Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Шавкат Мирзиёев объявил 10-дневное чрезвычайное положение для сбора хлопка
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев барои таъмин кардани ҷамъоварии пурраи пахта ҳолати фавқулодаи 10-рӯза эълон кард.
Тибқи иттилои хадамоти матбуоти президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев супориш додааст, ки дар муддати кӯтоҳ дар минтақаҳои мушкил ситодҳои амалиётии махсус ташкил карда шаванд, то ҷамъоварии босифати ҳосил ва ҳалли саривақтии мушкилоти кишоварзон таъмин шавад.
Ба гуфтаи роҳбари кишвар, дар баъзе аз вилоятҳо суръати ҷамъоварии пахта аз нақша қафо мемонад.
Соли ҷорӣ дар Ӯзбекистон дар майдони 875 ҳазор гектар замин пахта кишт шуда, шартномаҳо барои таҳвил додани 3, 7 миллион тонна пахтаи хом ба имзо расидаанд. Дар маъракаи ҷамъоварии ҳосил беш аз 900 мошини махсус ҷалб гардидааст.
Шавкат Мирзиёев таваҷҷуҳи махсусро ба таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти коргарони саҳро, дурустии техникаи кишоварзӣ ва назорат бар интиқоли пахта ҷалб намуд.
Дар робита ба ин, масъулияти махсус ба дӯши мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вогузор шудааст, то вақти расондани пахта ба нуқтаҳои қабули ҳосил назорати пурраро таъмин намоянд. Дар саросари кишвар 418 нуқтаи қабули пахта таҳти муҳофизат қарор доранд, то аз вайроншавӣ ва сӯхтор пешгирӣ шавад.
Дар охири моҳи сентябр дар рафти ҷамъоварии пахта дар Ӯзбекистон 11 қонуншиканӣ ошкор шудааст. Се нафар мансабдори давлатӣ барои маҷбур кардани шаҳрвандон ба меҳнат ҷарима шудаанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Иштироки Пешвои миллат дар Иди картошка
Конор Макгрегор: “Охирин муҳорибаамро ба таври шоиста мегузаронам”
Беларусия дар ҳукумати террористии Толибон сафир таъин кард
Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар оянда дар Тоҷикистон 900 миллион сармоягузорӣ мекунад