Ҷоизаи сулҳи Нобел дар соли 2026 ба “Навӣ” Пиллэй, ҳуқуқшиноси маъруфи Африқои Ҷанубӣ дода шуд
Шабакаи иҷтимоии бузургтарини Русия аз Иттиҳоди Аврупо ба додгоҳ шикоят бурд
Гузориши Вазорати корҳои хориҷии Амрико дар бораи қочоқи инсон: “Бачабозӣ” дар миёни Толибон идома дорад
Гузориши Вазорати корҳои хориҷии Амрико дар бораи қочоқи инсон: Толибон кӯдаконро ба ҳайси сарбоз ҷалб мекунанд
Дар Ӯзбекистон гурӯҳи калони “қаллобони ҳаҷ” боздошт шуданд
Мақомоти амниятии Ӯзбекистон дар чандин минтақаи ин кишвар аз кӯшишҳои ғайриқонунӣ фиристодани шаҳрвандон ба сафари ҳаҷ пешгирӣ намуданд.
Дар натиҷаи амалиёти мақомот 4 нафар кормандони як ширкати маҳаллӣ дар шаҳри Тошканд боздошт шуданд. Онҳо аз се нафар шаҳрвандони Ӯзбекистон барои фиристодан ба ҳаҷ бо раводиди меҳнатӣ аз ҳар кадом 7 ҳазор долларӣ ва аз як шаҳрванди дигар бо раводиди сайёҳӣ 5 ҳазор доллар талаб кардаанд. Онҳо дар вақти гирифтани пешпардохт дар ҳаҷми 20 ҳазор доллар боздошт шуданд.
Дар шаҳри Марғелони вилояти Фарғона кормандони як ширкати сайёҳӣ дар вақти гирифтани 24 ҳазор доллар барои фиристодани ду нафар ба ҳаҷи умра ва 15 ҳазор доллар барои фиристодани се нафар ба ҳаҷ боздошт шуданд.
Дар шаҳри Намангон як сокини соли таваллудаш 1999 боздошт шуд, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо эълонҳои бардурӯғ барои фиристодан ба ҳаҷ шаҳрвандонро фиреб дода, аз ҳар яке аз ин шаҳрвандон 4 ҳазор доллар гирифтааст.
Дар ноҳияи Чусти вилояти Намангон роҳбари як ширкати сайёҳӣ, ки иҷозатномаи ташкил кардани сафари ҳаҷро надошт, ваъда дод, ки се нафарро бо маблағи 10 ҳазор доллар ба умра мебарад. Ӯ дар вақти гирифтани 4 ҳазор доллар боздошт гардид.
Дар натиҷаи ҳамкорӣ бо департаменти мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодӣ як ҷавони 27 – сола боздошт гадид. Ӯ ба панҷ сокини Ӯзбекистон ваъда додааст, ки онҳоро бо раводиди ҳаҷ ба Арабистони Саудӣ барои адои маросим мефиристад ва барои ин кор 27 ҳазор доллар талаб кардааст. Мавсум дар вақти гирифтани 13 ҳазор доллар боздошт гадид.
Нисбати афроди боздоштшуда парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Украина аз тавофуқи Трамп бо Русия барои содироти дизел шадидан интиқод кард
Душанбе аз таҳкими муносибатҳои дӯстона бо Теҳрон хабар дод
“Ал-Ҷазира”: Буҳрони сӯзишворӣ дар Русия Душанберо ба домани Теҳрон тела медиҳад?
Ҷавонони Тоҷикистон аз Бозиҳои 20-уми Делфӣ 16 медал ба даст оварданд