Ҷоизаи сулҳи Нобел дар соли 2026 ба “Навӣ” Пиллэй, ҳуқуқшиноси маъруфи Африқои Ҷанубӣ дода шуд
Шабакаи иҷтимоии бузургтарини Русия аз Иттиҳоди Аврупо ба додгоҳ шикоят бурд
Гузориши Вазорати корҳои хориҷии Амрико дар бораи қочоқи инсон: “Бачабозӣ” дар миёни Толибон идома дорад
Гузориши Вазорати корҳои хориҷии Амрико дар бораи қочоқи инсон: Толибон кӯдаконро ба ҳайси сарбоз ҷалб мекунанд
Шавкат Мирзиеёв: “Сайёҳӣ дар Хоразм ва Қарақалпокистон бо консепсияи ягона рушд дода мешавад”
Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев гуфт, ки сайёҳӣ дар Хоразм ва Қарақалпокистон бар асоси консепсияи ягона бо таҳияи лоиҳаи ҳалқаи сайёҳии “Хоразм – Қарақалпокистон” рушд дода мешавад.
Шавкат Мирзиёев гуфт, ки дар ин маврид Барномаи бузурги рушди роҳҳо дар назар аст ва роҳе, ки Урганҷро бо Гурлан ва Мангит мепайвандад, пурра таъмир карда мешавад.
“Ба сокинони Хоразм ва Қарақалпокистон, ки дар ҳар ду соҳили дарёи Омӯ зиндагӣ мекунанд, Худованд сарнавишти муштарак ато намудааст. Таърих, фарҳанг ва анъанаҳои ин ду минтақаи ҳамсояро наметавон аз ҳам ҷудо кард” – мегӯяд президенти Ӯзбекистон.
Дар 80 километрии шаҳри Хева ноҳияи Элликқалъа ҷойгир аст, ки дар он ёдгориҳои таърихии Аёзқалъа ва Тупроққалъа мавҷуданд. Кӯли Оқчақул дорои инфрасохтори туризми соҳилӣ мебошад. Дар ноҳияи Берунӣ макони зиёрати Султон Увайс як манзили сайёҳии мазҳабӣ ба шумор меравад.
“Мо иҷрои як барномаи васеъи рушди роҳҳоро, ки ин минтақаҳоро ба ҳам мепайванданд, оғоз мекунем ва инфрасохтори канори роҳҳоро низ рушд медиҳем. Ғайр аз ин роҳи мошингарди Урганҷ – Гурлан – Мангит пурра таъмир хоҳад шуд” – таъкид кард Шавкат Мирзиёев.
Шавкат Мирзиёев дар мавриди рушди сайёҳӣ дар Хоразм гуфт, ки 2400 гектар замин дар ноҳияи Хева ба ҳудуди шаҳри Хева ворид карда мешавад. Дар ин ҷо маҷмааи бузурги сайёҳии Ситораи биёбон бунёд шуда, меҳмонхонаҳо, марказҳои фароғатӣ, кӯчаҳои гастрономӣ, савдо, осорхонаҳо, хонаҳои экологӣ, урдугоҳи тобистона ва интишори туризми экстремалӣ сохта хоҳад шуд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Украина аз тавофуқи Трамп бо Русия барои содироти дизел шадидан интиқод кард
Душанбе аз таҳкими муносибатҳои дӯстона бо Теҳрон хабар дод
“Ал-Ҷазира”: Буҳрони сӯзишворӣ дар Русия Душанберо ба домани Теҳрон тела медиҳад?
Ҷавонони Тоҷикистон аз Бозиҳои 20-уми Делфӣ 16 медал ба даст оварданд