Тарғиби фарҳанги китобхонӣ. XIV Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Душанбе» баргузор мегардад.
Мақомот зани гумонбар ба дуздидани навзод аз таваллудхонаро дастгир кард
Бошгоҳи "Истиқлол"-и Душанбе дастаи "Ал-Арабӣ"-и Қувайтро шикаст дод
Зиёда аз 4 миллион сомонӣ. Директори ҶДММ «Рахмон 2016» бо гумони қаллобӣ дастгир шуд
Ҷабҳаи озодӣ: Мо се Толибро дар вилояти Парвони Афғонистон куштем
Ҷабҳаи озодии Афғонистон хабар дод, ки шоми сешанбе ба як посгоҳи Толибон дар вилояти Парвони Афғонистон ҳамла кардаанд. Дар натиҷаи ин ҳамла се узви гурӯҳи террористии Толибон кушта ва ду нафари дигар захмӣ шудаанд.
Тибқи иттилои расонаҳои афғонистонӣ, Ҷабҳаи озодӣ бо нашри як изҳорот навиштааст, ки ҳамла дар минтақаи Пули Матак дар ноҳияи Ҷабалуссироҷ дар масири шоҳроҳи Кобул - Шимоли Афғонистон сурат гирифааст.
Худи гурӯҳи террористии Толибон то ҳол дар ин бора изҳорот надодаанд.
Ҷабҳаи озодии Афғонистон дар саҳифаи худ дар шабакаи иҷтимоии “Х” як навор нашр кардааст, ки дар он лаҳзаи таркиш дар канори роҳ дида мешавад. Аз рӯи навори нашршуда шумораи дақиқи кушта ва захмиёнро муайян намудан имкон надорад.
Ҷабҳаи озодии Афғонистон, ки як гурӯҳи мусаллаҳи мухолифи ҳукумати террористии Толибон аст, гуфтааст, муборизаро то пирӯзӣ бар зидди ин гурӯҳ идома медиҳад. Ҷабҳаи озодии Афғонистон ҳамеша дар бораи ҳамлаҳои мусаллаҳонаи худ бар зидди Толибон бо нашри видео ва изҳорот хабар медиҳад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
26 сухани афкорсози устод Иброҳим Исмонов дар бораи зиндагӣ, сулҳ, журналистика ва сиёсат
Путин мегӯяд Русия барои ҳалли низоъ омода аст ба Эрон кумак кунад
Ҷабҳаи озодӣ: Мо се Толибро дар вилояти Парвони Афғонистон куштем
Тарғиби фарҳанги китобхонӣ. XIV Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Душанбе» баргузор мегардад.