Ҷоизаи сулҳи Нобел дар соли 2026 ба “Навӣ” Пиллэй, ҳуқуқшиноси маъруфи Африқои Ҷанубӣ дода шуд
Шабакаи иҷтимоии бузургтарини Русия аз Иттиҳоди Аврупо ба додгоҳ шикоят бурд
Гузориши Вазорати корҳои хориҷии Амрико дар бораи қочоқи инсон: “Бачабозӣ” дар миёни Толибон идома дорад
Гузориши Вазорати корҳои хориҷии Амрико дар бораи қочоқи инсон: Толибон кӯдаконро ба ҳайси сарбоз ҷалб мекунанд
“Volkswagen” дар Ӯзбекистон истеҳсоли мошинҳоро оғоз мекунад
Ширкати машҳури олмонии Volkswagen бо ширкати «Узавтосаноат» барои ба роҳ мондани истеҳсоли мошинҳо шартнома ба имзо расонд. Бар асоси шартнома истеҳсол бо усули SKD (крупноузловая сборка) дар ҳамкорӣ бо ширкати «Узавтосаноат» — Alyans Auto роҳандозӣ мешавад. Қисмҳои мошин аз Чин оварда мешавад.
Дар ҳошияи имзои шартномаи мазкур узви раёсати фурӯш, маркетинг ва хизматрасонии баъд аз фурӯши Volkswagen Passenger Cars Мартин Сандер гуфт: “ Дар вақти навиштани ин сатрҳо, ҳатто ранг дар коғаз ҳанӯз хушк нашудааст. Шартномаи ҷолибе, ки ба рушди стратегии Volkswagen дар бозори Ӯзбекистон, ки маркази босуръатрушдёбандаи Осиёи Марказӣ аст, кумак мекунад”.
Ӯ гуфт, ки дар Ӯзбекистон даромади аҳолӣ рӯ ба афзоиш аст ва кишвар дар остонаи “буми автомобилӣ” қарор дорад.
«Қувваи бренди Volkswagen барои синфи миёнаи афзояндаи Ӯзбекистон ҷаззоб аст. Мо медонем, ки онҳо ба мошинҳои босифати олмонӣ таваҷҷуҳ доранд», — таъкид намуд ӯ.
Ҳамчунин, Мартин Сандер зикр кард, ки афзоиши аҳолӣ дар Ӯзбекистон талабот ба мошинҳоро меафзояд ва “ин маънои онро дорад, ки ниёз ба мошинҳои боэътимод, ҳам ҳоло ва ҳам дар оянда бештар хоҳад шуд”.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Украина аз тавофуқи Трамп бо Русия барои содироти дизел шадидан интиқод кард
Душанбе аз таҳкими муносибатҳои дӯстона бо Теҳрон хабар дод
“Ал-Ҷазира”: Буҳрони сӯзишворӣ дар Русия Душанберо ба домани Теҳрон тела медиҳад?
Ҷавонони Тоҷикистон аз Бозиҳои 20-уми Делфӣ 16 медал ба даст оварданд