Шавкат Мирзиёев хостори суръат бахшидан ба ҷорӣ кардани кортҳои ID дар марзи Тоҷикистон шуд
Аббос Ироқчӣ: “Эрон таслим намешавад, музокирот бо ИМА идома дорад ва боз шудани тангаи Ҳурмуз ба созиш вобаста аст
Пизишкиён: “Хок мехӯрем, аммо хок намедиҳем”. Ин сухани Сатторхон аст ё Аҳмадшоҳи Масъуд?
255 евро. Криштиану Роналду ҷарима ва муддате аз футбол маҳрум карда шуд
Беш аз 10,3 миллион сайёҳ ба Ӯзбекистон рафтаанд: Тоҷикистон дар сафи пеш
Тоҷикистон дар қатори Қазоқистон ва Қирғизистон дар ҷумлаи кишварҳое қарор гирифтааст, ки дар давоми 9 моҳи соли ҷорӣ аз қаламрави он, бештари сайёҳон ба Ӯзбекистон сафар кардаанд.
Дар ин бора хабаргузории “UzA” хабар дода, навиштааст, ки дар моҳҳои январ ва сентябри соли 2026 шумораи сайёҳони хориҷӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 20,4 фоиз афзоиш ёфтаанд.
Бар асоси иттилои Кумитаи миллии омори Ӯзбекистон дар давоми 9 моҳ беш аз 10,3 миллион шаҳрванди хориҷӣ ба ин кишвар сафар кардаанд. Ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта тақрибан 1,7 миллион нафар зиёд мебошад.
Бештари сайёҳон аз қаламрави Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон ба Ӯзбекистон рафтаанд. Русия, Чин, Афғонистон, Туркманистон, Туркия, Ҳиндустон ва Олмон низ аз ҷумлаи кишварҳое будаанд, ки шаҳрвандонашон бештар ба Ӯзбекистон сафар кардаанд.
Ба навиштаи ин расонаи ӯзбекӣ, афзоиши шумораи сайёҳони хориҷӣ метавонад ба рушди соҳаи сайёҳӣ, муаррифии ёдгориҳои таърихиву фарҳангии Ӯзбекистон дар хориҷ ва зиёд шудани хизматрасониҳо барои меҳмонон мусоидат намояд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Мақомот зани гумонбар ба дуздидани навзод аз таваллудхонаро дастгир кард
Аз мубориза бо терроризм то зеҳни сунъӣ: Тоҷикистон авлавиятҳои худро дар СҲШ эълон кард
Беш аз 10,3 миллион сайёҳ ба Ӯзбекистон рафтаанд: Тоҷикистон дар сафи пеш
Шавкат Мирзиёев хостори суръат бахшидан ба ҷорӣ кардани кортҳои ID дар марзи Тоҷикистон шуд