Ҷоизаи сулҳи Нобел дар соли 2026 ба “Навӣ” Пиллэй, ҳуқуқшиноси маъруфи Африқои Ҷанубӣ дода шуд
Шабакаи иҷтимоии бузургтарини Русия аз Иттиҳоди Аврупо ба додгоҳ шикоят бурд
Гузориши Вазорати корҳои хориҷии Амрико дар бораи қочоқи инсон: “Бачабозӣ” дар миёни Толибон идома дорад
Гузориши Вазорати корҳои хориҷии Амрико дар бораи қочоқи инсон: Толибон кӯдаконро ба ҳайси сарбоз ҷалб мекунанд
Бонки ҷаҳонӣ барои навсозии инфрасохтори обёрии Ӯзбекистон 200 миллион ҷудо мекунад
Шурои директорони иҷроии Бонки ҷаҳонӣ ҷудо кардани 200 миллион доллар қарзи боимтиёз барои амалӣ кардани лоиҳаи навсозии инфрасохтори обёрӣ ва беҳтар кардани хизматрасонӣ дар соҳаи кишоварзӣ дар Ӯзбекистонро тасвиб кард.
Лоиҳаи мазкур марҳилаи нахусти барномаи минтақавии Бонки ҷаҳонӣ барои баланд бардоштани самаранокии истифодаи об ва ҳизфи захираҳои об дар Осиёи Марказӣ мебошад.
Дар изҳороти Бонки ҷаҳонӣ зикр шудааст, ки барномаи обёрии соҳаи кишоварзии Ӯзбекистон, ки тақрибан 25 фоизи Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ва шуғлро ташкил медиҳад, муҳим аст. Таъкид шудааст, ки ҳаҷми асосии оби кишоварзӣ дар Ӯзбекистон аз дарёи Омӯ ва Сир ба воситаи каналҳо таъмин мешавад. Ин кишвар 90 фоизи захираҳои обиро дар соҳаи кишоварзӣ истифода мекунад ва таъмини истифодаи самараноки он бисёр муҳим мебошад.
Бар асоси арзёбиҳо норасоии об дар Ӯзбекистон ба сабаби коҳиши маҷрои дарёҳо, обшавии пиряхҳо, афзоиши бухоршавии об, боришоти номутназам ва хушксолии бештар ба таври назаррас бадтар мешавад. Дар ин тағйирот пешбинӣ шудааст, ки ҳаҷми захираҳои мавҷуди об 30-40% кам шуда, талабот ба хизматрасонии об 25% бештар мешавад.
Тибқи иттилои расонаҳо қисми зиёди инфрасохтори обёрии Ӯзбекистон кӯҳна шудааст, ки боиси талафоти зиёди об, тақсимоти нобаробарии захираҳои обӣ дар минтақа ва сифати пасти хизматрасонии обёрӣ барои кишоварзон мегардад. Ҳамчунин, тақрибан 2,4 миллион гектар заминҳои кишоварзии хоҷагии қишлоқ ба системаи обёрии бо насос вобаста аст.
“Барномаҳои банақшагирифташуда ба баланд бардоштани ҳосилнокии кишоварзӣ, баланд бардоштани некуаҳволии истифодабарандагони об, инчунин, ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва рушди соҳаи кишоварзӣ мусоидат хоҳад кард”- зикр кардааст Татяна Проскурякова, директори Бонки ҷаҳонӣ дар Осиёи Марказӣ.
Татяна Проскурякова афзуд, ки ин лоиҳаи нави Бонки ҷаҳонӣ ба ҳукумат дар амалӣ кардани Консепсияи рушди бахши оби Ӯзбекистон барои солҳои 2020-2030 мусоидат хоҳад кард: “Он, инчунин, инфрасохтори каммасрафи об ва энергетикаро дар бахши ирригатсионӣ пешбинӣ мекунад.”- гуфт Тетяна Проскурякова.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Украина аз тавофуқи Трамп бо Русия барои содироти дизел шадидан интиқод кард
Душанбе аз таҳкими муносибатҳои дӯстона бо Теҳрон хабар дод
“Ал-Ҷазира”: Буҳрони сӯзишворӣ дар Русия Душанберо ба домани Теҳрон тела медиҳад?
Ҷавонони Тоҷикистон аз Бозиҳои 20-уми Делфӣ 16 медал ба даст оварданд