Ҷоизаи сулҳи Нобел дар соли 2026 ба “Навӣ” Пиллэй, ҳуқуқшиноси маъруфи Африқои Ҷанубӣ дода шуд
Шабакаи иҷтимоии бузургтарини Русия аз Иттиҳоди Аврупо ба додгоҳ шикоят бурд
Гузориши Вазорати корҳои хориҷии Амрико дар бораи қочоқи инсон: “Бачабозӣ” дар миёни Толибон идома дорад
Гузориши Вазорати корҳои хориҷии Амрико дар бораи қочоқи инсон: Толибон кӯдаконро ба ҳайси сарбоз ҷалб мекунанд
ДАР 3 МОҲИ АВВАЛИ СОЛИ 2025 ҚАЗОҚИСТОН ДАР ӮЗБЕКИСТОН 54 КОРХОНА ТАЪСИС ДОДААСТ
Аз моҳи март то моҳи майи соли 2025 дар Ӯзбекистон беш аз 900 корхонаи нав аз сӯйи сармоягузорони хориҷӣ таъсис ёфтааст.
Ба иттилои Кумитаи миллии омори Ҷумҳурии Ӯзбекистон то 1-уми июни соли ҷорӣ дар кишвар 15 405 ширкат бо сармоягузории хориҷӣ фаъолият мекунад, ки моликони шумораи зиёди ин ширкатҳо чиниҳо мебошанд. Дар се моҳи теъдоди ширкатҳои чинӣ ба 492 адад расида, ба 4068 ширкат баробар шудааст. Сармоягузорони Чин аз ҷиҳати таъсис додани корхона дар Ӯзбекистон дар ҷойи аввал меистанд. Дар ҷои дувум бошад Федератсияи Русияи қарор дорад. Дар Ӯзбекистон 3086 ширкати русӣ фаъолият мекунанд. Дар ҷойи сеюм бо 1997 ширкат Туркия қарор дорад.
Дар Ӯзбекистон сармоягузорони қазоқ низ фаъоланд. Фақат дар се моҳи охир Қазоқистон дар Ӯзбекистон 54 корхонаи нав таъсис додааст. Бо ин шумора, шумораи умумии ширкатҳои қазоқӣ дар Ӯзбекистон ба 1136 адад мерасад. Қаблан хабар шуда буд, ки миёни Қазоқистон ва Ӯзбекистон эҳтимолан чор долони нави тиҷоратӣ боз мешавад. Ба ҷуз ин, дар Тошканд бунёди Маркази тиҷоратии Қазоқистон ва дар Остона Маркази тиҷоратии Ӯзбекистон дар назар аст. Ин иқдомҳо ба таҳкими робитаҳои байниминтақавии миёни ду кишвар мусоидат мекунанд.
Бар асоси омори моҳҳои январ ва апрели соли ҷорӣ Қазоқистон мақоми яке аз се шарики бузурги тиҷоратии Ӯзбекистонро нигоҳ доштааст. Дар ин давра Тошканди расмӣ ба Остона ба маблағи 405,7 миллион доллар маҳсулот содир кардааст ва ба маблағи беш аз 986,8 миллион доллар мол ворид кардааст. Ҳаҷми умумии гардиши мол дар миёни ду кишвар ба 1,4 миллиард доллар баробар шудааст.
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
Украина аз тавофуқи Трамп бо Русия барои содироти дизел шадидан интиқод кард
Душанбе аз таҳкими муносибатҳои дӯстона бо Теҳрон хабар дод
“Ал-Ҷазира”: Буҳрони сӯзишворӣ дар Русия Душанберо ба домани Теҳрон тела медиҳад?
Ҷавонони Тоҷикистон аз Бозиҳои 20-уми Делфӣ 16 медал ба даст оварданд