3 Ноябр 2026,
сешанбе, 14:18, Душанбе
29.04.2025 10:10

Бахтиёр Саидов ва Абдулазиз Комилов Доналд Трампро ба Ӯзбекистон даъват намуданд

Ҳайати Ӯзбекистон таҳти роҳбарии Бахтиёр Саидов, вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон ва Абдулазиз Комилов, намояндаи махсуси президенти Ӯзбекистон оид ба сиёсати хориҷӣ ба Доналд Трамп, президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико даъватномаи расмӣ барои сафар ба Ӯзбекистонро супурданд.

Сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тошканд Ҷонатан Ҳеник гуфт, ки Кохи сафед аз ин даъват хушнуд аст ва онро ҷиддан баррасӣ мекунад. Сафири Амрико дар Тошканд таъкид кард, ки бо гузашти беш аз 30 соли истиқлоли кишварҳои минтақа ҳоло замони муносиб барои сафари президенти Амрико фаро расидааст.

Сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо намояндагони ВАО мулоқот намуд. Ӯ дар хусуси вазъияти кунунии муносибатҳои Вашингтон ва Тошканд сухан гуфта, таъкид кард, ки имрӯз сатҳи равобит беҳтар аз ҳар вақти дигар аст.

Ҷонатан Ҳеник гуфт, ки дар солҳои ахир шаҳрвандони Ӯзбекистон шумораи рекордии дархостҳо барои дарёфти раводиди амрикоиро пешниҳод кардаанд ва консулгарии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико низ шумораи рекордии раводидҳоро додааст. Ӯ афзуд, ки муколама бо ҳукумати Доналд Трамп дар сатҳи олӣ идома дорад.

Аз замони ба даст овардани истиқлоли кишварҳои Осиёи Марказӣ то ба имрӯз, ки беш аз 30 сол гузаштааст, то ҳол ягон президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз ин минтақа боздид накардааст. Бархе хабарҳо дар хусуси сафари Ҷо Байден дар охири давраи президентиаш ба Қазоқистон ва Ӯзбекистон нашр шуда буд, ки сурат нагирифт. Акнун ҳайати Ӯзбекистон даъвати расмиро ба Доналд Трамп супоридааст.

“Ҳам вазири корҳои хориҷӣ Бахтиёр Саидов ва ҳам намояндаи махсуси президент Абдулазиз Комилов дар ҷараёни сафари худ ба Вашингтон президент Трампро барои боздид аз Ӯзбекистон, эҳтимолан дар доираи нишасти “С5+1” даъват карданд. Кохи сафед аз чунин даъват хушнуд аст ва онро ҷиддан баррасӣ мекунад. Бо назардошти он ки аз замони истиқлол беш аз 30 сол гузаштааст, ман бар он боварам, ки ҳоло замони муносиб барои боздиди президенти ИМА аз минтақа фаро расидааст”  - гуфт Ҷонатан Ҳеник.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

03.11.2026 13:57

Артиши Эрон ҳушдор дод: агар Амрико ҳамла кунад, посухи Эрон аз Ғарби Осиё фаротар меравад

Муҳаммад Акраминиё, сухангӯи артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, дар сурати ҳамлаи дубораи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Эрон бо вокуниши фаврӣ, шадидтар ва густурдатар аз гузашта посух хоҳад дод.
03.11.2026 13:49

Сафири Тоҷикистон хостори густариши сармоягузории Покистон дар Тоҷикистон шуд

Шарифзода Юсуф Тоир, Сафири Тоҷикистон дар Покистон дар суҳбат бо расонаҳои покистонӣ хостори тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ, густариши тиҷорати дуҷониба ва афзоиши сармоягузорӣ дар миёни Тоҷикистон ва Покистон шудааст.
03.11.2026 13:12

Тоҷикистон бо Лаос дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ кард

Рӯзи 2-юми ноябр намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии халқӣ-демократии Лаос дар шаҳри Вентян масъалаҳои таҳкими муколамаи байниҳукуматӣ, рушди робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва ҳамкориҳои фарҳангиро баррасӣ намуданд.
02.11.2026 14:36

Рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои дидани имкониятҳои сайёҳӣ ба Тоҷикистон омадаанд

Як гурӯҳ рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои шиносоӣ бо имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ва муаррифии он ба Тоҷикистон сафар кардаанд. Ҳадафи ин сафар муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ, мероси таърихию фарҳангӣ ва анъанаҳои миллии кишвар дар расонаҳои Беларус аст.