Қирғизистон беш аз 326 километр марз бо Тоҷикистонро симхорбандӣ кард
Навзоде, ки аз таваллудхона гум шуда буд, ёфт шудааст
Беш аз як тонна маҳсулоти гӯштии ғайрисанитарӣ ошкор гардид
Дар Хатлон мақомот 17 мухлиси футболро ба ҷавобгарии маъмурӣ кашид
Дар 9 моҳ дар кишвар 104 муассисаи тиббӣ сохта шудааст
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми 9 моҳи соли 2026 аз ҳисоби ҳама сарчашмаҳо 104 муассиса, аз ҷумла 86 муассисаи КАТС, 12 муассисаи госпиталӣ ва 6 муассисаи хусусӣ сохта шудааст.
Маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон навиштааст, ки дар 9 моҳи соли равон 145 муассиса (98 муассисаи КАТС ва 47 муассисаи госпиталӣ) таъмир гардида, дар 101 муассиса (57 адад муассисаи КАТС, 34 адад муассисаи госпиталӣ ва 10 адад муассисаи хусусӣ) корҳои таъмирӣ идома доранд. Инчунин, ҳоло дар 71 муассиса (46 муассисаи КАТС, 17 муассисаи госпиталӣ ва 8 муассисаи хусусӣ) корҳои сохтмонӣ идома доранд.
Иттилоъ дода мешавад, ки дар 9 моҳи соли 2026 дар муассисаҳои тандурустӣ 22 ҳазору 766 табиб ва 65 ҳазору 588 корманди миёнаи тиббӣ фаъолият мекунанд. Тибқи маълумоти пешакӣ, банд будани воҳидҳои кории табибон 96,3 фоиз ва кормандони миёнаи тиббӣ 99,8 фоизро ташкил медиҳад.
Гуфта мешавад, ки дар ин давра 1394 табиб ва 3400 корманди миёнаи тиббӣ ба аттестатсия фаро гирифта шуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 722 ва 116 нафарӣ зиёд мебошад. Инчунин, дар муассисаҳои илмию таълимии вазорат 19 ҳазору 74 корманди соҳа ба таҳсилоти баъдидипломӣ фаро гирифта шуданд, ки нисбати соли гузашта 3 ҳазору 137 нафар зиёд аст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Қарзу афзоиши нархи зиндагӣ мардуми хашмгини Фаронсаро ба майдонҳо овард
Лавров: “Гурӯҳҳои террористӣ мехоҳанд дар либоси паноҳанда ва сайёҳ ба Осиёи Марказӣ ворид шаванд”
Чин мехоҳад дар Тоҷикистон сармоягузориро зиёд ва воридоти мол ба Чинро афзоиш диҳад
Раиси вилояти Синди Покистон хостори афзоиши содирот ба Тоҷикистон аст