочӣ.
Вазорати нақлиёти Русия ҳамчунин, хабар дод, ки нахустин музокира дар хусуси лоиҳаи зикршуда бо ҳузури мутахассисони роҳи оҳани Покистон ва мақомоти идории Толибон дар доираи форуми “Русия - ҷаҳони Ислом” дар шаҳри Қазон мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ӯзбекистон қаблан гуфта буд, ки бунёди сохтмони ин лоиҳа дар соли ҷорӣ оғоз хоҳад шуд.
Ҳамчунин, Алексей Оверчук, муовини сарвазири Русия гуфта буд, ки мақомоти Русия бо намояндагони Толибон дар хусуси сохтмони лоиҳаи роҳи оҳани “Афғон-транс” гуфтугӯ доранд.
Арзиши сохтмони лоиҳа аз сӯйи Пажӯҳишгоҳи тарроҳӣ ва таҳқиқотии нақлиёти Ӯзбекистон беш аз 4,6 миллиард доллар ҳисоб шудааст. Ин дар ҳолест, ки Покистон арзиши сохтмони онро 8,2 миллиард доллар эълон кардааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Украина аз тавофуқи Трамп бо Русия барои содироти дизел шадидан интиқод кард
Душанбе аз таҳкими муносибатҳои дӯстона бо Теҳрон хабар дод
“Ал-Ҷазира”: Буҳрони сӯзишворӣ дар Русия Душанберо ба домани Теҳрон тела медиҳад?
Ҷавонони Тоҷикистон аз Бозиҳои 20-уми Делфӣ 16 медал ба даст оварданд