Беш аз 23 фоиз зиёд. Буҷети Тоҷикистон барои соли 2027-ум 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ мегардад
Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова
Тоҷикистону Қатар масъалаи таъсиси корхонаҳои муштаракро баррасӣ карданд
Пешвои миллат Маркази аутизми шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Имрӯз, 30-юми октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт бинои нави муассисаи давлатии Маркази аутизм дар шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд.
Тавре ки хадамоти матбуоти Президенти кишвар навиштааст, Маркази аутизми шаҳри Душанбе бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо мақсади фароҳам овардани шароити муосир барои ташхис, табобат, тавонбахшӣ ва таълими кӯдакони дорои нуқсони спектри аутизм бунёд гардидааст.
“Муассиса барои дастгирии ҳамаҷонибаи кӯдакони дорои вайроншавии спектри аутистикӣ, синдром Дауна, фалаҷи кӯдаконаи майнаи сар, ақибмонии инкишофи нутқу равонӣ, нишонаҳои норасоии диққат ва гипперактивӣ, ҳамчунин оилаҳои онҳо, фароҳам овардани имкониятҳои нави хизматрасонии махсус ва мусоидат ба рушди қобилиятҳои инфиродии кӯдакон пешбинӣ шудааст”, - навиштааст манбаъ.
Иттилоъ дода мешавад, ки иншооти нав аз се бинои панҷ, шаш ва ҳафтошёна иборат буда, бахшҳои тавонбахшӣ, таълимӣ ва меҳмонхонаро дар бар мегирад. Марказ имкони дар як вақт қабул намудани то 400 табобатгирандаро дорад. Бо мавриди истифода қарор гирифтани муассиса 200 мутахассиси ин соҳа бо кор таъмин мегарданд.
Зикр мегардад, ки муассиса дорои 10 синфхонаи таълимӣ, 102 ҳуҷраи корӣ ва маъмурӣ, 40 ҳуҷраи техникӣ ва ёрирасон мебошад. Ҳамчунин, дар он ду толори маҷлисӣ бо 90 ва 60 ҷойи нишаст, меҳмонхона бо 18 ҳуҷра барои қабули волидони кӯдакони табобатгиранда, ошхона барои 50 нафар ва ду ҳавзи шиноварӣ ҷойгир шудааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Беш аз 100 миллиард евро зарар ба Аврупо: Олмон аз талош барои поён додани муноқишаи Эрон ва Амрико хабар дод
Кремл: Путин барои гуфтугӯ бо ҳамаи раҳбарони ҷаҳон омода аст
Пешвои миллат Маркази аутизми шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Беш аз 23 фоиз зиёд. Буҷети Тоҷикистон барои соли 2027-ум 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ мегардад