29 Октябр 2026,
панҷшанбе, 19:40, Душанбе
29.10.2026 13:29

Паёми нави мушакии Кореяи Шимолӣ ба Амрико ва шариконаш

Кореяи Шимолӣ беш аз 10 мушаки баллистикии кӯтоҳпарвозро ба самти Дарёи Шарқӣ (Баҳри Ҷопон) партоб кардааст. Артиши Кореяи Ҷанубӣ аз ин ҳодиса хабар дода, эълом кардааст, ки назорат ва омодагии худро барои муқобила бо партобҳои эҳтимолии баъдӣ тақвият медиҳад.

Ба гузориши расонаҳои байналмилалӣ, мушакҳо тақрибан соати 12:30 ба вақти маҳаллӣ аз минтақаи Вонсан партоб шудаанд. То кунун дар бораи масофаи тайкардаи онҳо маълумоте нашр нашудааст.

Ситоди муштараки артиши Кореяи Ҷанубӣ ҳамчунин, эълом кардааст, ки Сеул, Вашингтон ва Токио маълумоти марбут ба мушакҳои баллистикии Кореяи Шимолиро бо ҳам мубодила мекунанд ва дар ҳолати омодабош қарор доранд.

17-умин партоби мушакӣ дар соли ҷорӣ

Партоби ахир 17-умин мавриди партоби мушакҳои баллистикии Кореяи Шимолӣ дар соли ҷорӣ ва аввалин партоб пас аз 17 рӯзи таваққуф ба шумор меравад.

Кореяи Шимолӣ бори охир рӯзи 12-уми октябр чанд мушаки баллистикиро ба самти Баҳри Ҷопон партоб карда буд.

Идомаи фишорҳо ба Пхенян

Ин иқдом дар ҳоле сурат гирифтааст, ки як рӯз пеш Кореяи Ҷанубӣ, ИМА ва дигар шарикони онҳо бори дигар ба пойбандии худ ба ҳадафи халъи силоҳи ҳастаии Кореяи Шимолӣ таъкид карданд.

Фишори кишварҳои ғарбӣ ва муттаҳидони онҳо ба Пхенян ба далели барномаҳои ҳастаӣ ва мушакии ин кишвар идома дорад.

Дар баёнияи муштараке, ки як рӯз пеш нашр шуд, 11 кишвар ҳамроҳ бо Иттиҳоди Аврупо аз таҳримҳои ахир алайҳи Кореяи Шимолӣ дар робита ба фаъолияти киберӣ ва ҳамкориҳои низомии ин кишвар бо Русия истиқбол карданд.

Онҳо ҳамчунин, аз кишварҳои узви Созмони Милали Муттаҳид хостанд, ки қатъномаҳои таҳримӣ алайҳи Пхенянро пурра иҷро кунанд.

Dialog.tj

 

Хатти хабарҳо

29.10.2026 14:50

Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид

Имрӯз, 29-уми октябр дар толори бинои Парламенти Тоҷикистон таҳти раёсати раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ҷаласаи Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ бо шиори «Ваҳдат ба хотири сулҳ, амният ва шукуфоии Осиёи Марказӣ» баргузор гардид.
29.10.2026 13:29

Паёми нави мушакии Кореяи Шимолӣ ба Амрико ва шариконаш

Кореяи Шимолӣ беш аз 10 мушаки баллистикии кӯтоҳпарвозро ба самти Дарёи Шарқӣ (Баҳри Ҷопон) партоб кардааст. Артиши Кореяи Ҷанубӣ аз ин ҳодиса хабар дода, эълом кардааст, ки назорат ва омодагии худро барои муқобила бо партобҳои эҳтимолии баъдӣ тақвият медиҳад.
29.10.2026 10:27

Русия ва Амрико дар мавриди лағви бархе таҳримҳо музокира мекунанд

Маскав ва Вашингтон дар бораи лағви таҳримҳо алайҳи Сандуқи сармоягузории мустақими Русия музокира доранд. Ҳамзамон, музокироти сеҷонибаи Русия, Украина ва Амрико барои поён додан ба буҳрони Украина қарор аст пас аз 4-уми ноябр дар Абу Забӣ баргузор шавад.
29.10.2026 08:39

Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова

28-уми октябр дар шаҳри Душанбе раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова мулоқот намуд.
29.10.2026 08:23

Муовини Трамп ба Муҳсин Ризоӣ барои музокира нома навишт

Як мақоми амрикоӣ ба “Аксиос” гуфтааст, ки Ҷей Ди Вэнс, муовини раиси ҷумҳури Амрико, ба Муҳсин Ризоӣ, дабири Шурои амнияти миллии Эрон, нома фиристода ва дар он таъкид кардааст, ки ҳар гуна музокира ниёзманди гуфтугӯ дар бораи масъалаи ҳастаӣ аст.
28.10.2026 16:24

Трамп: “Мулоқоти Путин ва Зеленский ба зудӣ баргузор мешавад”

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури ИМА мегӯяд, ки дар талошҳо барои ҳалли ҷанги Русияву Украина пешрафти назаррас ба даст омадааст ва мулоқоти роҳбарони ду кишвар ба зудӣ баргузор хоҳад шуд.
28.10.2026 10:57

Мухолифони Нетаняҳу аз пирӯзӣ мегӯянд: оё тағйири раҳбарӣ сиёсати Исроилро дигар мекунад?

Натиҷаҳои пешакии интихобот мавқеи эътилофи Бенямин Нетаняҳуро заиф нишон медиҳанд, аммо мухолифони ӯ низ барои ташкили ҳукумати аксарият бо мушкил рӯ ба рӯ ҳастанд. Ихтилофҳои дохилии сиёсӣ, масъулияти нокомиҳои амниятӣ ва мавқеи ҳизбҳои араб метавонанд ояндаи ҳукумати Исроилро муайян кунанд.
28.10.2026 09:47

Маскав: содиркунандагони газ зидди таҳримҳои якҷониба садо баланд карданд

Нишасти ҳаштуми сарони Форуми кишварҳои содиркунандаи газ бо баёнияи муштарак ба анҷом расид. Дар маркази таваҷҷуҳи иштирокдорон на танҳо мухолифат ба таҳримҳои якҷониба, балки амнияти энергетикӣ, устувории нархи газ, ҷалби сармоягузорӣ ва ояндаи ҳамкориҳои байналмилалӣ қарор дошт.