3 Ноябр 2026,
сешанбе, 14:37, Душанбе
14.03.2025 11:33

Ҷабли 12 миллиард сармоягузорӣ ҳосили сафари Мирзиёев ба Фаронса

Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва президенти Фаронса Эммануэл Макрон дар Қасри Елисей шартномаи шарикии стратегии Ӯзбекистон ва Фаронсаро имзо карданд.

Хадамоти матбуоти президенти Ӯзбекистон иттилоъ медиҳад, ки дар Қасри Елисей музокироти дуҷонибаи роҳбарони ду кишвар дар формати рӯ ба рӯ ва ҳамчунин, бо иштироки васеъи ҳайатҳо баргузор шуд. Дар ин мулоқот роҳбарони ду кишвар ба рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи иқтисодӣ таъкид намуданд. Таъкид шуд, ки барои нахустин бор, дар соли гузашта ҳаҷми тиҷорат аз 1 миллиард евро гузашт ва шумораи корхонаҳои муштарак афзоиш ёфт. Дар ҷараёни мулоқот ба ҳамкории сармоягузорӣ ва молиявӣ таваҷҷуҳи махусус зоҳир гардид.

Дар доираи сафари Шавкат Мирзиеёв ба шаҳри Париж Барномаи шарикии инноватсионӣ ва саноатӣ ба имзо расид. Дар доираи барномаи мазкур ду кишвар барои амалӣ сохтани лоиҳаҳои муштарак 6, 5 миллиард евро сармоягузорӣ хоҳанд кард. Ин лоиҳа ба бахшҳои истихроҷ ва коркарди маъданҳои муҳим, энергетика, рушди инфрасохтор ва нақлиётӣ вобаста аст. Ба асоси иттилои расонаҳо, дар маҷмуъ лоиҳаҳои муштараки Ӯзбекистон ва Фаронса аз 12 миллиард доллар зиёдтар мебошад.

Дар доираи сафари Шавкат Мирзиёев ба Фаронса дар шаҳрҳои гуногун, аз ҷумла Париж, Тулуза, Лион, Нитса чорабиниҳои мухталиф бо иштироки ҳайатҳои Ӯзбекистон баргузор мешавад. Бар асоси нақша форуми тиббӣ ва конфронси илмӣ баргузор шуда, муаррифии имкониятоҳои сайёҳии Ӯзбекистон сурат мегирад. Ба хотири идомаи ҳамкориҳо ду ҷониб тавофуқ карданд, ки Форуми аввалини минтақавии Ӯзбекистон ва Фаронсаро дар соли 2026 баргузор намоянд.

Роҳбарони ду кишвар дар нишасти матбуотӣ таъкид намуданд, ки равобити сиёсии Ӯзбекистон ва Фаронса то ба сатҳи шарикии стратегӣ рушд хоҳад кард.

“Бо дастгирии ҳукумати Фаронса ва Агентии рушди Фаронса ширкатҳои мо дар Ӯзбекистон сармоягузорӣ мекунанд, ҷойҳои нави корӣ эҷод мешавад ва ҷавонон касб омӯхта, ҷойи худро дар зиндагӣ пайдо мекунанд” – таъкид намуд президенти Фаронса.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

03.11.2026 13:57

Артиши Эрон ҳушдор дод: агар Амрико ҳамла кунад, посухи Эрон аз Ғарби Осиё фаротар меравад

Муҳаммад Акраминиё, сухангӯи артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, дар сурати ҳамлаи дубораи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Эрон бо вокуниши фаврӣ, шадидтар ва густурдатар аз гузашта посух хоҳад дод.
03.11.2026 13:49

Сафири Тоҷикистон хостори густариши сармоягузории Покистон дар Тоҷикистон шуд

Шарифзода Юсуф Тоир, Сафири Тоҷикистон дар Покистон дар суҳбат бо расонаҳои покистонӣ хостори тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ, густариши тиҷорати дуҷониба ва афзоиши сармоягузорӣ дар миёни Тоҷикистон ва Покистон шудааст.
03.11.2026 13:12

Тоҷикистон бо Лаос дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ кард

Рӯзи 2-юми ноябр намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии халқӣ-демократии Лаос дар шаҳри Вентян масъалаҳои таҳкими муколамаи байниҳукуматӣ, рушди робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва ҳамкориҳои фарҳангиро баррасӣ намуданд.
02.11.2026 14:36

Рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои дидани имкониятҳои сайёҳӣ ба Тоҷикистон омадаанд

Як гурӯҳ рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои шиносоӣ бо имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ва муаррифии он ба Тоҷикистон сафар кардаанд. Ҳадафи ин сафар муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ, мероси таърихию фарҳангӣ ва анъанаҳои миллии кишвар дар расонаҳои Беларус аст.