29 Октябр 2026,
панҷшанбе, 12:15, Душанбе
29.10.2026 10:32

«Донишнома»-и Абуалӣ ибни Сино ба се забон нашр шуд

Бо ташаббуси Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии тоҷик китоби «Донишнома»-и Абуалӣ ибни Сино нашр шуд.

Тавре ки манбаъ навиштааст, китоби мазкур дар ҳаҷми 604 саҳифа ва ба 3 забон форсӣ/тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ рӯйи чоп омад.

Афзуда мешавад, ки «Донишнома», ки бо номҳои «Донишномаи Алоӣ», «Китоби Алоӣ» ва «Ҳикмати Алоӣ» низ маъруф аст, аз нахустин осори  мукаммали илмӣ-фалсафӣ ба забони форсӣ-тоҷикӣ ба шумор меравад. Ибни Сино ин асарро ба номи Алоуддавлаи Дайламӣ – ҳокими Исфаҳон таълиф карда ва дар он ба баррасии масъалаҳои бунёдини фалсафа, мантиқ, илоҳиёт ва табииёт пардохтааст.

"Аҳаммияти вижаи ин китоб дар он аст, ки Ибни Сино бар хилофи бисёре аз асарҳои илмии худ, ки ба забони арабӣ навиштааст, «Донишнома»-ро ба забони модарии худ – форсӣ-тоҷикӣ таълиф карда ва аз ин тариқ тавоноии забони форсиро дар баёни мафҳумҳои дақиқ ва печидаи илмӣ, нишон додааст", - зикр мегардад дар иттилоия.

Иттилоъ дода мешавад, ки дар таҳияи асари мазкур аз матнҳои пешини «Донишнома» ба хатти кириллӣ, тарҷумаҳои русии он ва дигар сарчашмаҳои илмӣ истифода шудааст.

Dialog.tj

 

Хатти хабарҳо

29.10.2026 10:27

Русия ва Амрико дар мавриди лағви бархе таҳримҳо музокира мекунанд

Маскав ва Вашингтон дар бораи лағви таҳримҳо алайҳи Сандуқи сармоягузории мустақими Русия музокира доранд. Ҳамзамон, музокироти сеҷонибаи Русия, Украина ва Амрико барои поён додан ба буҳрони Украина қарор аст пас аз 4-уми ноябр дар Абу Забӣ баргузор шавад.
29.10.2026 08:39

Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова

28-уми октябр дар шаҳри Душанбе раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова мулоқот намуд.
29.10.2026 08:23

Муовини Трамп ба Муҳсин Ризоӣ барои музокира нома навишт

Як мақоми амрикоӣ ба “Аксиос” гуфтааст, ки Ҷей Ди Вэнс, муовини раиси ҷумҳури Амрико, ба Муҳсин Ризоӣ, дабири Шурои амнияти миллии Эрон, нома фиристода ва дар он таъкид кардааст, ки ҳар гуна музокира ниёзманди гуфтугӯ дар бораи масъалаи ҳастаӣ аст.
28.10.2026 16:24

Трамп: “Мулоқоти Путин ва Зеленский ба зудӣ баргузор мешавад”

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури ИМА мегӯяд, ки дар талошҳо барои ҳалли ҷанги Русияву Украина пешрафти назаррас ба даст омадааст ва мулоқоти роҳбарони ду кишвар ба зудӣ баргузор хоҳад шуд.
28.10.2026 14:47

Баррасии рушди минбаъдаи низоми таҳсилоти олии касбӣ бо намояндаи ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон

Дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии муовини вазири маориф ва илм, Илҳомуддин Иброҳимзода, намояндагони раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломии вазорат, Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди Вазорати маориф ва илм бо намояндаи ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон Эраҷ Содатсайров ва мушовири миллӣ Бибиҷон Умарова баргузор гашт.
28.10.2026 10:57

Мухолифони Нетаняҳу аз пирӯзӣ мегӯянд: оё тағйири раҳбарӣ сиёсати Исроилро дигар мекунад?

Натиҷаҳои пешакии интихобот мавқеи эътилофи Бенямин Нетаняҳуро заиф нишон медиҳанд, аммо мухолифони ӯ низ барои ташкили ҳукумати аксарият бо мушкил рӯ ба рӯ ҳастанд. Ихтилофҳои дохилии сиёсӣ, масъулияти нокомиҳои амниятӣ ва мавқеи ҳизбҳои араб метавонанд ояндаи ҳукумати Исроилро муайян кунанд.