Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Дар вилояти Киев як гурӯҳ барои истисмори 13 шаҳрванди Ӯзбекистон боздошт шуд
Прокуратураи вилояти Киев гурӯҳи шахсонеро боздошт кард, ки шаҳрвандони Ӯзбекистонро ба меҳнати иҷборӣ ҷалб ва истисмор мекарданд. Дар миёни боздоштшудагон ду шаҳрванди Чин, як шаҳрванди Ӯзбекистон ва як зан - шаҳрванди Украина қарор доранд.
Бино ба иттилои прокуратура ин гурӯҳ ба таври ғайриқонунӣ ҷалб, интиқол ва истифодаи меҳнатии 13 шаҳрванди Ӯзбекистонро ташкил кардааст.
Бар асоси иттилои масъулони тафтишот гумонбарон бо истифода аз маҷбуркунӣ ва фиреб шахсони осебпазирро, ки аз набудани манзил, бекорӣ ва вазъи душвори иқтисодӣ ранҷ мебурданд, ҷалб кардаанд. Сипас, онҳоро аз хориҷи Украина ба вилояти Киев интиқол дода, дар шароити ғайринсонӣ ба меҳнати иҷборӣ маҷбур кардаанд.
17-уми сентябр мақомоти ҳифзи ҳуқуқ кофтуковҳои иҷозатдодашударо дар манзилҳо ва муассисаҳои вобаста ба гумонбарон анҷом додаанд. Дар натиҷа утоқҳое ошкор шуданд, ки дар он ҷо 13 шаҳрванди Ӯзбекистон дар шароити ғайринсонӣ нигоҳдорӣ мешуданд. Ҳамчунин, ҳуҷҷатҳо, воситаҳои пулӣ ва нақлиёт мусодира шуданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”