Нурулло Алиев: “Ҳама чиз бо хости Худованд мешавад”
Ду гол аз Мбаппе. “Реал Мадрид” “Барселона”-ро дар майдони худ шикаст дод
Заминҷунбӣ дар Афғонистон, Тоҷикистон, Покистон ва Узбекистон ба қайд гирифта шуд
Аз 6-моҳа то 5-сола. Дар кишвар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ баргузор мегардад
Ҳарри Кейн барандаи ҷоизаи “Тӯби тиллоӣ” дар соли 2026 шуд
Шоми гузашта дар шаҳри Лондон маросими ҷоизасупории “Тӯби тиллоӣ” баргузор гардид ва дар он ҳамлагари мунтахаби Англия ва бошгоҳи “Бавария” Ҳарри Кейн ҷоизаи “Тӯби тиллоӣ”-ро ба даст овард.
Пас аз ба даст овардани ҷоизаи “Тӯби тиллоӣ” Ҳарри Кейн ба маҷаллаи “France Football” ва касоне, ки ба ӯ овоз доданд, изҳори сипос кард.
Ҳамин тавр, аз рӯйи фарзияи “France Football” ва натиҷаи овозҳо ба топ-10 футболбози беҳтарини соли гузашта, Килиан Мбаппе, Ламин Ямал, Родри, Лионел Месси, Хвича Кваратсхелия, Усман Дембеле, Эрлинг Холанд, Майкл Олисе ва Фабиан Руис шомил гардиданд.
Ҳамчунин, дар маросими ҷоизасупорӣ ҳамлагари мунтахаби Испания ва бошгоҳи “Барселона” Ламин Ямал ҷоизаи беҳтарин футболбози ҷавонро ба даст овард. Бояд гуфт, ки номбурда се сол пайи ҳам ин ҷоизаро ба даст меорад.
Ҳамин тавр, беҳтарин дарвозабон Унаи Симон, беҳтарин сармурраббӣ Луис де ла Фуэнте ва беҳтарин бошгоҳи сол дастаи “ПСЖ” эътироф шуданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Ҳарри Кейн барандаи ҷоизаи “Тӯби тиллоӣ” дар соли 2026 шуд
Швейтсария равобити худро бо Кореяи Шимолӣ эҳё мекунад
Трамп: “Эрон мушаке дорад, ки метавонад ба Аврупо бирасад”
Русия ва Беларус аз омодагӣ ба муқобила бо ҳар гуна таҳдид хабар доданд