Ҷоизаи сулҳи Нобел дар соли 2026 ба “Навӣ” Пиллэй, ҳуқуқшиноси маъруфи Африқои Ҷанубӣ дода шуд
Шабакаи иҷтимоии бузургтарини Русия аз Иттиҳоди Аврупо ба додгоҳ шикоят бурд
Гузориши Вазорати корҳои хориҷии Амрико дар бораи қочоқи инсон: “Бачабозӣ” дар миёни Толибон идома дорад
Гузориши Вазорати корҳои хориҷии Амрико дар бораи қочоқи инсон: Толибон кӯдаконро ба ҳайси сарбоз ҷалб мекунанд
Мақомоти Ӯзбекистон хабари фурӯши замин ба Чинро рад карданд
Мақомоти расмии Ӯзбекистон хабарҳои нашршуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар хусуси фурӯши заминҳои кишоварзӣ ба кишвари Чинро рад карданд. Муовини вазири сармоягузории Ӯзбекистон дар вокуниш ба хабари фурӯши замин ба Чин таъкид кард, ки сармоягузориҳои хориҷӣ, аз ҷумла аз Чин бар асоси қонунҳои муайян анҷом дода мешавад ва шаҳрвандони хориҷӣ ҳаққи моликияти заминро надоранд.
Илзат Қосимов, муовини вазири сармоягузории Ӯзбекистон бо нашри як изҳорот хабари фурӯши заминро рад намуда, гуфт, ки “Чин яке аз бузургтарин сармоягузорон дар Ӯзбекистон аст, вале ҳамаи сармоягузорони хориҷӣ тибқи қонунгузории ягона фаъолият мекунанд”. Ӯ таъкид кард, ки Ӯзбекистон бо кишварҳои ба мисли Арабистони Саудӣ, Имороти Муттаҳидаи Араб, Туркия, Русия, Фаронса, Олмон, Кореяи Ҷанубӣ ва Ҷопон низ дар бахши иқтисодӣ ҳамкорӣ дорад.
Бар асоси омори расмӣ, 62 % сармоягузориҳои Чин дар Ӯзбекистон ба соҳаи саноат, 11% дар бахши сӯзишворӣ ва энергетика ва фақат 4% дар бахши кишоварзӣ тааллуқ доранд. Бар хилофи хабарҳои нашршуда, шаҳрвандони хориҷӣ дар Ӯзбекистон ҳаққи харидани заминро надоранд ва онҳо метавонанд то муддати 25 сол ба воситаи музоядаи давлатӣ заминро ба иҷро гиранд.
Мақомоти Ӯзбекистон аз мардум даъват кардаанд, ки ба иттилооти тасдиқношуда такя накунанд ва аз нашри ахбори нодуруст худдорӣ намоянд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Украина аз тавофуқи Трамп бо Русия барои содироти дизел шадидан интиқод кард
Душанбе аз таҳкими муносибатҳои дӯстона бо Теҳрон хабар дод
“Ал-Ҷазира”: Буҳрони сӯзишворӣ дар Русия Душанберо ба домани Теҳрон тела медиҳад?
Ҷавонони Тоҷикистон аз Бозиҳои 20-уми Делфӣ 16 медал ба даст оварданд