Ҷоизаи сулҳи Нобел дар соли 2026 ба “Навӣ” Пиллэй, ҳуқуқшиноси маъруфи Африқои Ҷанубӣ дода шуд
Шабакаи иҷтимоии бузургтарини Русия аз Иттиҳоди Аврупо ба додгоҳ шикоят бурд
Гузориши Вазорати корҳои хориҷии Амрико дар бораи қочоқи инсон: “Бачабозӣ” дар миёни Толибон идома дорад
Гузориши Вазорати корҳои хориҷии Амрико дар бораи қочоқи инсон: Толибон кӯдаконро ба ҳайси сарбоз ҷалб мекунанд
Ӯзбекистон ва Росатом барои бунёди неругоҳи атомӣ ба созиш расиданд
Агентии энергияи атомии Ӯзбекистон ва “Росатом” ду созишномаи муҳим доир ба амалӣ кардани лоиҳаҳои атомиро имзо карданд.
Азим Аҳмедхуҷаев, директори “Узатом” гуфт, ки бар асоси ин созишнома аввалин неругоҳи атомӣ бо ду реактори ВВЭР-1000 (ҳар кадом бо иқтидори 1гвт), ки дар оянда чор реактор илова мешавад, бунёд мешавад.
Ҳамзамон, ҷонибҳо қарор намуданд, ки сохтмонро тезтар, моҳи марти соли 2026 оғоз намоянд. Қаблан мувофиқа шуда буд, ки сохтмон дар тобистон оғоз шавад. Ин иқдом бо ҳадафи суръат бахшидан ба таъмини кишвар бо барқи босубот сурат мегирад.
Ӯзбекистон солҳои зиёд бо камбудии барқ рӯ ба рӯ буд. Имрӯз беш аз 80% -и истеҳсоли нерӯ дар ин кишвар аз ҳисоби неругоҳҳои ҳароратӣ истеҳсол мешавад. Афзоиши босуръати аҳолӣ ва рушди санаот боиси он шудааст, ки талабон барои истифодаи неруи барқ дар Ӯздекистон бештар шавад. Ҳукумат ният дорад, то соли 2026 истеҳсоли барқро ба 110 млрд квт соат ва то соли 2030 ба 120 млрд квт соат расонад.
Лоиҳаи реакторҳои хурди “Ритм-2000Н” дар Ӯзбекистон аввалин таҷрибаи ҷаҳонӣ барои бунёди як кластери заминӣ бо истифода аз урани HALEU (бо 20% ё камтар аз он обогатшавӣ) мебошад, ки имкон медиҳад давраи истифодаи уран қариб пурра сарф шуда, партовҳои радиоактивӣ коҳиш ёбанд.
Таҳлилгарон мегӯянд, ки ин ҳамкориҳо на фақат ба Ӯзбекистон дар таъмини амнияти энергетикӣ кумак мекунанд, балки мавқеи Русияро дар бозори ҷаҳонии атомӣ тақвият мебахшанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Украина аз тавофуқи Трамп бо Русия барои содироти дизел шадидан интиқод кард
Душанбе аз таҳкими муносибатҳои дӯстона бо Теҳрон хабар дод
“Ал-Ҷазира”: Буҳрони сӯзишворӣ дар Русия Душанберо ба домани Теҳрон тела медиҳад?
Ҷавонони Тоҷикистон аз Бозиҳои 20-уми Делфӣ 16 медал ба даст оварданд